Дидгоҳ

Пригожин танҳо набуд

“Баъзе воҳидҳои муҳимтарини “Вагнер”-ро афсарони бонуфуз фармондеҳӣ мекунанд… Пас, ин на танҳо ҳаракати шахсии Пригожин, балки ҳамроҳии афсарони олимақом ва ҳимояти онҳост. Евгений Рощин, пажӯҳишгари Донишгоҳи Принстон (ИМА) гуфт, ки ин афсарон шояд дар Вазорати дифоъ ва дигар нерӯҳо робита дошта бошанд, ки дар он ҷо мардум ҳам аз вазири дифоъ Сергей Шойгу ва дар маҷмӯъ аз вазъи артиши Русия норозӣ бошанд….”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (3))

Дар аввали соли 2023 Исманғали Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД, дар нишасти намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва коршиносони Федератсияи Русия, дар бораи хатарҳое, ки кишварҳои ИДМ-ро таҳдид мекунад сухан гуфт. Ба андешаи ӯ, марбут ба вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ ва марзи Арманистону Озарбойҷон хатарҳои худро доранд. (Оид ба ин масъала дар банди дуюм гуфта гузаштам, нигаред.) Дар Қафқози Ҷанубӣ вазъияти мураккаб ва тарканда вуҷуд дорад.

Дар давоми суханронии худ, Тасмағамбетов қайд кард, ки дар Осиёи Марказӣ чолишҳо ва таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон бармеояд, ки дар он ҷо мавқеъҳои гурӯҳҳои гуногуни террористӣ мустақар мешаванд. Моҳияти чолишҳо аз кишварҳои узви СПАД чораҳои ҳамоҳангшудаеро тақозо мекунад, ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа масъулияти ин созмон нигаронида шудааст. Вай қайд кард, ки яке аз тадбирҳои муассир пешгӯии стратегии чолишҳо ва таҳдидҳо ба фаъолияти дастаҷамъии созмон хоҳад буд.

Дар ташкилот зарурати пешгӯии тамоюлҳои рушди вазъият ҳам дар минтақа, беш аз пеш ба миён меояд.

Вале ӯ ба забон намеорад, ки мушкилоти сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон не, балки бо Қирғизистон аст, дар ин тӯли муноқиша даҳҳо нафар шаҳрвандон аз ду тараф талафоти ҷони доданд.

Рӯзи 6-уми январи соли 2022 дар робита бо муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва бо назардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти кишвар, аз ҷумла бо дахолати беруна, ба Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тибқи моддаи 4-и Паймони амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифт, ки амалиёти посдори сулҳ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор бигирад. (Муроҷиати Қ. Ж. Тоқаев бар хилофи модаи 4-и Паймони амнияти дастаҷамъӣ буда, инҷо раисҷумҳури кишвари Қазоқистон танҳо ба хотири мансаби худро нигоҳ доштан муроҷиат намуд, вале мутаассифона аввалин шуда раисҷумҳури Русия В. Путин лаббай гуфт.)

Инҷо шарҳи моддаи асосии 4-уми Шартномаро меорам: “Агар яке аз давлатҳои иштироккунанда ба таҷовузи ягон давлат ё гурӯҳи давлатҳо дучор шавад, пас ин таҷовуз ба муқобили ҳамаи давлатҳои иштироккунандаи ин Шартнома ҳисоб карда мешавад…”

Хулоса, аз Русия ва 5 давлати дигар, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳам 150 нафар сарбозону афсарон ба қаламрави Қазоқистон ворид шуданд. Амалиёти беадолатонаи узви давлатҳои амнияти дастаҷамъӣ аз 6 то 19 январи соли 2022 давом кард, ки дар ин тӯл даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ гузошт.

Сарварони ин созмон ба хатогии ҷидди роҳ доданд. Чунки ин ноороми — нооромии дохилӣ буд, на аз хориҷа…

Вале ахбори давлатии Қазоқистон пай дар пай дурӯғ мегуфт, гӯё ба шаҳри Алмаато 12 000 террористҳо аз давлатҳои хориҷӣ (ҳамсоя кишварҳо) дохил шуда бошад. Ягона дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки яке аз шаҳрванди Қирғизистонро боздошт намуда лату кӯб мекунанд. Дар натиҷаи тафтишот маълум гашт, ки ӯ на террорист, балки мусиқанавоз, Викрам Рузиханов будааст.

Дар ҳол Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба давлати Қазоқистон нотаи эътирози фиристод ва талаб кард, ки шаҳрванди Қирғизистон Викрам Рузиханов ба кишвари худ истирдод карда шавад.

* * *

Масъалаи дигаре, ки инҷо меорам, Ширкати хусусии ҳарбӣ (ШХҲ) “Вагнер“ аст.

Ташкилоти ШХҲ-и “Вагнер” як созмони мусаллаҳи ғайридавлатии Русия бо мақоми ҳуқуқии номуайян аст, ки аз ҷониби соҳибкори рус Евгений Пригожин таъсис дода шудааст. Дар як қатор кишварҳо мақоми созмонҳои террористиро дорад. Ҳуқуқшиносон қайд мекунанд, ки мавҷудияти ШХҲ дар Федератсияи Русия ҷиноят аст.

Муассиси ШХҲ «Вагнер» Евгений Пригожин бегоҳии 23 июн ба муқобили Москва юриш эълон кард. Вай аллакай маркази Ростовро бе ягон маъмоният ишғол намуда ба тарафи Москва “Роҳпаймоии адолат“ бо талаби истеъфои раҳбарияти ҳарбии ин кишвар эълон намуд. Вагнерчиён шаҳри Ростов лаби Донро ишғол карда, чанд минтақаро ба сӯи пойтахт гузаштанд, яъне вилоятҳои Воронеж ва як қисми Липетскро зери тасарруфи худ дароварданд ва дар рафти ҳаракат ба сӯи Москва дар қаламрави вилояти Воронеж заду хурди мусаллаҳона байни сарбозони вагнерчиён ва қувваҳои гуногуни мусаллаҳи ҳукумати Русия ба вуҷуд омад. Дар натиҷа яке аз ракетаҳо ба заводи нефткоркуни афтода завод оташ мегирад, боз як мошинаи боркаши КАМАЗ ва ё фура метаркад, (маълумот духела омадааст) ва шаш вертолёти ҷангӣ, як адад самолёти ҳарбӣ безарар гардонида шуд.

Ва Ё. Пригожин пас аз занги чандмаротибаи раиси ҷумҳурии Беларус А. Лукашенко ногаҳон тасмим гирифт, ки колоннаҳоро дар 200 километрии Москва боз дорад.

Владимир Путин ин ҳаракати “Роҳпаймоии адолат“-и ШХҲ-и Вагнерро исьён эълон намуда, Евгений Пригожинро душмани миллат эълон кард.

Вале бо миёнаравии президенти Беларус Александр Лукашенко, бегоҳии рӯзи 24-ум Евгений Пригожин эълон мекунад, ки бо сабаби хунрези нашудан, сарбозони 25 000 нафараи ШХҲ “Вагнер“-ро ба лагерҳои худ бар мегардонад ва айбномаи Евгений Пригожин лағв карда мешавад.

Пас дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд, ки Александр Лукашенко бо Евгений Пригожин телефони ҳафт маротиба гапзанон карда мутақоъид намуда аст, ки бояд аз хунрези ва аз нооромиҳои тамоми қаламрави Русия, ки оянда ба Белорусия ҳам меояд аз райъӣ худ боз гардад…

Дар рӯзҳои аввали ин фоҷиа бо гуфти коршиносон ин шӯриши ноком шудаи Русия исён буд ё саҳнача, ҳамчун муаммо, муаллақ мондааст, ки вақт нишон медиҳад.

Инҷо чанде аз андешаи коршиносонро меорам:

Назари раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар бораи ҳодисаҳои дар Федератсияи Русия рӯйдода, чунин изҳори андеша кард. Вай кирдори роҳбари ШХҲ «Вагнер» Евгений Пригожинро хиёнати нафратангез номид.

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Ҳама ҳодисае, ки рӯй дода истодааст, корд задан ба пушт ва шӯриши воқеии ҳарбӣ аст!”. Вай инчунин ёдовар шуд, ки борҳо ҳушдор дода буд, ки дар давраи ҷанг вақти изҳори шикояти шахсӣ ва ҳалли онро надорад.

Евгений Рощин, пажӯҳишгари Донишгоҳи Принстон (ИМА) итминон дорад, ки Пригожин дар бораи сар задани исён худаш тасмим нагирифтааст, балки бо дастгирӣ, (Инҷо дастгирӣ аз тарафи кӣ, киҳо наомадааст), ҳатто дар дохили худи дастаи ШХҲ тарафдорони худро дошт.

Манбаи Би-би-сӣ ба ёд меорад, ки Пригожин, соҳибкор ва марде, ки собиқаи ҷиноӣ дошт, тавонист як ширкати бузурги хусусии низомӣ созад ва дар он ҷо афроди дорои таҷрибаи ҷанги доштаро ҷалб кунад.

Аён аст, ки ба баъзе воҳидҳои муҳимтарини Вагнер афсарони бонуфуз фармондеҳӣ мекунанд. Дастгирии онҳо барои шахсе, ки аз тиҷорат ва фармоишҳои давлатӣ аллакай як чизи бузург аст. Пас, ин на танҳо шикояти шахсии Пригожин, балки дастгирии вай аз тарафи афсарон аст мегӯяд. Рощин афзуд, ки ин афсарон шояд дар Вазорати дифоъ ва дигар нерӯҳо робита дошта бошанд, ки дар он ҷо мардум ҳам аз вазири дифоъ Сергей Шойгу ва дар маҷмӯъ аз вазъи артиши Русия норозӣ бошанд.

Ба гуфтаи коршинос Владимир Яковлевич Гелман, сиёсатшиноси рус, номзади илмҳои сиёсӣ, профессори Донишгоҳи аврупоии Санкт-Петербург ва Донишгоҳи Ҳелсинки, “фармони ахири Шойгу дар бораи он ки ҳама воҳидҳои ихтиёрие, ки дар ҳайати як гурӯҳи низомии Русия дар Украина меҷанганд, бояд бо Вазорати дифоъ қарордод имзо кунанд, метавонист Пригожинро ба шӯриш оғоз кунад. Фармони вазир боиси радди шадиди Пригожин гардид ва дар шарҳи он изҳор дошт, ки “ҳеҷ як аз чанговарони ШХҲ «Вагнер» омода нест, ки роҳи нангинро пеш гирад ва аз ин рӯ, ҳеҷ кас шартнома намебандад».

Евгений Пригожин сабаби ба масофаи 200 километр дуртар аз Москва чойгир кардани армияи худро шарҳ дод.

Дар лаҳзаи ба Москва наздик шудани отряди якуми штурмовар маълум гардид, ки ҷанг боиси талафоти зиёд шуда метавонад. Бинобар ин қарор дода шуд, ки колоннаҳои чанговаронро боз гардонад.

Ин изҳоротро тоҷир Евгений Пригожин дар як паёми аудиоии 11-дақиқаӣ баён кард. Ин аввалин тамоси Пригожин буд, ки баъди ба охир расидани исён буд.

Вақте, ки отряди якуми штурмовар ба Москва наздик шуд, маълум шуд, ки хуни зиёд рехта мешавад, бинобар ин мо як намоиши он чӣ ки мо кардан мехостем, басанда ҳисоб карда, қӯшунҳои худро ба самти лагерҳои худ сафарбар кардем. Вай афзуд, раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба артиши ШХҲ-и “ Вагнер “ имкони кор дар мақоми қонуниро пешниҳод кард ва соҳибкор тасмим гирифт, ки ҷангиёнро ба урдугоҳҳои саҳроӣ барад.

Пешгӯии коршиносон Евгений Рощин пажӯҳишгари Донишгоҳи Принстон (ИМА) ва коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон Абдуманнон Шералиев оиди ҳамкории Е. Пригожин бо генералҳои артиши Русия дуруст баромад. Ба ин исён, ҳоло ҳамроҳии 30 нафар генералҳо муайян карда шудааст.

Аз ҷумла аъзои ШХҲ “Вагнер“ аз соли 2017 бо рақами житони М3744, узви фахрии ШХҲ “Вагнер“ Сергей Владимирович Суровикин фармондеҳи низомии Русия, сарфармондеҳи нерӯҳои ҳавоии кайҳонӣ аз 31 октябри соли 2017. Қаҳрамони Федератсияи Русия (2017), Қаҳрамони Ҷумҳурии мардумии Луганск (2022), (ҷумҳурие, ки ба ҷуз Русия ягон давлат нашинохтааст, дар асл як қисми вилояти Украина аст). Сергей Владимирович Суровикин ба ҳабс гирифта шуд.

Хадамоти федералии амнияти Русия барои безарар гардонидани Е. Пригожин фармон гирифтааст. Оқибат чӣ мешавад, вақт нишон медиҳад?

Инҷо ҷавоби банда чунин аст. Ҳар нафаре, ки дар роҳи мубориза барои молу дунё ва мансаб шуда дар нимаи роҳ мемонад ба ҷони худ ҷабр (сӯиқасд) кардааст…

Идома дорад

Оставьте комментарий