Амруллоҳи Низом
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, иттифоқи хомӯшон аст. Акнун ин маркази эҷоди андеша ва тафаккур не, балки мазори бархе ба ном нависандагонест, ки пеш аз марг вафот кардаанд.
Аз Иттифоқи хомӯшон, ки аксари аъзои он орзӯ доранд баъд аз марг дар қабристони Лӯчоб ё Сари Осиёи пойтахт гӯронида шаванд, касе пайдо нашуд, ки ба нафъи ҳамсаф, ҳампеша ва ҳамрешаву ҳамкосаву ҳаммаслаки садо баланд кунад.

Эзоҳ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон аз соли 2013 ба ин узви ин иттиҳодия аст, ки бо садои баланд алайҳи ҷаноби муаллифи китоби «Ҳаводиси рӯзгори ман» Абдухалил Холиқзода ва Абдукодир Рустам садо баланд кардааст.
Ёдовар мешавем, ки хеле аз аъзои Иттифоқи хомӯшон худро фарзандон ва ё решапайвандони муллову домулло, эшону сӯфиву ҳоҷиву ва ғайра медонанд, аммо, вале, локин дар расонидани паёми Ҳақ ва ҳақиқат аксари онҳо фармони ғайри Худо, ғайри виҷдони покро пайгирӣ ва пайравӣ мекунанд.
Эътироф бояд карда гуфт, ки ҷуръат, ҷасорат ва ҳақталабии Abdukodir Talbakov, ки бо садои баланд чанд бор озодии нависанда Абдукодир Рустам-ро аз мақомоти кишвар хост, сутӯданист.
Ин мусалмонзода беҳтар аз ҳама он писарону пайвандони муллову сӯфиву эшону ва ғайраҳум аст, ки ҳама дар водии хомӯшон мунтазири ҷанозаи худ нишастанд, то пас аз марг ҷасадҳои онҳоро дасти кам дар яке аз гӯристонҳои пойтахт ҷой диҳанд.
Рубрики:Андеша, Нақду назар

