Тоҷикистон, чорае ҷуз ин надорад, ки масири таърихии худро бипаймояд; масири расидан ба қуллаи кӯҳро. Аммо феълан, хеле аз он ақаб аст ва дар муқоиса бо миллатҳо ва кишварҳое, ки аз ӯ пеш афтодаанд ва ба қулла расидаанд, дар он поинҳост. Албатта, ин расидан ва ин комёбӣ, аз осмон барои ин миллатҳо ва кишварҳо фуруд наомада, «моидаи осмонӣ» набудааст. Онҳо барои расидан ба қуллаи кӯҳ, талошҳои зиёде анҷом доданд.
Ҳол, ба чӣ далел мо ақаб афтодем ва дар поин мондем?
Далелаш ин аст, ки дар Тоҷикистони мо, бисёреҳо ҳанӯз намедонанд, ки аз модар озод ба дунё омадаанд; намедонанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандӣ чизест мутаъаллиқ ба худат, аз они туст, на чизе, ки масалан ҳукумат онро ба ту бахшида ва ё мебахшад.
Дар таърихи башарият, ҳеч худкомаи пастфитратеро суроғ надорем, ки ба сурати довталабона эътироф намуда бошад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро ба сирқат бурдааст.
Аммо таноқуз дар ин аст, ки сирқати ҳуқуқ, ҳам мумкин аст ва ҳам номумкин.
Тавзеҳ он ки: агар ту аз ҳуқуқи мусаллами худ истифода накунӣ, ва тоза, аз онҳо хабар ҳам надошта ва розӣ бошӣ, ки ин ҳуқуқро ба ту «бибахшанд», чунон ки нонро бо корт «мебахшанд», дар ин сурат, ту довталабона мункири ҳуқуқи худ шуда, аз онҳо даст шустаӣ. Ин аст маънои мумкин будани сирқати ҳуқуқ.
Аммо агар ту аз ҳуқуқи хеш комилан огоҳ бошӣ ва бидонӣ, ки ин ҳуқуқ аз они туст, дар ин сурат, сирқати ҳуқуқ ва рабудани он номумкин аст; зеро ту аз онҳо истифода мекунӣ ва ҳаргиз розӣ нестӣ, ки чизе, ки мутаъаллиқ ба туст, рабуда шавад. Аз ин рӯ, баргардондани ҳуқуқи хеш, дар навбати аввал бастагӣ ба ин дорад, ки бидонӣ, ин ҳуқуқ аз они туст, моли туст, мутаъаллиқ ба туст ва касе ҳаққи рабудани онро аз ту надорад.
Албатта, он чӣ арз шуд, як ҳақиқати бисёр содда ва пеши по афтода аст, ки муддаҳост барои ҷаҳониён равшан ва ҳувайдост.
Аммо вақте сухан дар бораи кӯдакон ва ҳуқуқи онҳо меравад, кор андаке душвортар аст. Зеро кӯдакон ҳанӯз намедонанд, ки барои ин ба дунё меоянд, ки озод ва хушбахт бошанд.
Достони Иброҳим (Ҳамза)-и 4-солаи мубтало ба саратон ва Фотимаи 10-сола, ки ҳар ду гаравгони сиёсии низоми беқонунӣ гардиданд, чашмони мардумро ба бисёре аз чизҳо боз кард.
Маълум шуд, ки ин достон ҳатто дастандаркорони озору шиканҷаҳои ғайриқонуниро низ бетафовут нагузоштааст. Ҳатто пулисҳо ва кормандони КДАМ — ҳамон тавр, ки ба мо нақл карданд — ҳайратзада шуданд ва гиря карданд вақте шоҳиди манзараи ваҳшатноки варами кӯдаки хурдсол гардиданд; манзарае, ки мақомот ва пизишкҳо махфиаш мекарданд.
Илова бар ҳуқуқи дигар, инсон ҳаққи доштани шаъну шарафу номуси худро низ дорад. Касе, ки шаъну шарафу номуси худро ба як ҳукумати ғайриинсонӣ мефурӯшад ва бо дастури ӯ, ҳуқуқ ва обрӯи дигар шаҳрвандонро сирқат мекунад ва мерубояд, ӯ дигар инсонияти худро гум карда ва як ҷинояткор ва шарики ҷурмҳои ҳукумат алайҳи мардуми худ аст.
Оре, мо дар Тоҷикистон, аз такрори ҳодисаҳои хунини солҳои 90 метарсем. Мутмаиннам, ки дар Тоҷикистон ҳеч инсони оқиле нест, ки хоҳони ин бошад ва аҳаде аз шаҳрвандон — сарфи назар аз гароишҳои сиёсӣ, миллӣ ва диниаш — хоҳони ин нест; ба истиснои афроде, ки аз тамоми мафоҳими ахлоқӣ маҳрум ва фиребхӯрда бошанд.
Мӯътақидам, мо танҳо як роҳ дорем; роҳе мусолиматомез ва қонунӣ, ки мавриди қабули ҳамагон аст:
— аз ҳукумат хоста шавад, то ҳуқуқи қонунии моро бароямон баргардонад, бо такя бар қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ;
— даст кашидан аз хушунат ва ширкат накардан дар он аз сӯи ҳамаи тарафҳо;
— ширкат накардан дар ҷиноятҳои зидди қонунӣ ва зидди башарӣ, ки тавассути ҳукумат анҷом мегирад; ҷиноятҳое, ки аз иҷрокунандаҳояш на танҳо хоста мешавад, ки ҳуқуқи худ ва шаъну шарафу номуси худро бифурӯшанд, балки ҳуқуқ ва шаъну шарафу номуси бастагон ва шаҳрвандони худро низ сирқат кунанд.
Вақте ҳукумат умеду орзуҳои мардумро бароварда намесозад, онҳоро мебалъад ва ба масъулиятҳои худ амал намекунад, дар ин сурат, мардум ҳақ доранд онро иваз кунанд.
Ширкат накардан дар ҷиноятҳои ҳукумати ғайриинсонӣ, фосид ва ғайриқонунӣ, ӯро аз қудрат, ки аз мардум рабудааст, маҳрум хоҳад намуд.
Чархиши мусолиматомез ва қонунии қудрат – ин ҳаққи мардум ва беҳтарин роҳ барои пешгирӣ аз поймол сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз сӯи ҳукумат ва ҷавоби хушунатҳои ӯ аз тарафи мардум аст.
Танҳо дар ин сурат аст, ки ҳукумат аз бесуботӣ ва рушди хушунат дар амон мемонад.
Танҳо дар ин сурат аст, ки мақомот метавонанд худро аз ҳар хушунате алайҳи худашон, дар ҳолати тағйири қудрат ва омадани ҳукумати дигар, нигаҳ доранд.
Танҳо дар сурати эҳтиром ба худ ва дигар шаҳрвандон ва эҳтиром ба ҳуқуқи онон аст, ки мо метавонем ба қуллаҳои пешрафти кишвар ва иқтисод даст биёбем.
Танҳо дар ин сурат аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо аз бесуботӣ дар Афғонистон ва ё Сурия нахоҳанд тарсид, балки бо доштани ҳукумати қонун, метавонанд худро ба сатҳи озодиҳо ва пешрафти кишварҳое чун Олмон, Фаронса, Жопун, Сингопур ва ё Суис (Шветсария) бирасонанд ва ё ҳатто аз онҳо ҳам ҷилавтар раванд.
Як кишвари озод ва пешрафтаро танҳо шаҳрвандони озод ва бархӯрдор аз истеъдоди пешравӣ месозанд. Аммо ғуломон танҳо қодир ба сохтани коху қасрҳоенд, ки дар ҳоле, ки шикамашон ва шиками хонаводаашон гурусна аст сохтаанд, ва тоза, аз он нафрат ҳам доранд.
Темур Варқӣ
Узви Шӯрои Раҳбарии АОТ
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Дидгоҳ