
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар номае ба Канслери Олмон, Олаф Шолтс, бо ишора ба истирдод ва сипас зиндонӣ шудани Абдуллоҳ Шамсиддин, гуфт: «ПМТ аз Шумо хоҳиш менамояд, ки нуфузи худ ва имконоти дипломатии кишвари Олмонро барои раҳоии пайвандони эътирозгарони Берлин ва бозгардонидани Абдуллоҳи Шамсиддин ба назди фарзандонаш истифода намоед.”
Вай дар ин нома бо баёни ин ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми сентябр, бо даъвати Шумо дар саммити «Олмон-Осиёи Марказӣ» ширкат намуд, гуфт: «Мо ба сиёсати Олмон, ки дар робитаҳои худ бо низомҳои авторитарӣ муколамаро авлавият медиҳад, эҳтиром қоилем, аммо ин чиз моро нигарон месозад, ки ин ҳамкориҳо боиси истифодаи таблиғотӣ аз тарафи режимҳои худкома ва саркӯби бештари ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва мухолифин мешавад.»
Кабирӣ дар идома бо ишора ба ин ки ҳангоми сафари Раҳмон ба Берлин, мухолифин ва пайвандони зиндониҳои сиёсӣ тазоҳуроти эътирозӣ ташкил намуданд, гуфт: «Пас аз бозгашт, мақомоти Тоҷикистон пайвандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлинро мавриди шиканҷа қарор доданд ва қисме аз онҳо ҳанӯз ҳам дар боздоштанд.»
Роҳбари ПМТ бо баёни ин ки пештар ҳам мақомоти Олмон фарзанди яке аз фаъолони сиёсӣ яъне Абдуллоҳи Шамсиддинро, новобаста аз талошҳои мо барои пешгирӣ аз он, ба Тоҷикистон ихроҷ кард, ки ба муддати 7 сол зиндон шуд, ёдовар шуд: «Паймони Миллии Тоҷикистон аз Шумо хоҳиш менамояд, ки нуфузи худ ва имконоти дипломатии кишвари Олмонро барои раҳоии пайвандони эътирозгарони Берлин ва бозгардонидани Абдуллоҳи Шамсиддин ба назди фарзандонаш истифода намоед.»
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Ҳуқуқи башар, Ҷомеа

