Ахбори Анҷуман

Ислоҳоти кадрӣ дар ПМТ

Ҷаласаи васеъи Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи он бо иштироки раиси ПМТ, муовинаш ва дигар масъулин баргузор гардида, дар он масъулини ҷадиде, ки бо қарори раиси ПМТ ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд, муъаррифӣ гардиданд.

Дар натиҷаи ислоҳоти кадрӣ, бо қарори раиси Паймони Миллии Тоҷикистон Исломҷон Саидов ба симати раиси Дастгоҳи иҷроияи ПМТ, ки масъулияти иҷроии фаъолиятҳо ва назорат аз онро бар душ дорад, таъйин гардид.

Ҳамчунин, бо қарори раиси ПМТ Салим Султонзода ба унвони сухангӯи Паймон мансуб шуд.

Дар робита ба ислоҳот дар мақомҳои намояндагии Паймон дар кишварҳои аврупоӣ, тайи ҳукми раиси ПМТ Илҳомҷон Ёқубов ба ҳайси намояндаи Паймон дар Литва, Суннатуллоҳ Давлатзода ба ҳайси намояндаи Паймон дар Нидерландия ва Ҷумъа Шеров ба симати намояндаи Паймон дар Лаҳистон таъйин гардиданд.

Баъд аз муаррифии масъулини ҷадид, раиси ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ, суҳбат намуда, хотирнишон сохт, ки таъйини масулини ҷадид ба ин вазифаҳо баёнгари он аст, ки роҳбарият ва дустону ҳамсафони ишлн ба онҳо боварӣ ва итмиънон доранд, ки аз уҳдаи анҷоми ин масъулиятҳо хоҳанд баромад ва талоши худро дар ин маврид хоҳанд кард.

Сипас, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон барои онҳо муваффақияту комёбӣ орзу намуд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

27.09.2023

Рубрики:Ахбори Анҷуман, Хабарҳо

Помечен как:

Оставьте комментарий