Ахбори Анҷуман

«Сулҳи» тоҷикон аз забони Алим Шерзамонов

Ба гузориши хабаргузории Тасним, фазои сиёсии Тоҷикистон имрӯз ва таҳаввулоти рӯйдода дар ин кишвар тайи солҳои 2010 то кунун, нигарониҳои зиёде барои таҳлилгарон ба вуҷуд овардааст. Бисёре аз таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки бо ҳазфи тамоми гурӯҳҳои мухолифин тавассути давлат, фазои сиёсии ин кишвар метавонад ба таниш кашида шуда ва аз он ҷое, ки равишҳои қонунманде барои эътироз вуҷуд надорад, ин танишҳо мумкин аст родиколиза шуда ва мӯҷиби бесуботии ин кишвар шаванд.

Аз ин рӯ, яке аз масоиле, ки ин рӯзҳо беш аз пеш дар маҳофили сиёсии марбут ба Тоҷикистон матраҳ мешавад, мавзӯи созишномаи сулҳ аст. Дар ҳамин росто ва бо наздик шудан ба солрӯзи имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон, бо оқои Алим Шерзамонов, аз чеҳраҳои собиқи Ҳизби состсиал-демократи Тоҷикистон ва масъули ин ҳизб дар минтақаи Бадахшон, ки дар ҳоли ҳозир дар Анҷумани Озодандешони Тоҷик машғул ба фаъолият аст, мусоҳибае сурат додаем.

Тасним: Лутфан аз сулҳи Тоҷикистон бигӯед. Ин сулҳ ба ҷиҳати таваққуфи ҷанг як дастоварди бузург барои тоҷикҳо ба ҳисоб меояд, аммо акнун ба иллати адами пойдорӣ, мавриди интиқодоти зиёде аст. Таҳлили шумо аз шароити пешомада чист?

Шерзамонов: Оқибати ҳар навъ даргирӣ, хоҳ нохоҳ музокира аст ва оқибати музокира низ сулҳ аст. Даргирии Тоҷикистон ҳам аз ин қоида мустасно нест ва пас аз итмоми даргириҳо дар ҳоли расидан ба як сулҳи умумӣ будем. Раванди ин музокирот дар ибтидо дар Кобул, Теҳрон, Бишкек ва Маскав хеле хуб мегузашт, ҳама хеле пайгирона ва бо тамоюл ба сулҳ наздик мешуданд ва ин музокирот метавонист ба нафъи миллати тоҷик ба итмом бирасад. Банда бар ин ақидаам, ки дар ин давра яке аз чеҳраҳои бисёр сиёсатмадор ва нерӯманд Ҳоҷӣ Акбар Тӯрҷонзода буданд, ки ҳайати опозитсияро бар дӯш доштанд ва корҳоро хеле хуб ба пеш мебурданд.

То музокирот дар Хӯсдеҳ (Афғонистон), танҳо як мушкил миёни ду тарафи музокиракунанда вуҷуд дошт, ки тарафи опозитсия пофишорӣ бар он дошт, ва он ин ки ибтидо масоили сиёсӣ ҳал шаванд ва ё ҳаддиақал раванди ҳалли онҳо оғоз шавад, сипас, чеҳраҳои опозитсия бозгашти шарофатмандонае ба Тоҷикистон дошта бошанд ва дар ниҳоят ба тадриҷ сохторҳои қудрат (нерӯҳои низомӣ) музокира шаванд.

Аммо назари ҳукумат бар он буд, ки ибтидо халъи силоҳ сурат бигирад ва масоили низомӣ ва бозгашти муҳоҷирин ҳал шавад ва дар интиҳо масоили сиёсӣ мавриди гуфтугӯ қарор бигирад. Банда аз ҳамон ибтидо ва пеш аз баргузории музокирот дар Хӯсдеҳ, бар ин ақида будам, ки марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зиракии Раҳмоновро надорад ва албатта ин ки шакке надоштам, ки ҳукумат дар пайи фиреб аст.

Аз ин рӯ аз ибтидо медонист, ки ин бохти опозитсия буд ва дар Хӯсдеҳ опозитсияи тоҷик шартномаи сулҳро имзо накард, балки амалан тавофуқи таслимро имзо кард. Дар ин ҷо буд, ки ҳамаи дастовардҳое, ки дар музокироти пешин ҳам ба даст омада буданд, ҳама аз даст рафтанд. Баъдҳо ҳатто дар Маскав замоне, ки тарафи Русия фаҳмид, ки имзои шартнома бо исрори марҳум Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд сурат гирифтааст, ҳатто Кремл дарк кард, ки он чи ба имзо расида воқеан созишномаи сулҳ нест ва мутмаиннам дар ҳамон замон Маскав бандҳоеро худаш афзуд, вагарна, опозитсия мумкин буд даст аз ҳама чиз бикашад. Магар мешавад як тараф силоҳро бар замин гузошта ва бидуни ҳеч кафолати сиёсӣ вориди хоки кишвар шавад? Маълум буд, ки вақте ибтидо халъи силоҳ шаванд, баъд аз он то охир ҳама нафарҳоро аз миён бармедоранд.

Тасним: Баъд аз бозгашт дигар имкони ислоҳи ин заъфҳое, ки шумо мегӯед вуҷуд надошт?

Шерзамонов: Бале, фурсатҳое буд, аммо боз ҳам аз миён рафт. Ба хусус ҳангоме, ки бо пофишории тарафи ҳукумат, опозитсия розӣ шуд то қонуни асосӣ ислоҳ шавад ва оқои Раҳмон барои як мӯҳлати 7-солаи дигар раисиҷумҳур бимонад. Дар ҳоле, ки бояд пас аз итмоми ҳамон давра, аз қудрат канора мегирифт. Кафолати сиёсии шартномаи сулҳ танҳо ҳамин як банд буд, ки боз ҳам опозитсия онро аз даст доданд. Мутаассифона дар ҳамин замон ҳам шоҳиди он будем, ки ҷиноҳи дунявии опозитсия (гурӯҳҳои секулор) пароканда шуданд ва ҳеч эътирозе ҳам аз сӯи наҳзати исломӣ нашуд. Агар эътирозоте мешуд, шояд тарафи ҳукумат ҳанӯз он қадар мутмаин набуд ба тасбити қудраташ ва дар сурати эътироз, метавонистанд таъсиргузор бошанд.

Тасним: Опозитсия худ эътироз накарданд ё тавоноии эътироз надоштанд?

Шерзамонов: Дар он ҷо баҳси тавоноӣ ҳам дар кор набуд. Дигар шартномаи сулҳ зери по гузошта шуда ва танҳо роҳи боқимонда ҳамин буд. Чун маълум буд вақти зиёде намондааст ва размандагони собиқ ва чеҳраҳои сиёсии опозитсия ё ба сурати физикӣ ҳазф мешаванд, ё ба зиндон меафтанд.

Мушкили дигар ҳам он ҷо буд, ки баъд аз имзои созишномаи сулҳ, ду тарафи он сирфан ба Ҳизби наҳзати исломӣ ва оқои Раҳмон мунҳасир шуд. Дар ҳоле, ки дар опозитсия аҳзоби дунявӣ (секулор ва миллигаро) ҳам то соли 1997 қудратманд буданд. Агарчи нерӯҳои низомии онҳо ба наҳзат намерасид, аммо ба лиҳози фикрӣ ва сиёсӣ ҳузури қобили таваҷҷӯҳе доштанд. Аз ин рӯ, оҳиста-оҳиста тамоми дастовардҳои сулҳ рафт ба самти ду тарафи наҳзат ва ҳизби ҳоким.

Албатта бояд изофа кунам, ман бар он нестам, ки тарафи ҳукумат Ҳизби Халқӣ-Демократӣ (ҲХДТ) буд, балки мӯътақидам размандагони собиқи Фронти халқӣ бар сари қудрат омаданд ва давлатро дар даст гирифтанд. Дар натиҷа, вақте ҳамаи гурӯҳҳои дунявӣ пароканда шуданд, танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ монда буд, ки бояд эътироз мекард, ки мутаассифона накард.

Тасним: Дар фарояндҳои сиёсӣ ҳамчун интихобот, фазо барои эътироз ва эъмоли тағйирот вуҷуд надошт? Ба ҳар ҳол гурӯҳҳои мухолифи давлат дар он замон ҳамчунон намояндагоне дар порлумон доштанд.

Шерзамонов: Хайр. Баъд аз соли 2006 боз дигар ҳам мутаассифона шоҳид будем тағйироте дар қонуни асосӣ эъмол шуд ва тақаллубҳои густардае ҳам, ки дар интихоботҳо сурат мегирифт, вазъият бадтар шуд. Дар ин давра ҳам ҳеч эътирозе нашуд ва ба он ризоят доданд, ки ҳамон ду курсиро дар порлумон дошта бошанд. Ҳатто баъд аз соли 2010 ҳам боз на Ҳизби наҳзат ва на ҳатто Ҳизби коммунист, ҳеч кадом эътирозе накарданд. Танҳо ҳизбе, ки эътироз кард Ҳизби сотсиал-демократ буд. Боз ҳам ба ҳамон ду курсии порлумонӣ ризоят дода шуд. Агар дар он сол ҳам ҳатто эътирозе мешуд, боз ба ин ҷо намерасидем.

Тасним: Фикр мекунед иллати аслии ин эътироз накарданҳо чӣ буда?

Шерзамонов: Хуб, ман ба навъе вазъияти риёсати Ҳизби наҳзати исломиро дар он солҳо то ҳудуде медонам. Онҳо бисёр аз иттиҳомоти терроризм ва ифротгароӣ ба далели исломӣ будани номашон ҳарос доштанд. Ҳар гуна эътирози онҳоро қабул намекарданд ва чунин иттиҳомоте мезаданд ва боз ҳамон иттифоқоти даҳаи 1990 мумкин буд такрор шавад.

Бахше аз ин мавзӯъ ба хотири ин масъала буд. Вале ба ҳар ҳол дар интиҳо дидем аз он чизе, ки тарсиданд, ҳамон шуд. Яъне оқибат ба ҳамин рӯз расиданд. Ғайр аз эътироз накардани опозитсия нисбат ба ин беадолатиҳо ва қонуншиканиҳо, бояд ба ин мавзӯъ ҳам ишора кард, ки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳ ҳам худро канор кашиданд. Ин ҳам муҳим буд. Ба ҳар ҳол, агар дар он замон аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ фишоре бар рӯи давлати Тоҷикистон меомад, вақте, ки иқтидораш ҳанӯз такмил нашуда, боз ҳам мешуд ба тағйир умедвор буд. Аммо ин ҳам аз даст рафт. Дар натиҷа ҳар қадар, ки дертар эътироз шавад, кор низ ба ҳамон мизон мушкилтар ва сангинтар мешавад ва бубинед вазъияти имрӯз чӣ гуна аст.

Тарафи ҳукумат комилан имзои худро аз пойи созишнома пас гирифтааст ва гӯӣ дубора бозгаштаем ба ҳамон вазъияти солҳои 1990. Ахиран ҳам дар қазоёи Қиёмуддин ва Муҳиддин Кабирӣ ва ҳатто марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дидем, ки чӣ шуд. Албатта фикр мекунем ин ҳанӯз охири роҳ нест ва боз ҳам бояд аз тарафи ҳукумат мунтазири иқдомоти бадтаре бошем.

Тасним: Протоколи-3220 чандин сол аст, ки дар маҳофили сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон матраҳ аст. Тарафи давлат ин мавзӯъро рад кардааст, аммо мухолифин бар сиҳҳати он исрор доранд. Албатта вақойеи рӯйдода ҳам нишонаҳои возеҳе доштанд, ки афродро аз изҳори назар бениёз мекунанд. Нақши ин протоколро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Шерзамонов: Шӯрои амнияти Тоҷикистон Протоколи-3220-ро соли 2010 тасвиб кард. Интишор ва аланӣ шудани он ҳам фикр мекунам як ҳушдор буд. Ба назарам иродае пушти ин кор буд. Шояд мехостанд бо ин ҳушдор Ҳизби наҳзат ё гурӯҳҳои собиқи силоҳ ба даст худро дар хатар эҳсос кунанд ва ба амалиёте даст бизананд. Қарор буд бо ин нақша размандагони собиқ даст ба силоҳ бурда ва пас аз он амалиёти густардае аз сӯи нерӯҳои амниятӣ сурат бигирад ва дар як амали васеъ, ҳамаро аз миён бардоранд, ки ин тарҳрезӣ муваффақ набуд. Албатта аз соли 2010 мебинем, ки амалиётҳо бар зидди размандагони собиқи опозитсия густарда шуд ва ҳатто то Бадахшон ҳам расид. Натиҷа он шуд, ки аз размандагон тақрибан як нафар ҳам натавонист ҷони солим ба дар бибарад.

Тасним: Яъне ин нақша фақат алайҳи наҳзати исломӣ тарҳрезӣ шуда буд?

Шерзамонов: Хайр. Дар чорчӯби Протоколи-3220, на фақат нисбат ба наҳзат, балки нисбат ба нерӯҳое, ки эътимод нисбат ба онҳо камтар буд, қарорҳое гузоштанд. Барнома ҳам печидатар аз он буд, ки фикрашро бикунем. Ба унвони мисол, дар Бадахшон дар сохторҳои қудрат дигар амалан аз афроди маҳаллӣ ба кор гирифта намешуд. Пас аз қатли мармузи генерал Назароф ҳам дидем, ки амалиёти махсусеро сурат доданд ва чӣ қадар мардум ба қатл расиданд. Дар интиҳо ҳам 2 нафарро ба иттиҳоми куштани ин генерал ба зиндон бурданд, ки албатта ман мутмаиннам ҳеч рабте ба он надоштанд. Чаро ки кори ҳамон қувваҳое буд, ки мехостанд. Албатта боз ҳам нақшаашон дар Бадахшон комил пиёда нашуд ва ниҳоятан навбат ба худи наҳзат расид.

Тасним: Яке аз мавзӯъҳои муҳимми имрӯзи Тоҷикистон, ки ба унвони паёмаде аз таҳаввулоти пас аз сулҳ низ ба ҳисоб меояд, мавзӯи интиқоли қудрат аст. Махсусан эҳтимоли маврусӣ шудани ҳукумат, ки баъзан эҳтимоли он матраҳ мешавад. Назари шумо дар ин бора чист?

Шерзамонов: Хуб, ман баъид медонам, ки ин имкон бошад. Ба ҳар ҳол ҳамаи ҳокимиятҳои худкома дар канори манобеъ ва сарват ҳатто мебоист барномаҳои иҷтимоӣ ҳам пиёда кунанд, ҳамчун Озарбойҷон ё Туркманистон. Аммо як режими худкома, ки ниёзҳои иҷтимоии мардумро низ бартараф насозад, оқибати хубе нахоҳад дошт.

Тарсам аз он аст, ки ҳамин нерӯҳои солимро ҳамагӣ аз Тоҷикистон берун ронанд ва ҷои онҳоро нерӯҳои хеле ифротитар бигиранд. Медонем, ки эҳтимоли пайдо шудани нерӯҳои дигаре дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Албатта ман назарам бар эътирозоти бидуни хушунат мушобеҳи Арманистон, Гурҷистон ё ҳаддиақал Қирғизистон буд, аммо метарсам, ки вазъ дар Тоҷикистон бадтар шавад.

Ҳатто агар дар назар бигирем, ки наҳзат ва дигар гурӯҳҳои хориҷи Тоҷикистон ҳам дигар ҳеч вақт барнагарданд ба кишвар, боз ҳам он ҷое, ки холӣ шуд, холӣ намемонад. Илова бар ин, дар дохили худи ҳокимият ҳам муштоқони ҳукумат зиёданд, дар дохили хонавода ҳам ҳамагӣ ба номзадии танҳо яке аз аъзои хонавода розӣ намешаванд ва наметавон пешбинӣ кард. Аммо ба ҳар ҳол қудрат иваз мешавад, аммо пойдор намемонад.

Тасним: Ба ҳар ҳол оқои Раҳмон беш аз ду даҳа аст, ки Тоҷикистонро ҳифз кардааст. Чаро баъд аз ӯ набояд ин қудрат пойдор бимонад?

Шерзамонов: Бибинед, агарчи коммунистҳо идеология доштанд, аммо боз ҳам беш аз 70 сол натавонистанд давлатро нигаҳ доранд. Аммо ҳукумати хонаводагии имрӯзи Тоҷикистон бар пояи ҳамон идеология ҳам нест ва тайи ин 25 сол танҳо бар пояи ҳарос аз ҷанг устувор будааст. Лекин имрӯз насле баромада, ки ҷанги 1992 барояш як афсона аст ва ё эҳсоси ҳамон хатарро, ки насли мо мекард, намекунад.

Тайи ин солҳо фақат ҳамин буда ва ҳеч алтернативи дигареро ҳам пешниҳод накардаанд. Ҳеч барномаи иҷтимоии таъсиргузор ва қобили таваҷҷӯҳе надоранд. Ахиран оморе мунташир шуда, ки мардуми мо заъифтарин мардум дар миёни кишварҳои собиқ Ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд. Дигар фикр намекунам бо ин шиор, ки «Агар мо равем, ҷанг мешавад» битавонанд 25 соли дигар ҳукумат кунанд. Хоҳ нохоҳ рӯзи интиқоли қудрат наздик шудааст.

Тасним: Фикр намекунед бо интиқоли қудрат ба ҳар тартибе вазъият каме беҳтар шавад?

Шерзамонов: Фикр мекунам агар интиқоли қудрат сурат бигирад, ин вазъият бадтар шуда ва режим сахтгиртар мешавад. Чун ду гузина пеши рӯ дорад, ҳокимият куллан ду восита дорад: яке иқтисод аст ва дигаре қудрат. Дар вазъияти феълӣ бояд тарҳи афсонаӣ барои масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта бошад, ки мардумро ба худ дилгарм кунад, ё ин ки фишангҳоро омода кунад.

Ин табиӣ аст. Фарз кунед, ки 2020 ё Рустам биёяд ё духтараш ё домодаш. Ман фикр намекунам вазъияти иқтисодӣ ё иҷтимоии Тоҷикистон беҳбудии қобили таваҷҷӯҳе ёбад, дар ҷомеа дигаргунӣ иттифоқ биафтад ва ҳукумат маҳбубияти бештаре пайдо кунад. Ҳатто агар монанди Ӯзбакистон писар ё духтар ҳам наёянд ва масалан нахуствазир ё амсоли оқои Ятимов биёянд, боз ҳам ба сурати усулӣ тағйире ҳосил намешавад. Тағйир дар сурате корсоз аст, ки сохторӣ бошад.

Тасним: Ба назари шумо, нақши бозигарони хориҷӣ дар ин фарояндҳо ба чӣ сурат хоҳад буд?

Шерзамонов: Мутмаин ҳастам, ки дар интиқоли қудрат, Русия ва Чин худ дахолат карда ва саъй мекунанд, ки интиқоли қудрат бидуни мушкил сурат бигирад. Аммо бо вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии имрӯзи Тоҷикистон шояд танҳо интихобашон ҳамин бошад, ки «пешвои» феълӣ дубора худро пешниҳод кунад. Дар ин ҳолат шояд боз ҳам то муддати дигаре ин раванд идома пайдо кунад ва тағйироти чандонеро шоҳид набошем.

Тасним: Пеш аз ин гуфтед, ки мумкин аст дар давраҳои гузор бесуботӣ ва даргирӣ дубора ба Тоҷикистон бозгардад. Бидуни нерӯҳои опозитсия фикр мекунед ин амр имконпазир аст?

Шерзамонов: Хуб, нигоҳе ба ҳамин инқилобҳои рангии ахир, ки бидуни хушунат буданд ва ё инқилобҳои мусаллаҳонае, ки сурат гирифт, биандозед, решаи ҳеч кадом аз онҳо аз сиёсат шурӯъ нашудааст. Яъне эътирозот ибтидо аз масоили иҷтимоӣ бармехезад ва дар ин ҳавза ҳам вазъияти Тоҷикистон хеле бад аст. Мардум лаб ба ҷон омада, саранҷом сухан ба эътироз мекушоянд.

Бубинед, дар эътирозоти монанди Гурҷистон як ҷавон ба қатл расид ва падараш, ки як сиёсатмадор ҳам набуд, эътирозотро шурӯъ кард. Яъне эътирозот иҷтимоӣ мешавад ва барои эътирозоти иҷтимоӣ тамоми пояҳои он дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Танҳо чизе, ки то ба имрӯз Тоҷикистонро нигаҳ дошта, ҳамин муҳоҷирати бесобиқа аст. Аз мушкил гурехтан аст. Яъне ин мардум ҷои гурез аз мушкил ба самти Русия доранд. Лекин, Русия ҳам рӯз ба рӯз қавонинашро сахттар мекунад. Ман алтернативаҳои дигаре надидаам. Ба ҳар ҳол ҳар вазъияте бишавад, решааш иҷтимоӣ аст ва на сиёсӣ. Сиёсат баъдтар ворид мешавад.

Тасним: Фикр мекунед талошҳои ахири Русия барои узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳам аз ҳамин ҷиҳат аст?

Шерзамонов: Фикр намекунам, ки имрӯз барои Русия узвияти Тоҷикистон дар ин созмон муҳим бошад. Дар даруни он ҳамчунон мушкилоти зиёде аст. Беларус иддаоҳои худро дорад ва Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам ихтилофоти худашонро. Музофан ин ки агар Ғарб баъди чанд моҳ гӯшаеро барои Русия боз кунад ва таҳримҳоро бардорад, Кремл дигар ниёзе ба ин созмонҳои тасаннуӣ, ки сирфан ангезаи сиёсӣ дошта бошанд, нахоҳад дошт. Аз тарафи дигар ҳам як манбаи муҳимми даромад барои хонаводаи ҳоким, гумрук аст. Аз ҳамин ҷиҳат розӣ намешаванд, ки гумруки худро ба як ниҳоди фаромиллӣ таслим кунанд.

Барои Русия ҳам ин масъала дигар хеле кӯҳна шудааст ва гумон накунам, ки Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик узви ин иттиҳодия шавад ва агар узви ин иттиҳодия ҳам шавад, баъид медонам, ки барои мо мазиятҳои чандоне ба бор оварад. Албатта шояд дар авоили соли 2020, ки интихобот аст, ба манзури ин ки барои режими Тоҷикистон мушкиле эҷод нашавад, Кремл сахтгириашро барои муҳоҷирини тоҷик кам кунад. Аммо ба ҳар ҳол асли мушкил ва дард, ниёз ба табобат дорад ва бо мусаккин намешавад кореро аз пеш бурд.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s