“Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ба мӯҳлати панҷ сол бо имкони тамдиди минбаъда баста шуд. Соли 1999 Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон протокол дар бораи тамдиди мӯҳлати Паймони амнияти дастаҷамъиро имзо карданд. Вале дар давраи таваллуд ва пайдоиши ин созмон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон узвияти худро қатъ карданд…”

(Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (1))
Таърихчаи таъсисёбӣ
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД): Ин созмон дар 15 майи соли 1992 аз ҷониби сарони давлатҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар Тошканд таъсис шуд. Баъдтар, дар соли 1993 Озарбойҷон, Белорус ва Гурҷистон ба он дохил шуданд. Шартнома пас аз ба итмом расидани расмиёт 20 апрели соли 1994 эътибор пайдо кард.
Дар моддаи асосии 4-уми Шартнома гуфта мешавад: “Агар яке аз давлатҳои иштироккунанда ба таҷовузи ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо дучор шавад, пас ин таҷовуз ба муқобили ҳамаи давлатҳои ширкаткунандаи ин Шартнома ҳисоб карда мешавад. Дар сурати содир шудани амали таҷовуз ба ҳар кадоме аз ин давлатҳои иштироккунанда кӯмаки зарурӣ, аз ҷумла кӯмаки ҳарбӣ, инчунин бо воситаҳои дар ихтиёрашон буда, барои татбиқи хуқуқи мудофиаи ин ё он давлати таҷовузшуда кӯмаки дастаҷамъона, мувофиқи моддаи 51 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва мудофиаи дастаҷамъӣ бо воситаҳои дар ихтиёрашон буда дастгирӣ хоҳанд кард”.
Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ба мӯҳлати панҷ сол бо имкони тамдиди минбаъда баста шуд. Соли 1999 Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон протокол дар бораи тамдиди мӯҳлати Паймони амнияти дастаҷамъиро имзо карданд. Вале дар давраи таваллуд ва пайдоиши ин созмон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон узвияти худро қатъ карданд.
14 майи соли 2002 дар Маскав Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифт, ки ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мақоми як созмони байналмилалии минтақавӣ диҳад.
7-уми октябри соли 2002 дар Кишинёв дар нишасти сарони ИДМ раисони ҷумҳури Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Оинномаи СПАД-ро тасвиб карданд. Моҳи декабри соли 2003 Оинномаи СПАД дар Котиботи СММ сабти ном шуд. Ва соли 2004 Созмон дар Маҷмааи Умумии СММ мақоми нозирро гирифт.
Ҳамин тариқ, дар соли 2002 расмиёти асосии ташкилӣ вобаста ба бақайдгирии ҳуқуқии мақоми кунунии СПАД ҳамчун ташкилоти байналмилалии минтақавӣ, ки давлатҳои мустақили демократиро бо манфиатҳои муштарак дар соҳаи таъмини амнияти дастаҷамъӣ муттаҳид мекунад, амалӣ карда шуданд. (Инҷо кадом давлатҳои мустақили демократиро: — Белорусия ва ё Тоҷикистон? Д.Ё.)
Имрӯз ба ин созмон давлатҳои зер дохил мешаванд: Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сохторҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ:
1) Кумитаи котиботи Шӯрои амният (ККША) мақоми машваратӣ ва иҷроияи Созмон оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории кишварҳои узв дар соҳаи таъмини амнияти миллии онҳо мебошад. Ба ин шӯро, Котибони Шӯрои Амнияти давлатҳои узв дохил мешаванд;
2) Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) мақоми олии Созмон буда, аз сарони кишварҳои узв иборат аст. Он масъалаҳои бунёдии фаъолияти Созмонро баррасӣ намуда, қарорҳое қабул мекунад, ки ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои он нигаронида шудаанд, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва фаъолияти муштараки давлатҳои аъзоро барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо таъмин менамояд. Иҷлосияҳои (ШАД) ба таври навбатӣ дар давлатҳои аъзо дар ҳолати зарурӣ, вале на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешавад.
Раёсати Шӯро аз рӯи тартиби алифбои русӣ мегузарад, агар Шӯро тартиби дигареро қабул накунад.
Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ як мақоми ҳамоҳангсозест, ки дар давраи байни иҷлосияҳои СПАД масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмонро ҳал мекунад ва дар якҷоягӣ бо мақомоти кории доимӣ иҷрои қарорҳои қабулкардаи мақомоти СПАД-ро таъмин менамояд. Шӯро аз намояндагони доимӣ ва ваколатдор иборат аст, ки аз ҷониби давлатҳои аъзо мувофиқи расмиёти дохилӣ давлатии онҳо таъин карда мешаванд;
3) Котиботи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ – як мақоми кории доимӣ дастгирии ташкилӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии фаъолияти мақомоти оинномавии Созмонро таъмин менамояд. Он омодасозии лоиҳаҳои қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомоти Созмонро амалӣ менамояд. Ҷойгоҳи Котибот Маскав аст.
Сардори штаби муштарак аз моҳи сентябри соли 2015 генерал полковник Сидоров Анатолий Алексеевич (Федератсияи Русия).
Намояндаи олии маъмурии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Котиби генералӣ мебошад. Ӯ бо қарори сарони давлатҳо бо пешниҳоди Шӯрои вазирони давлатҳои СПАД ба муҳлати 3 сол дар асоси ротатсия аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД таъин мешавад. Аз 1 январи соли 2020 бо қарори СПАД Зас Станислав Васильевич (Ҷумҳурии Беларус) Дабири кулли СПАД таъин шуд.
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ

