Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, вақтҳои ахир КДАМ даст ба як қатор корҳое нанговаре зада истодааст, ки боиси коста шудани обрӯи давлат, миллат ва хусусан Эмомалӣ Раҳмон гаштаанд.
Лозим нест он чизе, ки тайи ду ҳафтаи ахир тамоми расонаҳои ҷаҳон дар мавриди Тоҷикистон менависанд, боз такрор кунам. Фақат қазияи Фотимаи Шабнам ва модарашро мехоҳам мисол биорам, ки боиси шармандагии давлат шуда.
Ба акси ин пиразани мазлум нигаред, агар ҳар касе шири инсон хӯрда бошад, раҳмаш меояд.
Кормандони КДАМ! Шумо модар доред, наход инсонигарӣ дар вуҷудатон набошад!?
Аз демокросӣ лоф мезанед, чаро ин модарро бо ҷамъи хонаводааш се сол аст, ки гаравгон гирифтаед?!
Фикр намекунед, ки ҳар амалеро аксуламале аст ва ҳар ҳуқуқпоймолкуниҳои шумо вокунишҳои мардумӣ ва ҷомеъаи ҷаҳониро ба вуҷуд меорад ва ин ҳама вокунишҳо боиси рехтани обрӯи давлату миллати Тоҷик мегардад?!
Ё шояд ин корҳоро қасдан мекунед, то ки Тоҷику Тоҷикистон дар назари ҷаҳониён манфӣ ҷилва кунад ва ё касе дар пушти ин аъмоли нанговар истода махсус мехоҳад обрӯи Эмомалӣ Раҳмоновро бирезонад?
Кормандони КДАМ! Аз аспи ҷаҳл поин шавед ва ба ин вазъияти печида воқеъбинона назар кунед; ин роҳе, ки шумо раисиҷумҳурро ҳидоят доред, охираш бунбаст аст!
Шумо аввал бояд аз эҷоди монеъаи сафари хонаводаҳои мухолифин даст кашида, баъдан аз фишору шиканҷаи хонаводаҳои мухолифин даст кашед. Дар ғайри ин сурат, обрӯи давлат, ба вижа обрӯи раисиҷумҳурро хоҳед резонд.
Вақти он расидааст, ки КДАМ дар барномаҳои гузашта, имрӯза ва ояндааш таҷдиди назар кунад. Ҳоло, ки дер нашудааст ва мардум даст ба тазоҳуротҳои тӯлонӣ, пикет, флешмоб ва як қатор корҳои башардӯстона назадаанд, оҷил ба модар ва духтари Шабнам Худойдодова иҷоза бидиҳед ба хориҷ сафар кунанд. Дар ғайри ин сурат, аз худ гила кунед, ки ба давлату миллат мушкили эҷод кардед!
Рубрики:Ҳуқуқи башар