Дидгоҳ

Лӯхтакбозии олими ҳуқуқ бо қонун

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос

1800 нафар ширкаткунандагони конфронси Варшава, аз он ҷумла ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандиро барои ифротгароӣ ва ҳамнишинӣ бо ҷинояткор дар як толор дар Тоҷикистон зиндон мекунед ва е Лаҳистон?

Мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Сафарзода Анвар Ислом дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо рӯзноманигор Довуд Исматӣ дар матлаби “БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…” гуфтааст: «Ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст«.

Мусоҳиб мавзӯи нишасти бахшида ба ҳуқуқи инсон, ки онро САҲА ҳамасола баргузор мекунад, ба баҳс кашида, марбут ба ҳайате, ки Тоҷикистон ба ин нишаст фиристод ва гӯё бо далелҳои маълум ба роҳбарони ТТЭ ҲНИ маъқул наафтод ва чанд паҳлӯҳои дигари ин ҷамъомади ҳуқуқи башарро тасмим гирифтааст аз лиҳози қонун равшанӣ андозад. Ва бо суоле, ҳамнишинӣ бо аъзову роҳбарони ин ташкилот чӣ паёмадҳо хоҳад дошт, муроҷеъ шудааст.

Ман дар хусуси ҷузъиёти берун аз илми ҳуқуқ ва марбут ба сиёсат, муҳокима карданӣ нестам. Дар як вақт узви ягон ҳизби сиёсӣ, созмону ташкилот, ба хусус фаъолияташ мамнӯъ дар қаламрави кишвар нестам. Ва аз мавқеи ҳеч кадоме аз онҳо ҷонибдор ҳам нестам. Танҳо мехоҳам оиди аз ҷониби олими ҳуқуқ маънидод кардани қонун, нодуруст баҳо додани диспозитсияи бархе аз моддаҳои қонуни ҷиноӣ ва ба гумроҳӣ бурдани хонандагон чанд ҳарф бигӯям.

Устоди яке аз донишгоҳҳои рақами 1-и бонуфузи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд:

«Ҳамин аст, ки вақтҳои охир эмиссарҳои ТТЭ ҲНИ хеле зиёд талош карданд, то сафи худро аз ҳисоби афроде, ки ба гуфтаи худашон, барои зиндагии беҳтар ба Аврупо рафтаанд, пур кунанд. Дуруст, муваффақ нашуданд ва фикр мекунам, ки муваффақ нашуданашон ба оқибатҳои ҳуқуқии ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ марбут аст. Аммо дар масъалаи “сиёсӣ шудани баҳси ҳуқуқӣ” инро бояд дар назар дошта бошем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ надорад, ин ташкилот аслан, субъекти сиёсӣ набуда, чун як ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шудааст. Бинобар ин, ба мавзӯъи мавҷудияти ТТЭ ҲНИ на чун як оппонент ё мухолифи сиёсӣ, балки бояд чун ташкилоти террористиву экстремистӣ бархӯрд кард. Тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаву нишастҳои ТТЭ ҲНИ ҷавобгарии сангин пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016, № 1359), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.15, №1261)

Муаллим, олими ҳуқуқ чаро матни моддаи 307.1 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодуруст ба самъи хонанда мерасонед?! Акнун ба матни пурраи моддаи мазкур, ки дар КҶ бо назардошти охирин тағйироту иловаҳо зикр гардидааст, чашм дӯзед:

2) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бино бар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, (КҶТ аз 14.11.2016 с., №1359) – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад. (КҶТ аз 25.12.15с., № 1261)

Олими мӯҳтарам, дар ин сатр оё ибораи «иштирок дар ҷаласаву нишастҳо»-ро мебинед? Агар манзуратон иштирок дар ҷаласаву нишастҳои ташкилоти экстремистӣ бошад, пас ягон далеле доред, ки ташкилкунандаи конфронси Варшава ҲНИТ, ки фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, мебошад? Ҳол он ки ба тамоми ҷаҳон маълум аст, ки ин конфронси байналмиллалӣ бо ибтикори САҲА ташкил ва ҳамасола дар даҳаи дуюми моҳи сентябр дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава барпо мегардад.

Дар идома олими ҳуқуқ мегӯяд:

«Инчунин, ин кирдор (ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ) метавонад тибқи моддаи “шарикӣ дар ҷиноят” ё “шарикӣ бо ҷинояткор” тафсир карда шавад. Айни ин ҳолатро моддаи 39, қисми 5-и Кодекси ҷиноятӣ мушаххас кардааст: “Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷиноятӣ шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нестЯъне, касе, ки новобаста аз узвият доштан ё надоштан дар ТТЭ ҲНИ бо даъвати ин ташкилот ба нишасти Варшава меравад, метавонад субъекти моддаҳои мазкур бошад. Мушаххастар, ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст

Аҳсант ба шумову ба олимиатон! Ҳайфи ҳамон донишомӯзоне, ки бо сад орзуву умед ба ин даргоҳи илм ворид шуда, аз Шумо нияти омӯхтани қонуни ҷиноиро ва дар оянда ҳуқуқшинос шуданро пешаи худ кардаанд!

Сараввал бояд бигӯям, ки моддаи 39 КТ шарики ҷиноиро не, балки ҷиноят содир намудани гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)-ро пешбинӣ намудааст. Дар қисми 5-и моддаи 39, ки шумо хеле моҳирона шарҳ додед, омадааст:

«Ҷиноят дар ҳолате аз ҷониби иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содиршуда эътироф мешавад, ки агар онро узви (аъзои) чунин иттиҳод ҷиҳати иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи он, инчунин бо супориши иттиҳоди ҷинояти шахсе содир карда бошад, ки узви иттиҳоди ҷиноятӣ нест

Гарчанде, матни қисми 5 моддаи 39 КҶ аз ҷониби ҳуқуқдони олим дуруст оварда шудааст, аммо боз ҳам онро нодуруст, ғалат маънидод кардан, фикр мекунам ба обрӯи як Устоди Донишгоҳ хадша ворид менамояд. Зеро, иштирок дар конфронси Варшава ва ҳатто бо даъвати ҲНИ бошад ҳам, ин нишаст озод, кушод барпо гардида, ширкаткунандагон ошкоро табодули андеша менамоянд.

Дар хусуси шарикии ҷиноят бошад, муаллими мӯҳтарам, гуфти русҳо шумо «неправ»! Ҷавобгарии шарикони ҷиноят дар моддаи 37 КҶ пешбинӣ гардида, дар он низ ягон ҳарф оиди иштирок дар ҷаласаву нишасти чорабиниҳои байналмилаллии ҳуқуқи башар вуҷуд надорад.

Ба маълумоти шумо расонидан бароям хеле вазнин аст, зеро шумо олиму ман як ҳуқуқшиноси оддӣ мебошам, аммо гуфтан ва ҳақро расонидан ба мардум, фикр мекунам қарзи ҳам ману ҳам Шумо.

Ҷавобгарии шарикони ҷиноят вобаста ба хусусият ва дараҷаи иштироки воқеии ҳар яки онҳо дар содир намудани ҷиноят муайян карда мешавад. Шарики ҷиноят аз қабили ҳамиҷрокунанда, ташкилкунанда, таҳриккунанда, ёрдамчӣ мебошанд.

Акнун, худ қазоват кунед, ки марбут ба даъват ва гузаронидани конфронси Варшава гурӯҳу созмонҳои мухолифини ҳукумати кунунӣ иқрокунанда, ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ердамчӣ мебошанд?

Ҷаноби Сафарзода, ман ба ҳеч вақҳ тарафдори ягон ҳизбу ҳаракати ғайриқонунӣ нестам ва ҳамеша ҷонибдори сулҳу суботи ҷомеа, оромии кишвар, рушду нумӯи ватани азизамон мебошам.
Ба баҳс ворид шуданам ва баён кардани фикру андешаам, танҳо бо як мақсад, ки эҳтиром қоил шудан ба қонун.

Шумо ҳазорҳо шогирдонро меомӯзонеду таълим медиҳед ва дар оянда ба онҳо чӣ тавр таъмини адолати судӣ, амнияти миллат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро бовар кард, вақте маълумоти ғалат гирифтанд?

Мехостам аз ҷаноби Сафарзода дар охир пурсон шавам, ки оё робитае бо Диссернет доштед?

Вале намехоҳам ба иззати нафсатон расам. Дигар боқӣ, дар паноҳи Худованд бошед!

Рубрики:Дидгоҳ

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s