Ҳуқуқи башар

Интиқоди Амрико аз Тоҷикистон барои нақзи озодиҳои мазҳабӣ

Гузориши Радиои Озодӣ: Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико (USCIRF) ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи динии мардум танқид кардааст. Ин созмон гуфтааст, ки таназзули озодиҳои мазҳабӣ соли гузашта низ дар Тоҷикистон идома дошт.

  • Гузориши Кумисюни озодиҳои мазҳабӣ дар бораи вазъи озодии дин дар соли 2017 дар ҷаҳон охири ин ҳафта нашр шуд.

Амрико Тоҷикистонро бинобар маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ соли 2012 дар феҳристи кишварҳои «мояи нигаронии махсус» ворид кард. Тоҷикистон имсол ҳам дар ин феҳраст аст ва ҳукумати Амрико метавонад, бо назардошти чунин вазъ ба зидди Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ кунад. Вале Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико гуфтааст, «бо назардошти аҳамияти стратегии Тоҷикистон барои манофеи миллии Амрико имсол ҳам нисбат ба Тоҷикистон ҳеҷ чора намеандешад».

Дар ин гузориш омадааст, Тоҷикистон ҳамчунон яке аз шарикони Амрико аст, ки дар роҳи мубориза бо терроризми хушунатбор ва терроризми байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад. Аммо муаллифони гузориш айни замон ҳукуматро танқид кардаанд, ки талошҳо барои маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабиро идома дод ва то ба ҳадде, ки барои маросими суру азодорӣ ва либоси занон «меъёр» гузошт.

  • Даниел Марк, раиси дафтари Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико, ҳангоми муаррифии гузориш дар охири ин ҳафта гуфтааст, «мутаассифона, соли 2017 шароити озодии динӣ дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла ба далели афзоиши авторитаризм ваё зери пардаи мубориза бо терроризм бад шуд.»

Кумисюни озодиҳои мазҳабӣ гуфтааст, соли гузашта таъқиби ақаллиятҳои мазҳабӣ низ дар Тоҷикистон идома кард ва ба камияш бист нафар бо ҷурми «салафӣ» аз панҷ то панҷуним сол зиндонӣ шуд. Ҳамчунин, додгоҳҳои Тоҷикистон як роҳиби насрониро се сол ва як пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро ним сол аз озодӣ маҳрум кард.

Гузориш мегӯяд, фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 2015 боз дар кишвар мамнуъст ва 150 узви он боздошту зиндонӣ шудаанд. Дар ин гузориш, инчунин, гуфта шудааст, ки беш аз ҳазор нафар кишварро тарк кардаанд ва ҳукумат барои истирдоди онҳо аз «огоҳии сурх»-и Интерпол ё пулиси байналмилалӣ истифода мекунад.

Ин созмони амрикоӣ аз он интиқод кардааст, ки Тоҷикистон дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ ҳамчунон маҳдудиятҳо эҷод мекунад. Тибқи қонуни дини Тоҷикистон барои ибодат танҳо чаҳор ҷой — масҷид, манзили зист, қабристон ва зиёратгоҳ пешбинӣ шуда, афроди то чиҳилсола ҳаққи сафари Ҳаҷро надоранд. Ин созмон ҳамчунин аз онки соли гузашта иди Рамазон ба рӯзи душанбе рост омад, аммо ба ҷои истироҳат мардум ба кор даъват шуданд, танқид намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ба ин монанд интиқоди созмонҳои байналмилалиро «беасос» хондаанд. Аз ҷумла, Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, моҳи январи имсол дар вокуниш ба гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта буд, ки «он бар пояи ахбори расонаҳо таҳия шуда, аз воқеият дур аст.»

Бо ин ҳол, Кумисюни озодиҳои мазҳабӣ ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, бар зидди афрод ва ниҳодҳое, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон ва бахусус поймол кардани ҳуқуқи динии мардум дар Тоҷикистон даст доранд, таҳрим ҷорӣ кунад ва онҳоро аз ҳаққи сафар ба Амрико ваё аз дастрасӣ ба дороиву моликияташон маҳрум намояд. Аз ҳукумати Амрико хоста шудааст, то аз ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, ки ислоҳот анҷом дода ва маҳдудиятҳои ҳуқуқи диндоронро бардорад.

Радиои Озодӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s