Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо судури баёнияе, аз ҳамаи ҳамватанон даъват кард, ки рӯзи ҷумъа (29 сентябри 2023), соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ, дар эътироз ба мулоқоти мақомоти Олмон бо раисони ҷумҳури кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, “назди макони мулоқотҳо ҳамроҳи эътирозгарони кишварҳои дигари ОМ ширкат кунанд ва садои муштараки миллатҳоро ба ҷаҳониён бирасонанд.”
Дар ин баёния, бо баёни ин ки “истифода аз фурсатҳо барои расонидани садои мазлумон, зиндониёни сиёсӣ ва муҳоҷирон ба ҷаҳониён ва эътироз алайҳи даъвати диктотурҳо ба кишварҳои мутамаддин, яке аз вазифаҳои нерӯҳои мухолиф дар хориҷ мебошад”, ёдовар шудааст: “Сафари роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба Олмон яке аз ин фурсатҳост. Бинобар ин, Паймони Миллии Тоҷикистон баробари огоҳ шудан аз ин сафар ва дар ҳамоҳангӣ бо мухолифини сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ, дархости расмӣ барои баргузории тазоҳурот дар назди қасри раёсатҷумҳурии Олмон; ҷойи баргузории мулоқот, равон кард. Ҷавоби расмӣ ва мусбат ба ин дархост рӯзи 26-уми сентябр гирифта шуд.”

ПМТ дар идома хотиррасон кардааст: “Даъвати оммавӣ барои ширкат дар тазоҳуроти дигар бахшида ба ҳамин мавзӯъ аз тарафи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” эълон шуд, ки ПМТ онро ҷонибдорӣ мекунад.”
Баёния бо таъкид бар ин ки “баргузории чорабиниҳои умумӣ ва муштарак паёми қавие ба миллат ва ҳамзамон ба диктотурҳо дорад”, гуфтааст: “ПМТ аз ҳама ҳаммиллатон, ба хусус аъзо ва ҷонибдорони ПМТ даъват мекунад, ки дар ҳамаи тазоҳуротҳо алалхусус дар тазоҳуроти назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин фаъолона ширкат кунанд. Инчунин, аз ҳама ҳамватанон даъват мекунад, ки дар эътироз назди макони мулоқотҳо ҳамроҳи эътирозгарони кишварҳои дигари ОМ ширкат кунанд ва садои муштараки миллатҳоро ба ҷаҳониён бирасонанд.”
Гуфтанист, бино бар хабари сомонаи президенти Олмон, Френк Валтер Штейнмайер ва роҳбарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон субҳи 29-уми сентябр дар қароргоҳи президенти Олмон гуфтугӯ хоҳанд кард.
Бар асоси ин хабар, мулоқот бо раҳбари кишвари муҳими аврупоӣ дар ҳоле барпо мешавад, ки 19 сентябр раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк дар доираи мулоқоти С5+1 бо президенти ИМА Ҷо Байден мавзӯи тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду амният ва соҳибкориро баррасӣ карданд.
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо, Эъломияҳо



