Сиёсат

Кабирӣ: “Ҳукумати хонаводагӣ бо роҳбарии Раҳмон ислоҳшаванда нест”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), имрӯз (16 сентябр) дар сӯҳбати онлайние, ки бо ташаббуси “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баргузор гардид, бо баёни ин ки “барои ҳамагон мушаххас аст, ки ҳукумати хонаводагӣ бо роҳбарии Раҳмон ислоҳшаванда нест”, таъкид кард: “Идомаи онҳо дар қудрат метавонад бесуботӣ ва равандҳои идоранашавандаеро пеш биёрад, ки бар зарари ҳамагон хоҳад буд.”

Муҳимтарин нуктаҳое, ки раҳбари ПМТ ёдварӣ кардааст, ба шарҳи зерин аст:

— Тибқи гузориши “Экономист” соли 2012 Тоҷикистон ҷузъи 20-гонаи кишварҳои диктаторӣ будем, имсол дар ҷои 8-ум.

— Ҳамон сол дар рейтинги “Reporters Without Borders” оиди озодии матбуот Тоҷикистон дар ҷои 120-ум буд, имсол 161-ум, яъне, 40 зина поён рафта.

— Ҳамон сол Тоҷикистон дар рейтинги Хонаи Озодӣ (Фридом Хауз) бо 6 хол ҷузъи бадҳо буд, имсол бо болотарин хол, 7 ҷузъи бадтаринҳо аст.

— Тоҷикистон ҳоло аз ҷумлаи диктатортарин кишварҳои дунё аст.

— Раҳмон Тоҷикистонро қадам ба қадам ба як кившари комилан диктаторӣ ва ҳукуматро хонаводагӣ мекунад.

— Имрӯз кившари мо ҷузъи қашшоқтарин, заъифтарин, бастатарин ва 10-гонаи ғайри демократӣ аст.

— Имрӯз метавон гуфт, ки Созишнома ҷангро хотима бахшид, аммо ваҳдату суботро натавонист таъмин кунад.

— Шояд иштибоҳи аслии мо он буд, ки аз ду вазифаи асосии Суозишнома ва раванди сулҳ, яъне ҳифзи сулҳу амният ва таъмини озодиҳову ҳуқуқҳо, ба аввалӣ авлавияти бештар додем.

— Мо фикр кардем, ки ниёзи аввалиндараҷаи ҷомеаи мо амният ва ҳифзи сулҳи ба дастомада ба ҳар қимат мебошад, ҳатто ба қимати аз даст додани озодӣ ва ҳуқуқҳо. Дар охир, ҳам суботу амниятро аз даст додем ва ҳам озодиву ҳуқуқҳоямонро.

— Натиҷаи ин ҳама зиндониҳо, шиканҷаҳо ва ҳиҷратҳо бояд расидан ба як ҷомеаи озоду пешрафта бошад, ки ин ҳама дӯстони мо барои он талош карданд ва худро қурбонӣ сохтанд.

— Имрӯз мо бар ин ақидаем, ки сохатни як ҷомеаи озоду демократӣ ва дур кардани тиранҳо аз қудрат вазифаи худи миллатҳо ва нерӯҳои ватанӣ аст, на созмонҳои хориҷӣ ва кишварҳои озод.

— Ба касе пӯшида нест, ки ҳукумати Тоҷикистон масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизми диниро ҳамчун як василаи мубориза бо мухолифин, гуногунандешон ва аз тарафи дигар, таҳкими қудрати худ истифода мебарад.

— (Дар хусуси ҳодисаи Данғара) мо талаб кардем, ки як таҳқиқоти байналмилалӣ сурат бигирад ва натиҷаҳояш эълон шавад. Мутаассифона, то имрӯз ҳеч таҳқиқоти байналмилалӣ сурат нагирифтааст, агарчӣ қурбониёни ин ҳодиса ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ буданд, аз чумла амрикоӣ. Мо ҳанӯз ҳам талаб мекунем, ки ин таҳқикот сурат бигирад ва омода ҳастем ба он кӯмак намоем ва дар назди як додгоҳи одили байналмилалӣ аз худ дифоъ кунем.

— (Интихоботи пеши рӯ) интихоботе аст, ки номзадҳо ва барандааш аз қабл маълум аст. Фақат номаълум аст, ки Раҳмон ба худ чанд фоиз овоз менависад.

— Аллакай маълум аст, ки ҷомеа нисбати ин интихобот комилан бетафовут аст ва як нигоҳи масхараомез дорад.

— Номзад шудани худи Раҳмон, барои аксарият маънои онро дорад, ки ҳеч тағйироте нахохад шуд. Ин маънои онро дорад, ки раванди бӯҳронӣ чӣ аз лиҳози сиёсӣ ва чӣ иқтисодӣ боқӣ хоҳад монд ва бадтар ҳам мешавад.

— Барои ҳамагон мушаххас аст, ки ҳукумати хонаводагӣ бо роҳбарии Раҳмон ислоҳшаванда нест. Идомаи онҳо дар қудрат метавонад бесуботӣ ва равандҳои идоранашавандаеро пеш биёрад, ки бар зарари ҳамагон хоҳад буд.

— Таҷрибаи гузашта нишон дод, ки таҳаммули ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои ҳокимият ба хотири хифзи “субот” натиҷае ҷуз шикастани ҳамон “суботи дурӯғин” ва омадани бесуботиву беқонунӣ нахоҳад дошт.

— Мо фаъолияти худро дар се самти асосӣ: ҳуқуқибашарӣ, сиесӣ-дипломатӣ ва расонаӣ барномарезӣ кардаем, ки тайи 2 соли фаъолияти ПМТ аллакай натиҷа доданд.

— Шояд муҳимтарин базаи кори мо расонаӣ будааст. Зеро ҳукумати Тоҷиуистон бо монополия кардани фазои расонаӣ ва маҳдуд намудани расонаҳои озод то чанде пеш яккатоз дар ин майдон буд.

— Мо комилан дарк мекунем дар кадом вазъият фаъолият карда истодаем.

— Агар шумо ба вазъияти мухолифини Русия ва Белорус назар андозед, вазъияти мо чандин баробар сахттар ва даҳшатноктар аст. Куштор, рабудан ва шиканҷаи мухолифин ва наздиконашон барои Раҳмон як кори оддӣ аст, ки то ҳол касе ӯро барои ин ҷиноятҳояш ҷазое надодааст.

— Таҳқиқ накардани ҳодисаи куштори шаҳрвандони ғарбӣ дар Данғара ва хомӯшона пазируфтани версияи ҳукумат ин кӯмаки бузурге ба диктатура ва дурӯғ аст.

— Даъват ва пазируфтани Раҳмон аз тарафи Макрон ин писханд ба ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ ва кӯмаки калони таблиғотӣ ба як диктатор аст.

Оставьте комментарий