Баёнияҳо

Изҳороти ПМТ оид ба фиристодани сарбозони тоҷик ба Қазоқистон

Паймони Миллии Тоҷикистон бори дигар аз тазоҳуроти мусолиҳатомез ва талабҳои одилонаву қонунии мардуми қазоқ пуштибонӣ намуда, ҳамзамон истифодаи хушунат ва қатлу ғорат аз тарафи бархе неруҳои номаълум ва мақомоти давлатии Қазоқистонро маҳкум менамояд.

Инчунин, тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои фиристодани 200 сарбози тоҷик ба ин кишварро як қарори мухолиф ба манфиатҳои миллии кишварамон меҳисобад. Ҳузури сарбозони тоҷик дар амалиётҳои хориҷи кишвар бояд тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллии мо сурат бигирад. Ин қарор ба ҳеҷ кадоме аз ин талаботҳо ҷавобгӯ нест.

Илова бар ин, ҳузури сарбозони мо дар чунин шароит метавонад аз тарафи миллати дӯст ва бародари қазоқ ҳамчун ширкати тоҷикон дар амалиётҳои саркубгароёна алайҳи мардуми ин кишвар ва як амали душманона қабул гардад. Ин метавонад барои ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон хатарзо бошад ва инчунин ба муносибатҳои ду кишвар дар оянда латма ворид кунад.

Бинобар ин, Паймони Миллии Тоҷикистон талаб менамояд, ки Ҳукумати кишвар аз ин тасмими ғайриқонунӣ ва мухолиф ба манфиатҳои миллӣ ҳарчӣ зудтар даст бикашад ва ба миллати бародари қазоқ барои пайдо кардани роҳҳалҳои сиёсӣ кумак намояд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

06.01.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s