Дидгоҳ

Ба ҷои даъват аз Муҳаммадиқбол, худатон метавонед аз камбудиҳои ҷойдошта бигӯед?

“Он шахсоне, ки мегӯянд, ки агар мард бошӣ инҷо биё, дар инҷо кор кун ва гап зан. Ӯ чаро равад? Аввалан ҷон ба саломат гирифта ба Европа омад. Сипас ба паси панҷара биравад?! Агар ақли солим медоштед ба ҷои Муҳаммадиқболро даъват намудан, худатон аз камбудиҳои ҷойдошта, аз фасоди саросарии кишвар овоз баланд мекардед?..”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (4))

Дар бахши сеюм, оид ба нооромии кишвари Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022 ва муроҷиати Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба СПАД оғоз карда будем.

Ин ҷо оиди асли ҳодиса якчанд нуқтаро меорем: рӯзи 2 январи соли 2022 пас аз болоравии якбораи нархи гази моеъ, ки дар рӯзи 1-уми январи соли 2022 ба муносибати гузаштан ба механизми нархгузории бозорӣ, эътирозҳо дар шаҳри Жанаозен, дар ғарбии Қазоқистон, аз тарафи кормандони корхонаи истихроҷи гази моеъ оғоз шуда буд. Аммо рӯзҳои 3 — 4-уми январ, ба дигар шаҳрҳои кишвар аз ҷумла ба кӯчаҳои Алмаато ҳазорҳо шаҳрвандони демократихоҳ, озодандешон, ислоҳотгарон ва донишҷӯён рехтанд. Эътирозгарон аз талабҳои иқтисодӣ ба талабҳои сиёсӣ, аз ҷумла истеъфои ҳукумат ва аз сиёсат, барканор намудани нахуст раисиҷумҳури кишвар Нурсултон Назарбоевро ба пеш гузоштанд.

Чорум ва панҷуми январи соли 2022 дар Алмаато намоишҳои эътирозӣ ба бетартибиҳо, аз ҷумла оташ задани биноҳои давлатӣ, ғоратгарӣ мубаддал гашт ва ҳукуматдорон назорати шаҳрро аз даст доданд, қароргоҳи собиқи раисиҷумҳур ва ҳокимият (шаҳрдорӣ) сӯзонда шуд, эътирозгарон фурудгоҳи Алмааторо ишғол карданд. Дар аксари шаҳрҳои дигар, аз ҷумла пойтахти Қазоқистон, Нур-Султон, ҳукуматдорон таҳти назорати худ қарор доданд.

Дар Қазоқистон вазъияти фавқулодда эълон карда шуд — аввал дар баъзе минтақаҳо, баъдан дар саросари кишвар. Дар тӯли чанд рӯз интернет қатъ шуд, ки боиси қатъ шудани кори пардохтҳои ғайринақдӣ гардид. Нархи гази моеъ боздошта шуд, вале эътирозҳоро коҳиш дода натавонистанд. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳукумати Аскар Маминро барканор кард ва ба ҷои Нурсултон Назарбоев Шӯрои амнияти Қазоқистонро ба дасти худ гирифт.

Рӯзи 6 январ бо дархости раисиҷумҳури Қазоқистон амалиёти СПАД дар Қазоқистон эълон шуд, ки ба он нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва 5 кишвари дигари шомил шуда, як миссияи “бо ном“, посдори сулҳ барои ҳифзи иншооти муҳим, мусоидат ба ҳифзи тартибот, режими амалиёти зидди “террористӣ“ ва поксозии шаҳрҳо аз эътирозгарон оғоз шуд.

Бар асари ин ҳодисаҳо дар кишвар нахуствазир, котиби давлатӣ ва раиси палатаи поёнии парлумон иваз шуданд. Аз 16 вазирон нисфи он иваз карда шуд. Назарбоев мақоми раҳбарии ҳизби ҳокими Нур Отанро аз даст дод. Ин мавқеъро Тоқаев ишғол кард. Яъне Тоқаев пурра ҳокимиятро ба қабзаи худ гирифт.

Инҷо СПАД ҳам сабабгори хунрезӣ ва бӯғи кардани ҳамоишгарони озодандешон, адолатхоҳон шуд.

Хулоса маълум шуд, ки Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ бепоя ва бебақо буда, дар пояи дурӯғу ботил бунёд шудааст.

Узвияти Тоҷикистон дар ин Созмон маъное надорад. Бори дигар такрор менамоям, ки танҳо зарари иқтисодӣ — сиёсӣ, экологӣ ва маънавӣ дорад.

Мисоли равшан, охирон боздошт ва латукӯби донишҷӯёну муҳоҷирони Тоҷикистони дар Русия. Шахсе, ки дар даст кафлез дорад ба ӯ 100 сол, дуқат шуда хизмат кунеду як маротиба гуфтаашро иҷро накунед, ё пишакашро пишт гӯед тамом…

Чаро? Чунки солҳои тӯлони лаббай гуфта хизмат кардед, ба рушди иқтисодиёт, ташкили соҳаҳои саноат, нақлиёт, иҷтимоиёт ва маорифу тандурустӣ аҳамият надодед “гӯр сузаду дег ҷӯшад“ гуфта рӯз гузарондед ва гузаронда истодаед.

Ин ҷо ба Шумо як мисолеро меорам: магар ба ҷои “Байни додситонии кулли Тоҷикистону Эрон оид ба боздошту истирдоди“ ҷинояткорон созишнома имзо бастан ва ё аз Ҳукумати Фаронса талаб доред, ки Муҳаммадиқболи Садриддинро истирдод кунанд.

Фарз кардем чанд мухолиф аз Эрон ва Муҳаммадиқболи Садриддинро аз Фаронса овардед пас чӣ?

Инҷо оиди ин масъала чанд нуқтаеро арз менамоям:

1. Аз масъулони ҳукуматии зинаҳои гуногуни кишвар талаб карда шавад, ки гуноҳ, хиёнат ва ҷиноят накунанд, то ки мардум ба Муҳаммадиқболи Садриддин, аз ҷиноятҳои онҳо арз нанамоянд;

2. Сониян, вақте, ки мактубҳои ба сайти “Ислоҳ тв” ворид шударо Муҳаммадиқбол ифшо ва ошкор менамояд, ин ба фоидаи органҳои қудрати аст, ки зуд гунаҳкоронро зери тафтишоти худ қарор медиҳанд;

3. Ба мардум муроҷиат намоед, то ки аз дарди худ ба Шумо нависанд, Шумо, ҳатман ба дарди мардум расидагӣ намоед, вақте, ки ба арзу шикоятҳои мардум ҷавоби қонуни намедиҳед, ва ё тамоман эътибор дода намешавад, пас мардум маҷбур мешавад, ки ба Муҳаммадиқбол муроҷиат менамояд, то ки дарди миллатро ба мардум расонад;

4. Дар сурати пеши роҳи ҷинояткоронро нагирифтан, тамоми соҳаҳоро фасод фаро мегирад. Аз ҷумла, замини давлат — миллатро масъулони давлатӣ фурӯхта тамом мекунанд, пас насли оянда ба кӣ шикоят ва ё аз кӣ талаб мекунад…;

5. Он шахсоне, ки мегӯянд, ки агар мард бошӣ инҷо биё дар инҷо кор кун ва гап зан. Ӯ чаро равад? Аввалан ҷон ба саломат гирифта ба Европа омад. Сипас ба паси панҷара биравад?! Агар ақли солим медоштед ба ҷои Муҳаммадиқболро даъват намудан, худатон аз камбудиҳои ҷойдошта, аз фасоди саросарии кишвар овоз баланд мекардед?!

6. Муҳаммадиқбол аз инҷо ҳам, барои Шумо талош дорад, гап мезанад, то ки Шумо озод ва як зиндагии арзанда дошта бошед. Чаро намефаҳмед ё худатонро ба нофаҳмӣ мезанед, гуё ҳеҷ чизро намебинед намешунавед! Мақомот бо ғорати буҷа, порахурӣ ва корҳои фаҳш машғуланд. Шахсони намоёнро аз корхонааш, таълимгоҳ ва ё аз назди хонааш гирифта мераванд, зери зулм ва лату кӯб ҷон ба ҷонофарин месупоранд ва якеро ба дарёи Фон дигареро ба дарёи Варзоб ва ё Зарафшон мепартоянд. Мисол, омӯзгори Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Исмоил Раҳмоновро, сарҳанг (полковник)-и милиса Акмал Юсуфзода зӯран ба мошин савор карда, ба самти Варзоб бурдааст, ки ӯро бо гумони одамрабоӣ боздошт карда шуд. Дар натиҷаи тафтишот маълум гашт, ки ӯ Исмоил Раҳмоновро кушта ба дарёи Фон партофтааст.

Қотилони охирон рабудашуда, ҷонишини аввали “Ориёнбонк“ Шӯҳрат Исматуллоев, — Дилшод Саидмуродов ва Акбар Аҳмедов ба Русия, Шоҳрух Хӯҷаев ва Рустам Ашӯров ба Туркия фирор мекунанд, мақомот хабар надорад, боз чӣ кор кунанд. Ва ё дастдарозии кормандони корҳои дохилии ноҳияи Истаравшан ба духтарчаи 15-солаи қишлоқи Лакат, ба лату кӯби 3 нафар милитсияи ин ноҳия анҷомид. Боз ба Шумо миллати дар маҳкамаи бо номи Тоҷикистон буда, чӣ кор кунанд, ки аз хоби гарон хезед?

7. Ба мақомот тавсия медиҳам, ки ба ҷои корҳои пучу ҳеҷ ба беҳтар намудани Вазорати Дифоъ, кӯшишу гайрати худро сарф намояд, то ки фарзандони камбизоату бечора, пас аз хизмат сиҳату саломат ба хонаашон баргарданд.

Ба фасодкорӣ даст назанед?! Поксозӣ намоед, то ки порахурӣ аз байн бардошта шавад! Медонед?! Дар сохторҳои ҳуқуқи ( қудрати ) дар як амалиёти порахӯрӣ 500 000 доллар, 200 000 доллар, ёки 150 000 доллар пора ба даст оварда истодаанд. Авҷи фасодкорӣ дар Вазорати молия, Кумитаи андоз, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва иҷтимоӣ… ба ислоҳи ин даст бизанед?

Он пулҳое, ки ба даст овардед, ҷои кори ташкил намоед. Яъне ба истеҳсолот, коркарди истихроҷи металлургияи ранга ва дигар соҳаҳо бизанед. Чанд нафар ба истихроҷи нуқра, тилло, волфрам, висмут, сурма ва дигар маъданҳо машғули кор шавед. Ин соҳаҳоро аз дасти чиниҳо гиред, то ки ба худи Шумо ва миллат фоидае биёрад.

Чанд нафари дигар ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва бунёди каналҳои обёри даст ба кор гиред. Чанд нафар барои коркарди пӯст ва пойафзолдузиро ба кор дароред.

Чанд нафар барои коркарди замин ва ташкили фермаҳои чорводории ширию гӯшти машғул шавед.

Ҳар соҳае, ки аз дастатон меояд ба он даст бизанед. Дар сурати ба истеҳсолот харҷ накардани пули ба даст овардаатон, бидонед, ки пули зиндаи давлат ва миллатро ба пули мурда табдил додаед;

8. Шумо то ба кай аз пайи мухолифони озодандеш, адолатхоҳ, ҳақҷӯ, миллатдӯсту ватанпарвар, ки дар ватан нестанд, овораю саргардон дар кишварҳои бегона зиндагӣ ба сар мебаранд, душмани меварзед, вақти худро зоя сарф мекунед? Шумо ватанро зери қабзаи худ гирифтед, мардумро дар ба дар кардед? Боз чӣ мехоҳед?

Идома дорад

Оставьте комментарий