
Ҳамватанони азиз чуноне огоҳ ҳастед, рӯзҳои 28, 29 уми сентябри соли 2023 диктатор Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти «Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер» дар Олмон қарор дошт.
Субҳи 29 уми сентябр тамоми мухолифони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ширкат варзидан дар ин тазоҳуроти эътирозӣ, ки дар назди «Бундестаг» и Олмон шуда гузашт ҷамъ шуданд.
Ҳамин тавр Раиси ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев чорабиниро ифтитоҳ бахшида аз ҳамаи иштирокчиён самимона истиқбол ва сипос гуфт.
Ӯ иброз дошт, ки роҳбарияти кишвари Олмон ҳангоми вохӯриҳои худ бо диктатор Эмомалӣ Раҳмон бояд мавзӯи ҳуқуқи инсонро дар миён гузорад.
Ҳамчунин илова намуд, ки сол то сол вазъияти ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадтар шуда истодааст.
Барои оддитарин ибрози фикру андеша дар ин кишвар бо «сиёсати хирадмандона»ашон, ҳукумат шаҳрвандонро террористу экстремист гуфта бо солҳои тӯлонӣ зиндон равон мекунад.
Ҳамчунин узви фаъоли КШНГЗС Тоҷикистон Фарҳод Одинаев риштаи суханро идома дода, қайд намуд «мо имрӯз инҷо ҷамъ шудем дар муқобили диктаторҳои Осиёи Марказӣ хитоб мекунем, ки: нишастан бо диктаторҳо ин зулм аст, ин ҷиноят аст, диктаторҳоро набояд аз ҳам ҷудо кард, диктаторҳои Осиёи Марказӣ аз диктаторҳои русӣ, белорусӣ ҳеҷ фарқе надоранд ва мо зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ талаб мекунем, ки ҳамаи фаъолони сиёсии зиндоншуда дар ин кишварҳо озод карда шаванд.»
Алим Шерзамонов муовини Раиси Паймони Миллии Тоҷикистон дар ар баромади хеш илова намуд, ки «мо тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Олмон зиндагӣ дорем, хубтар мебуд ин ҳама эътирозҳои худро бо забони олмонӣ баён медоштем, то инҳо воқеан дарк намоянд, ки дар кишвари мо як диктатураи тӯлонӣ солҳо боз ҳокимият дорад.»
Илова кард, ки «ман намефаҳмам, чихел дипломатҳои аврупоӣ бо диктаторҳои Осиёи Марказӣ даст мефишоранд, чихел инҳо бо диктаторҳое, ки дар кишварҳои худ даст ба қатлу куштори сокинони осоишта машғуланд даст мефишоранд.
Ҳамчунин ба мисли мо бояд фаъолони мадании олмонӣ аз роҳбарони кишвари хеш талаб намоянд, ки чаро бо диктаторҳо даст мефишуранд?»
Баъдан фаъоли сиёсӣ Вайсиддин Одинаев суханронӣ карда, ба ҳамаи иштирокчиёни ин тазоҳурот арзу сипоси худро расонид, ки новобаста аз шароит ва мушкилиҳои доштаи худашон кӯшиш карданд, ки дар ин тазоҳурот иштирок варзанд, то садои адолатхоҳонаашонро ба гӯши диктаторҳои кишварҳои худ бирасонанд.
Иброз дошт, ки «мо бояд бидонем дар мо диктатураи дарозмуддат ҳаст, дар мо озоди ақида ва иттилоот нест, дар мо озодии табъу нашр нест.
Пас агар имрӯз ту худатро мард, падари фарзандонат эҳсос мекуни, дар ин ҳолат мо қарздорем, то ин режимро тағйир диҳем, чун кӯдакони мо қарздор нестанд муддати тӯлонӣ ин режимро сабр намоянд.
Ман 30 сола ҳастам, падаронамон сабр карданд, мо сабр кардем, аллакай фарзанди ман дар ин режими диктатории Раҳмонов таваллуд шуд.
Ман бо писарам дар режими диктатории Раҳмонов таваллуд шудем, агар мо пеши роҳи ин режимро нагирем, метавон гуфт наберагонамон ҳам дар ин режим таваллуд хоҳанд шуд.»
Амруллоҳи Низом журналисти мустақил ҳангоми суханронии хеш таъкид намуд, ки «имрӯзҳо теъдоди зиндониёни сиёсӣ, ки бо иттиҳомҳои сохтаву бофта пушти миллаҳои зиндон нишастаанд кам нестанд, балки ҳар рӯз дар ҳоли афзудан қарор дорад, ки шумораашон ба садҳо нафар мерасад.
Мо инҷо ҷамъшудагон паём ва таъкидотӣ ягонаи худро ба роҳбарияти СММ, Канслери Олмон Олаф Шолтс мерасонем, ки ҳар навъ муносибат кардан бо диктаторҳо ҷиноят ҳаст.»
Ҳамчунин иброз кард, ки «мо аз ҳукумати Олмон тақозо мекунем он кӯмакпулиҳои молиявии худро, ки дар даҳ соли охир ба кишвари Тоҷикистон додааст як комиссияи босалоҳият таъсис диҳад онҳоро дубора бозбинӣ намоянд.»
Ҳамчунин дар ин тазоҳурот мухолифин аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҳузур доштанд, ки онҳо низ аз таъқибу фишор, боздошту зиндонӣ ва саркӯб шудани мардуми осоиштаи кишвари хеш садо баланд намуданд.

