Дидгоҳ

Ин ҳама кӯмакҳои ИМА ба Тоҷикистон куҷо шуданд?

“Дар 10.05.2022 дар як нишасти матбуотӣ, сафири Амрико дар Тоҷикистон, Ҷон Марк Поммершайм дар бораи равобити 30 соли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон суханронӣ кард. Вай гуфт, ки ИМА дар соли 2022 аз лиҳози кӯмаки молӣ кӯмаккунандаи рақами яки Тоҷикистон аст ва Амрико дар бораи амнияти кишвари Тоҷикистон 60 млн доллари дигар кӯмаки молӣ ҷудо мекунад. Сафир қайд кард, ки дар оянда Амрико ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҳимояи сарҳади Афғонистон медиҳад. Яъне ба 20 млн доллар паҳбодҳо харидори мешавад. Аз рӯи гуфти сафир маълум шуд, ки дар тӯли 30 сол Амрико ба Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд доллар кӯмаки молӣ расондааст…”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (7))

Вақте, ки ҷомеъаи шаҳрвандии дохилӣ ва хориҷӣ исбот намуд, ки ворид намудани сарбозон ва афсарони посдорони сулҳи СПАД ба яке аз узви паймонҳои худ бар хилофи моддаи 5-уми оинномаи созмон аст, афсарони посдорони сулҳи созмон, зуд аз хоки Қазоқистон хориҷ шуданд.

Қосим Ҷомарт Тоқаев оид ба амалиёти посдорони сулҳи СПАД шахсан ба ҳамтои русаш Владимир Путин барои вокуниши “гарм“, “рафиқона“ ва “самимӣ“ ба дархости кӯмак дар робита ба эътирозҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳори сипос кард.

Президенти Белорус Александр Лукашенко бо посдорони сулҳи Белорус, вақти бозгашт аз Қазоқистон, дар фурудгоҳ, нақшаи амалиёти посдорони сулҳи Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ, аз тарафи руасои ҷумҳуриҳои Русия ва Белорус нақшаи таҳия намудани интиқоли посдорони сулҳро ошкор намуд, ки дар тӯли як соат аз тарафи В. Путин ва А. Лукашенко омода шудааст.

Саволе пайдо мешавад, ки масъалаҳои изтирории Созмонро Русия ва Белорус ҳал намоянд. Боқимонда кишварҳои узви созмон, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, Никол Пашинян, магар таҳқир намешаванд?!

Ё худи онҳо, худро ба чунин таҳқир шудан оварда расониданд?!

Тазоҳуроти мардумиро, мухолифини дохилии ҳукумат ва президенти ҷумҳурӣ Қосим Ҷомарт Тоқаев ба хун оғушта карданд. Тоқаев ҳатто фармон дод, ки беогоҳи ба тазоҳуротгарон тир кушода шавад.

Дар бисёри шаҳрҳои ҷумҳурӣ аз соати 23: 00 то пагоҳи 7: 00 ҳолати фавқулода эълон карда шуд.

Дар тӯли 10 рӯз, тазоҳуроти мардумӣ, дар зери таъсири гурӯҳҳои ҷиноӣ аз худ 4500 нафар шаҳрвандони захмӣ, ки 67 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд, 225 нафар кушта, аз ҷумла 18 нафар аз сохторҳои қудратӣ ( танҳо дар як шаҳри Алмаато 160 нафар кушта, аз ҷумла 149 нафар шаҳрвандони мулки ва 11 нафар аз шумори сохторҳои қудратӣ ), ба 545 нафар делои ҷинояти оғоз шуд, 672 нафар дар изоляторҳо ҷойгир карда шуд ва миллиардҳо зарари молиро боқӣ гузошт.

Вале тазоҳуроти мардумӣ, ба ду ҳокимияти, нуқта гузошт. Яъне Элбаси, диктатор Нурсултон Назарбоевро куллан аз саҳнаи сиёсӣ дур кард, ки тақдири ояндаи ӯ то ҳол номаълум аст…

Даъвати ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ СПАД, оиди масъалаи нооромии Қазоқистон рӯзи 10 январи соли 2022 оғоз шуд.

Дар ҷаласа Ҷ. Тоқаев, суханрони намуда, иброз дошт, ба раиси Шӯро Никол Пашинян барои кори фаврӣ, оид ба мувофиқа расонидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ташаккур мегӯям. (Эътибор диҳед, “оид ба мувофиқа расонидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ташаккур мегӯям.“)

Дар идомаи суханронии худ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин барои дарк ва ҳалли масъала, зуд фиристондани контингенти посдори сулҳи СПАД ба Қазоқистон дубора изҳори миннатдори менамояд.

Яъне ба Шумо, Владимир Владимировичи азиз, мо аз рӯзҳои аввали “ ҲУҶУМИ ТЕРРОРИСТӢ “ ба мамлакат алоқаи доимӣ доштем, гуфт ӯ. Аз ин лиҳоз ояндаи Қазоқистон дар дасти В. В. Путин аст.

Банда дар ояндаи Қазоқистон, ду роҳро мебинам:

1) роҳи аввал, Қазоқистони озод, матбуоти озод, кишвари адолатпеша, интихоботҳои шаффоф, демократӣ дошта ва амали намудани он барномаи ислоҳотие, ки Тоқаев рӯзи 11-уми январ ( 2022 ) ба мардуми кишвар пешниҳод кард;

2) роҳи дуюм, роҳи интегратсияи байни Русия, Белорус ва Қазоқистон, ташкили иттиҳоди давлати ягона аст.

Ҷаноби Тоқаев, дар суханронии худ, аз 20 000 террористонӣ дар хориҷи кишвар тамрин дида хабар дод. Вале, Хадамоти амниятӣ ҳамагӣ як нафар миллати қирғиз, Викрам Рузиевро латукӯб карда ёд додаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бигӯяд, ки як шахси номаълум занг зада ваъда дод, ки дар сурати дар тазоҳуроти мардумӣ, иштирок карданаш, ҳаррӯз 200 $ пардохт менамоянд.

Ӯ ки бе ҷои кор будааст, рози мешавад, роҳкироро мефиристанд ва ӯро дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд. Ба як ҳуҷраи истиқомати бурда ҷойгир мекунанд, ки дар он ҳуҷра тоҷикҳо ва ӯзбекҳо ( эътибор диҳед тоҷикҳо ва ӯзбекҳо ) ҳам истиқомат доштаанд, вале онҳо ҳамдигарро намефаҳмидаанд.

Ӯ гуфтаҳои амниятро, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад…

Дар боло зикр карда будам ва бори дигар зикр менамоям, ки ӯ дар асл, шахси бекор набуда, балки мусиқанавози касбӣ буда аст. Ӯро масъулини баландпояи Ҳукумати Қирғизистон, аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гашта, зуд нотаи эътирози мефиристанд, то ки ба кишвари Қирғизистон истирдод намоянд.

Ворид шудани қувваи низомии Тоҷикистон, ба хоки Қазоқистон, ин баробари лашкар кашидан, дахолат кардан ба кишвари ҳамсоя ва миллати дӯст ба шумор рафта, ҳамчун ҷиноят арзёби мегардад.

Аз тарафи дигар, мо бояд, ояндабин, дурбин бошем.

Дар қаламрави Қазоқистон даҳҳо, мумкин садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони тоҷик кору фаолият доранд, ки ин иқдом ба амнияти имрӯзу фардои онҳо хатарҳоеро эҷод мекунад ва боиси барангехтани низоъ байни тоҷику қазоқ хоҳад гашт.

Ин ҳолат ҳатман бар зарари муҳоҷирон ва соҳибкорони мо анҷом хоҳад ёфт…

Магар ба мо душмании қирғиз бас набуд, ки, боз миллати қазоқро ҳам душмани миллати худ қарор диҳем?

Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар суханрониҳои худ дар ҷаласаи СПАД борҳо таъкид менамояд, ки дар он сӯи Аму террористон қарор гирифтаанд, ки ба оромии кишвар таҳтид доранд.

Инҷо мақсад тарс додани мардуми кишвар аст, ки огоҳ бошед, дар тарафи Афғонистон террористон тамрин гирифта истодаанд, имрӯз ё пагоҳ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда ба Афғонистони ҷангзада табдил медиҳанд.

Хонандаи азиз! Аз он рӯзе, ки донишҷӯ будам (1963 — 1967) то ҳол мардуми кишварро аз Афғонистон тарс медиҳанд. Шояд бо тарс додани ин роҳ, Хадамоти вижаи пинҳонии кишвар зери ин садо як иғвои дигареро омода кунанд. Лекин то ҳол аз тарафи Афғонистон ягон гурӯҳ ё давлат ба кишвари азизи мо лашкар накашидааст.

Баръакс давлати собиқ Шӯравӣ буд, ки дар соли 1979 ба қаламрави Афғонистон лашкар кашид, дахолати ноодилона кард. Дар натиҷа, дар ин ҷанги ғайриодилонаи байни ИҶШС ва Афғонистон ҳазорҳо нафар мардуми мулкӣ ва ҳазорҳо нафари дигар афсарони мусалмони Шӯравӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ин ҷанг ҷанги тоҷиккуш буд, ки 10 сол давом кард ва соли 1989 бо кӯшиш ва ташаббуси Михаил Сергеевич Горбачёв Артиши ИҶШС (СССР) аз қаламрави Афғонистон бароварда шуд.

Имрӯз рӯзе расидааст, ки мо бояд қудрати дарк карданро дошта бошем, ки давлат ва шаҳрвандон як воҳиди ягонаанд, ин мафҳум тақсимнашаванда аст, ба хусус вақте, ки сухан дар бораи кишвар-миллат меравад.

Давлат бояд риояи қонуну тартибот, ҳифзи ҳуқуқи амнияти шаҳрвандонро мувофиқи қонуни ҷорӣ кафолат диҳад, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ бо сифати баланди давлатӣ таъмин намояд. На ин ки озодандешон ва ҷавонони ғаюри миллатро саркӯб бикунад ва паси панҷара бибарад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркӯб кардани мардуми ғаюри кишвар ва махсусан Хадамоти махфии кишвар давом дода ва шабеҳ ба эътирозҳои Қазоқистон, ки ба он Маскав дахолат кард, идома диҳанд.

Боз яке аз масъалаҳое, ки баррасӣ менамоям, шикастани рӯҳияи мардуми ғаюр ва ҷасури кишвар, ки тахминан аз соли 1995 то ин вақт аз тарафи дастгоҳи органҳои қудратӣ — низомии ҷумҳурӣ давом дорад.

Яъне саркӯб кардани мардуми озодандешон аз шаҳри Хуҷанду Истаравшан оғоз ёфта то мардуми Раштонзамину мардуми ғаюри Бадахшон давом дорад. Ҳатто дар маҳбасхонаҳои Хуҷанду Ваҳдат даҳҳо нафари бегуноҳро зери хок гузоштанд…

Инҷо мехоҳам оиди кӯмакҳои ИМА чанд сухане бигуям: рӯзи 10. 05. 2022, Сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм, дар нишасти матбуотӣ, ки дар бораи равобити 30 соли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ кард. Дар ин нишаст сафири Амрико гуфт, ки ИМА дар соли 2022, аз лиҳози кӯмаки молӣ рақами яки Тоҷикистон мешавад. Дар давоми суханронии худ сафир иброз дошт, ки Амрико дар бораи амнияти кишвари Тоҷикистон 60 млн доллари дигар кӯмаки молӣ ҷудо мекунад. Сафир қайд кард, ки дар оянда Амрико ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишин барои ҳимояи сарҳади Афғонистон медиҳад. Яъне ба 20 млн доллар паҳбодҳо харидори мешавад.

Аз рӯи гуфти сафир маълум шуд, ки дар тӯли 30 сол Амрико ба Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд доллар кӯмаки молӣ расондааст, ки мо бояд инро дарк намоем.

Барои тасдиқи гуфтаҳои сафири ИМА, сухани Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода рӯзи 4-уми август (2023)-ро меорем: ӯ гуфт, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳҳо зиёд карда шуда истодааст, ки як қисми ин дидбонгоҳҳо бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла ИМА, сохта шуда истодаанд, ки ба беш аз сад расидааст. Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар ҳудуди 1400 километр буда участкаҳои мушкил гузарҳам воқеъ аст, ки назорат ва идора кардани чунин участкаҳо хеле мушкил аст.

Аз ҷумла, Усмонзода дар бораи амалҳои террористие сӯҳбат кард, ки аз сӯи ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон доимо хатаре эҷод карда мешавад. Вале ӯ мушаххас накард, ки кадом гурӯҳҳо…

Масъулини Тоҷикистон даҳсолаҳо аз хатарҳо ва таҳдидҳо аз тарафи Афғонистон нигаронӣ доранд ва ин нигарониҳо тӯли ду сол аст, ки баъди ба қудрат омадани гурӯҳи Толибон бештар шуд ва раисҷумҳур ҳам даъват дорад, ки дар Афғонистон як ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи миллатҳо бошад. Яъне мавқеи тоҷикони Афғонистон ҳам ба назар гирифта шавад.

Дар интиҳои ин банд (СПАД) гуфтанӣ ҳастам, аз нақшаҳои нопоки худ даст бикашед! Вақте нарасидааст, ки миллатро ба ҳоли худ гузоред, то ки зиндагии оромонаашро бинад! Шумо аз паи ободии кишвар, оромии миллат ва зиндагии арзандаи мардуми худ ва кишвар шавед!

Идома дорад

Рубрики:Дидгоҳ

Помечен как:, ,

Оставить комментарий