“Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар пештоқи донишгоҳи Стелленбос паёми зер навишта шудааст: “Нобудии ҳар миллат ниёзе ба истифода аз бомбҳои атомӣ ё истифода аз мушакҳои дурпарвоз надорад. Танҳо чизе, ки лозим аст, коҳиши сифати таҳсил (дониш) ва тақаллуб ба донишҷӯён дар имтиҳонот аст…”

(Андар соҳаи маориф ва илм (1))
Худоё, чунон кун оғози кор,
Ту хушнуд бошию мо растагор.
Соҳаи маориф ва илм, яке аз бандҳои барномаи банда ба шумор мерафт, вале ин тӯли чанд сол аст, ки ба ин мавзӯъ кор нагирифтам, бо ин ки худ дар ҳамин соҳа тӯли 38 сол заҳмат кашида, фарзандонамро бо пули муаллимӣ ба воя расондам. Вале чун имрӯз мебинам, соҳаи маорифро фасод ба монанди растании зарпечак ва ё тортанак бо торҳояш печонида гирифта ва сол аз сол нафасгир (нафастиққа) шуда, ба уқёнуси бузург ғарқ шуда, қариб аст, ки ҳалок шавад ва аз тарафи дигар аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шуда истодаам, ки соҳаи маорифро фасодҳои гуногунн: молӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, фаро гирифтааст, ба ҳамин хотир натавонистам, лозим дидам нукотеро ба арзи хонанда бирасонам.
Чанде аз бародарҳо тавсия доданд, ки дар як сатҳи мулоим ва аз рӯи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, на ба он ахлоқе, ки тамоми соҳаи маорифро фаро гирифтааст, матолибе бинависам.
* * *
Инҷо мехоҳам аз оятҳои китоби азимушшаън (каломуллоҳ) оғоз намоям.
Ҳазрати Ҷабраил (а), ки барои нахустин бор ба Паёмбар Муҳаммад (с) ваҳй овард, он чанд ваҳйи аввалӣ бегумон мӯъҷиза ва ба илова, поягузори илми имрӯза ҳам ҳаст.
Нахустин бор 5 ояти қуръон нозил шуд, ки ҳамаи он дар атрофи тақрибан як қазия баҳс мекунад. Ин қазия бегумон қазияи дониш (илм) аст. Худованд мефармояд:
“Бихон ба номи парвардигорат, ки ҷаҳонро офарид. Ҳамон кас, ки инсонро аз хуни бастае халқ кард. Бихон, ки парвардигорат аз ҳама бузургвортар аст. Ҳамон касе, ки ба василаи қалам таълим намуд. Ва ба инсон он чиро намедонист ёд дод.” (Сураи Алақ, оятҳои 1-5)
Бешак оғози ваҳй ба ин шакл ва ба ин муҳтаво, инсонро ба андеша вомедорад.
Аҷобат дар он аст, ки Худованд аз миёни ҳазорон мавзӯе, ки Қуръон дарбар гирифтааст, як мавзӯи муайянро ихтиёр карда ва ба василаи он, китоби ҷовидонашро ҳусни ибтидо бахшидааст. Пас метавон гуфт, ки ин оятҳо калиди фаҳми ин дин аст; калиди фаҳми дунёву охират аст. На танҳо ин муъҷизаи осмонӣ — Қуръони маҷид, дар бораи илм, аҳаммият ва арзиши он баҳс мекунад, балки тақрибан ягон сурае нест, ки ё бевосита ва ё бавосита аз илм сӯҳбат накарда бошад.
Чун хостам ҷойгоҳи калимаи “илм” ва ҳамрешаҳои онро дар ин дастури абадӣ муайян намоям, дидам, ки ба 779 калима мерасад, ки ин тақрибан 7 баробари сураҳои Қуръон аст. Агар барои шуморидани вожаи “илм“ ба ҳодисаҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯ оварем, ба душвори рӯ ба рӯ мегардем. Дар китоби “Саҳеҳи Бухорӣ“ зиёда аз 300 маротиба ин вожа мавриди зикр қарор гирифтааст, ки ин танҳо яке аз китобҳои ҳадис ба шумор меравад.
Ҳамчунин аз назари Қуръони карим, аҳаммияти қазияи илмро мо на танҳо аз оғози дини ислом мушоҳида мекунем, ҳатто аз рӯзи офариниши Одам (а) ин падида зуҳур кардааст.
Худованд ҳангоме, ки Одам (а)-ро офарид, фариштагонро амр намуд, то ба ӯ саҷда кунанд. Сабаби ин ҳама мартабаи баланд ва иззату каромати Одам (а) ба даст овард, илм буд, ки Худо барояш омӯзонидааст. Ин фазилат сабаб шуд, ки ӯ “ҷонишини Худо дар замин“ унвон гирифт. Дар ҳар давру замон ҳар инсоне, ки ба илм даст ёфт, ӯ сазовори ҷонишинии Аллоҳ хоҳад гашт. Баръакс шахсе, ки ба ҷаҳлу нодонӣ розӣ шуд, аз файзи дониш худро барканор гирифта ба насибаи каме илм қонеъ гардид, бегумон аз мансаби ҷонишини маҳрум аст, зеро ҳанӯз ба ин мақом лоиқ нагардидааст.
Фотеҳи боби одамӣ илм аст,
Чашмаи оби зиндагӣ илм аст.
Ҳамин тавр, бо мушоҳида мерасад, ки илм меҳварӣ ва асосӣ дар ҳаёти инсоният аст. Бинобар ин бузургони мо марги олимро марги олам донистаанд. Зеро реҳлати ӯ аз дунё боиси фасоди қалбҳои мардум мешавад мардум аз ғояи офариниши худ бехабар мемонанд, арзиши воқеии худро дар зиндагӣ гум мекунанд.
Худованд чӣ зебо башорат дода:
“Худованд онҳоро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки аз илм баҳра доранд, дараҷоти азиме мебахшад.”
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:
“Ҳар кас барои талаби илм роҳеро ихтиёр кунад, парвардигор роҳи ҷаннатро ба ӯ осон месозад. Ҳамоно фариштагон болҳои худро бар толибони илм мегустаронанд. Тамоми аҳли осмонҳову замин, ҳатто наҳанг дар қаъри баҳр барои марди донишманд аз Худо истиғфор металабад. Фазли олим бар обид, ҳамчун фазли маҳтоб дар шаби чаҳордаҳ бар соири ситорагон аст. Олимон ворисони паёмбаронанд, ки онҳо на динору дирҳам, балки илмро мерос гузоштанд.“ (ривояти Имом Тирмизӣ, ҳадиси 1388/13)
Дар ҳадиси дигар мефармоянд:
“Ҳар кас кашфҳояшро дар талаби илм ғуборолуд кунад, Худованд оташи дӯзахро бар вай ҳаром мегардонад.” (Ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Муслим)
Боз Паёмбар Муҳаммад (с) фармуданд:
“Илмро талаб кунед, агарчӣ дар Чин бошад.”
Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар пештоқи донишгоҳи Стелленбос паёми зер навишта шудааст:
“Нобудии ҳар миллат ниёзе ба истифода аз бомбҳои атомӣ ё истифода аз мушакҳои дурпарвоз надорад. Танҳо чизе, ки лозим аст, коҳиши сифати таҳсил (дониш) ва тақаллуб ба донишҷӯён дар имтиҳонот аст.“
Собиқ Сарвазири Сингопур, дар яке аз нишастҳояш, дар посухи пурсише чунин гуфта:
“…Ман дар Сингопур мӯъҷизае насохтаам. Ман танҳо вазифаи худро дар назди ватан иҷро накардаам, ман танҳо буҷаи давлатро ба соҳаи таълим равона кардам. Ман муаллимро аз табақаи пасттарин ба табақаи баландтарини Сингопур расонидам. Одамоне, ки мӯъҷизаҳо мекарданд, муаллимон буданд. Онҳо насли наврасро ба воя расонданд, ки илм, ахлоқ, меҳнат ва ҳақиқатро дӯст медоранд, мо барои ин аз онҳо миннатдорем.”
Идома дорад
Рубрики:Дидгоҳ

