Хабарҳо

Шурӯъи иқдомҳои эътирозӣ; Литва (филм ва тасвир)

Ҳамон тавр ки эълон шуда буд, шурӯъ аз имрӯз (4 июн), иқдомҳои эътирозии тоҷикони муқими Аврупо дар эътироз ба кушта шудани шуморе аз зиндониёни зиндони Ваҳдат оғоз гардид.

Ба гузориши Паём, имрӯз (4 июн) дар шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии аврупоии Литва, гурӯҳе аз тоҷикони муқими ин кишвар бо изҳори нигаронӣ аз ҳодисаи қатлу куштор дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, ки аз паи он 32 нафар ба ҳалокат расиданд, таҷаммӯъ карданд.

Дар таҷаммӯъи тоҷикони муқими Литва фаоли сиёсӣ, Бобоҷони Қаюмзод суханронӣ намуда гуфт, ин пикетро ба хотири зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ташкил кардаанд.

Чихеле, ки медонем, дар зиндони шаҳри Ваҳдат боз як қатли ом суръат гирифт. Аммо то имрӯз ҳеҷ кас намедонад, ки дар зиндон чи гузашт. Мақомот то ба ҳол намехоҳад ин қазияро шарҳ диҳад. Мо мехоҳем бипурсем, ки чаро бо онҳое, ки қасди гаравгонгирӣ карданд, кӯшиш ба музокира нашуд”. — мепурсад Бобоҷони Қаюмзод.

Ӯ афзуд: “Чаро ҳукумат намехоҳад бо касе музокира кунад, чаро аз дасти ҳукумат фақат қатлу куштор меояд. Чаро мақомоти низомии кишвар чанд нафареро, ки танҳо силоҳи сард доранд, кӯшиш накарданд зинда дастгир намоянд ва асли қазияро ба мардум шарҳ бидиҳанд. Оё ин ҳукумат ба ҷуз қатлу куштор ба кори дигаре балад нест?

Бобоҷони Қаюмзод дар идомаи суханаш гуфт, миллат ҳар эътирозе дар озодӣ кард, зиндон шуд, дар зиндон бошад ба хотири шикоят аз шиканҷа кушта мешавад. Чаро ҳукумат аз мардум мегурезад, бо мардум сӯҳбат намекунад. Чаро мардумро ҳамчун як қувваи аслии ба ҳокимиятрасонандаи худ эътироф намекунанд. Ҳукумат бо ин қулдурӣ то ба куҷо хоҳад рафт. Ҳамаи ин ҷои савол дорад. Мо мехоҳем дар ин бора бидонем.

Бинобар, мо имрӯз дар ин ҷо ҷамъ омадем. Мо амалӣ намудани тасмими пикети саросарӣ дар кишварҳои аврупоиро аз инҷо оғоз кардем. Ингуна тазоҳурот рӯзҳои баъдӣ дар кишварҳои аврупоӣ идома хоҳад ёфт”- таъкид кард Қаюмов.

Абдушукур Маннонов, фарзанди марҳум Қурбон Маннонов, зиндонии сиёсӣ, ки ҳануз ду сол пеш дар маҳбас ба шаҳодат расид, бо муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон, бо таъкид гуфт, Зиндониёни сиёсиеро, ки то ба ҳол ба куштанашон фурсат наёфтед, озодашон кунед.

Фаоли сиёсӣ, Сулаймон Давлатов суханони Манноновро тақвият бахшида гуфт, ки миллат бояд аз чанголи ин ҳукумати худкома наҷот ёбад.

Дар охири ин таҷаммӯъ эълон шуд, ки таҷаммуъкунандагон як муроҷиатномаеро ҷиҳати бозбинӣ ва омӯзиши мунсифонаи қазияи қатлу куштори зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ва бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвар омода ва ба имзо расонидаанд, ки дар кутоҳтарин муддат ба созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсони муқими Литва таслим хоҳанд кард. Аз ҷумла нусхаи ин муроҷиатнома ба ҳукумати Литва низ таслим хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Вайсиддин Одинаев, фаъоли иҷтимоӣ ва сиёсии тоҷик, дар саҳифаи фейсбукии худ чанд рӯз пеш эълом карда гуфта буд, ки иқдомоти эътирозии тоҷикон бо изҳори норизоиятӣ ва нигаронӣ аз ҳодисаи қатлу куштор дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дар шаҳрҳои урупоӣ аз таърихи 4 июни соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.

Вайсиддин Одинаев дар саҳифаи фейсбукиаш навишта буд, “Мо, гурӯҳе аз шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Аврупо, дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон дар куштори ваҳшиёнаи зиндониёни Ваҳдат маъруф ба “Кирпичный”, шурӯъ аз 4 июни соли ҷорӣ, дар шаҳрҳои гуногуни Иттиҳодияи Аврупо даст ба иқдомоти эътирозӣ хоҳем зад, то мазлумияти миллати тоҷикро ҳам ба гӯши ҷаҳониён бирасонем ва ҳам садои худро баланд кунем, ки: Раҳмон! Даст аз куштани зиндониён махсусан зиндониёни сиёсӣ бардор!”.

Бо ин ҳол таҷаммӯъ дар Литва, аввалин таҷаммӯъи тоҷикон дар Аврупо ба хотири қатлу куштор дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон аст.

Ногуфта намонад, ки вақте ин хабар омода мешуд, ба Паём иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Бони Олмон низ чанде аз ҷавонон муроҷиатномаеро дар ин бора ба имзо расонида, ба созмонҳои байналмилалӣ таслим кардаанд. Дар ин бора гузориш бо маълумоти пурра дар наздиктарин фурсат нашр хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s