Ҳаким Раббимпур, аз муассисони “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” (АОТ) ва фаъоли сиёсӣ ва фарҳангии тоҷики Ӯзбекистон, дар гуфтугӯ бо сойти АОТ, бо таъкид бар ин ки “бояд ҳар ду забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, дар ин ду ҷумҳурӣ мақоми расмӣ биёбад” тасреҳ кард: “Ду кишвари Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар оянда, бо ҳифзи ҷуғрофиё, аз ҷиҳати фарҳангӣ, иқтисодӣ ва низомӣ бояд як федератсия ташкил кунанд, ки як федератсияи қудратманде дар минтақа хоҳад шуд.”
Машрӯҳи мусоҳибаи сайти Анҷумани Озодандешони Тоҷик бо Ҳаким Раббимпурро дар зайл мехонед:
— Ба унвони як тоҷики ӯзбекистонӣ, арзёбии шумо аз сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Тоҷикистон чист?
— Албатта ба унвони як тоҷик ва касе, ки ба ҳувияту забону тамаддуну миҳанаш ифтихор мекунад ва солҳои тӯлонӣ ҳуқуқаш поймол шудааст, аз сафари Раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, хеле хушҳолам, ки баъди 25 соли ноиттифоқӣ, президент Шавкат Мирзиёев тасмим гирифт, ки бо Тоҷикистон робитаҳоро аз нав барқарор ва дӯстиву бародариро эҳё кунад.
Дар аввал, бисёр шахсон чи дар Ӯзбекистон ва чи дар Тоҷикистон гумон доштанд, ин шахс ҳамон сиёсатеро пеш хоҳад гирифт, ки дар даврони пешин вуҷуд дошт, вале бар хилофи ин гумонҳо, ин шахс сидқан дар ҳоли қадам бардоштан барои раҳоӣ аз як системаи мардумозор ва яккаҳукмрон аст ва ба роҳи мардумсолорӣ ва ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми ҷафодидаи Ӯзбекистон рӯй меоварад ва ҳамчунин барои ҳалли мушкилоти тоҷикони кишварамон ҳам корҳое карда истодааст, ки давоми 25 сол тасаввураш ҳеч мумкин набуд.
Чӣ тавре, ки медонем, баъд аз интихоб шудани ӯ ва сафари деринтизори ахири расмиаш, муносибатҳо беҳтар шуда истодаанд, ҳам дар масоили иқтисодӣ, ҳам иҷтимоӣ ва ҳам фарҳангӣ. Ин сафар барои Тоҷикистон хеле судманд мебошад. Зеро, аввалан, раводид (виза) барои 1 моҳ бекор шуд. Дуюм, мақомоти ду тараф барои ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба тафоҳум расиданд. Сеюм, такмили сохти нерӯгоҳи Роғун, ки аз мавридҳои ноиттифоқии ду давлат буд, роҳи ҳалли худро ёфт ва акнун сармоягузорон метавонанд бе мамониат аз ҷониби Ӯзбекистон, барои ин иншооти хеле муҳим барои тамоми Осиёи Марказӣ, сармоягузорӣ кунанд. Чаҳорум, постгоҳҳои марзӣ, роҳи оҳан, роҳи худравҳо ва алалхусус роҳи мардум кушода шуд, ки ин қадар солҳо шаҳрвандони ҳар ду тараф азият мекашидаанд. Ва панҷум, равобити фарҳангӣ барқарор хоҳад шуд, ва ин барои ҳар ду миллат ва хусусан тоҷикони Ӯзбекистон, бисёр судманд аст.
Ҳоло, пас аз ин ҳама шодмонӣ, Тоҷикистон агар сиёсати дуруст ва мардуммеҳварро пеша кунад, хеле аз мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Бубинед, муддати ин 25 сол, Тоҷикистон бо маблағҳои хеле зиёд роҳ сохт, вале бо ин ҳама, ба хотири кӯҳу ағбаҳои хатарнок, чӣ қадар мардум ҷони худро аз даст доданд ва медиҳанд, хусусан дар фасли зимистон. Аммо аз ин баъд, метавонанд аз роҳҳои ҳамвору бехатари Ӯзбекистон барои рафту омад истифода кунанд.
Хулоса, ин сафарро барои мардуми ҳар ду миллат, тоҷику ӯзбек ба фоли нек мегирам. Пас аз 25 соли дурӣ, ҳар ду миллат, ба хусус тоҷикони Ӯзбекистон, аз назари фарҳанг, забон, маориф ва худшиносӣ сатҳашон пойин омад, ва инак бо ҳамкорӣ ва дастгирии Тоҷикистон, ин мушкилот роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт. 25 сол муддати каме нест. Дар ин муддат як тифл 25-сола шуда ва дар ҳамон муҳит бузург шуда ва бозгардондани ӯ ба аслаш ва решааш кори осоне нест. Умедворам, ҳукуматҳои ҳар ду тараф, ташкилотҳои илмиву фарҳангӣ, зиёиён ва созмонҳои мардумӣ, дар беҳбуд кардани ин вазъ, саҳми худро бигузоранд.
Ҳуҷҷатҳо имзо шудаанд, сулҳу созиш эҷод шуд, инак умедворам ин ҳуҷҷатҳои имзошуда рӯи коғаз намонанд, барои ин, ҳукуматдорон бояд ба сурати ҷиддӣ мавридҳои имзошударо пайгирӣ кунанд ва ҷомаи амал пӯшад, албатта бо ҳамкории мардумони ҳар ду кишвар. Аз ин баъд, ки сулҳу дӯстӣ байни ду давлат баста шуд, бояд абадӣ бошад ва мақомот қадаму рафторашонро ба ин сулҳ мутобиқ созанд, ки хеле барои мардуми ҳар ду кишвар фоидаовар мешавад. Нашавад, ки як шахсу ҳукумате сабабгори сарсону дарбадарӣ ва ранҷурии мардумонашон гарданд, ки мо зулму ситамашро чашидем. Ба ҳар ҳол, умед дорем, ки ниёзҳои ҳар ду давлат ва мардумони он ҷомаи амал пӯшад.
— Баъзе аз коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки Ӯзбекистон забони тоҷикиро ба унвони забони дуввум расмӣ кунад ва Тоҷикистон низ мутақобилан забони ӯзбекиро забони дуввуми Тоҷикистон бидонад. Назари шумо дар ин бора чист?
— Бубинед, то он замоне, ки Русияи подшоҳӣ ва ҳукумати болшевикон набуд, забон ва фарҳанги порсӣ ва туркӣ дар Аморати Бухоро ва хонигариҳои Хеваву Қӯқанд дар канори ҳам буданд ва монеае байни онҳо вуҷуд надошт. Мардум ба ҳар ҳол ба хости дилаш зиндагӣ, эҷод ва ҳарф мезад, вале омаданд марзбандӣ карданд, моро аз ҳам ҷудо карданд, марказҳои илмиву фарҳангии як миллатро ба ҳисоби дигарон қарор доданд. Қудрат ва зимоми умур ва ҳарфи аввал, дар ихтиёри касоне афтод, ки номи кишварашон аз номи онҳо реша мегирад. Мо дар сарзамини худ беватан гаштем, мардуми дуюмдараҷа гардидем. Аз он солҳое, ки бозсозии Шӯравӣ, замони Горбачёв, оғоз шуд, фаъолон, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ва ба хусус Самарқанд, борҳо ба сарони Шӯравӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башар номаҳое равон кардем, ки ба забони порсӣ-тоҷикӣ дар ҷоҳое, ки тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд, мақоми расмӣ дода шавад. (Ногуфта намонад, аз соли 1990 то 1992 ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд мақоми расмӣ доданд.) Вале ҳайҳот, ҳама ҳарфи моро шунидаанд, вале ҷавобе надоданд. Охир, мо зодагони ин марзу бум мебошем, аз ҷои дигар кӯч набастем ба ин ҷо. Бояд аз рӯи мантиқ ва инсонигарӣ, хостаҳо ва ниёзҳои моро ба инобат бигиранд.
Ҳоло, аз тарафи баъзе рӯшанфикрони тоҷику ӯзбек, дар анҷуманҳо ва сайтҳо, ин пешниҳод матраҳ мешавад, ки бояд ҳар ду забон, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, дар ин ду ҷумҳурӣ мақоми расмӣ биёбад, ки воқеан аз рӯи адолат аст ва дуруст аст, мо ҳам тарафдор ва ташвиқкунандаи ин тарҳ ҳастем.
Бубинед, то ин ҷо, Ӯзбекистон бисёр гузаштҳое кард, Тоҷикистон ҳам бояд ҳамчун ҳусни таваҷҷӯҳ, пештоз шуда ба забони ӯзбекӣ мақоми расмӣ диҳад, ҳукумати мо низ бояд ин корро пайгирӣ кунад. Бовар кунед, аз ин, тоҷикони Ӯзбекистон бурд мекунанд.
Ба назари мо, ду кишвари Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар оянда, бо ҳифзи ҷуғрофиё, аз ҷиҳати фарҳангӣ, иқтисодӣ ва низомӣ бояд як федератсия ташкил кунанд, ки як федератсияи қудратманде дар минтақа хоҳад шуд. Ин як пешниҳод аст, аввал мардум барои он бояд омода шавад.
— Ҳамон тавре ки медонед, баъд аз раисиҷумҳур шудани Мирзиёев дар Ӯзбекистон, иқдомҳои бисёр муассире дар робита бо вазъи тоҷикони сокин дар ин кишвар сурат гирифт, аз ҷумла пайкараи Рӯдакӣ дар Самарқанд ба ҷояш баргардонда шуд ва ҳамчунин музейи Садридин Айнӣ таъмир гардид ва ғайра. Оё ин иқдомҳо кофист, ва ё ҳанӯз тоҷикҳо интизор доранд иқдомҳои дигаре сурат гирад?
— Бале, баъд аз интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба унвони раисиҷумҳури Ӯзбекистон, вазъият дигар шуд. Соли гузашта як дафъа ҳукумати Ӯзбекистон фаъолон ва аҳли зиёи тоҷикро дар қасри маркази байналмилалии фарҳангии Ӯзбекистон даъват карда, бо онҳо сӯҳбат орост ва пурсид, ки чӣ ниёзе доред ва ба дархостҳояшон гӯш андохт ва пешниҳодҳоро қабул кард. Имсол низ дар қасри фарҳанг бо ширкати фаъолон ва аҳли ҳунари тоҷик, шаби шеъру суруд баргузор ва ҳарфҳои хубе гуфта шуд, ки мардум дербоз интизораш будаанд. Бо қарори президент, пайкара ва майдони Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ аз нав барқарор шуд. Ҳукумат барои таъмири хона-музей ва нимпайкараи Устод Садриддин Айнӣ маблағе ҷудо кард, ки тӯҳфае буд дар арафаи 140-умин солгарди падари мо, тоҷикҳо. Дар нашриёт китобҳои муаллифони тоҷик бознашр шуданд ва дигар корҳо. Вале дархости мо барои барқарории пайкараи Рӯдакии Самарқандӣ ҳоло роҳи ҳалли худро наёфтааст, балки ба ҷои он, дар ҳамон соли кандани пайкара, як нимпайкараи гаҷиро дар дигар макон гузоштанд, умед ва талаб дорем ин кор ҳам ба инобат гирифта шавад.
Аммо бо ин ҳама, ҳанӯз мушкилоте ҳаст, ки бояд ҳаллу фасл шаванд. Кӯдакистонҳо, мактабҳо ва донишкадаҳои тоҷикӣ баста шуданд, китобҳое, ки аз Тоҷикистон оварда шуда буд, мусодира шуданд, китобҳои нав ҷавобгӯи талаботи замона нест. Умедворем, ин мушкилот ҳам бартараф шаванд. Бояд ҳукумати Ӯзбекистон барои ҷомаи амал пӯшидани ин умур, маблағ ҷудо кунад ва таваҷҷӯҳ намояд. Албатта, аввал аз тариқи парлумон ва имзои Раисиҷумҳур, қонунӣ шаванд.
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Гуфтугӯ