
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ба баҳонаи зодрӯзи Абдуқодири Рустам
Дар бораи чароии нобино будани устод Рӯдакӣ ва балоҳое, ки аз ноҳияи ҳокимон гиребонгираш шудааст, дар китобҳо гузоришҳое нақл шуда, ки ба назар мерасад, он гузоришҳо бо таваҷҷӯҳ ба назири ин балоҳо, ки аз сӯйи ҳуккоми вақт бо рӯдакиҳои замонамон мешавад ва ба аён мебинем, нодуруст ва носаҳеҳ аст, балки иллати он кӯр карданҳо, чизе дигар аст.
Масалан, нақл мешавад, ки гӯё сабаби кӯрӣ ва нобиноии устод Рӯдакӣ ин ҳасудони ӯ будаанд, ки ба амири сомонӣ гузоришҳои нодурусте дар бораи Рӯдакӣ мерасонданд ва дарбор, ба ҳамин хотир нобинояш сохта. Албатта, гузоришҳои дигаре низ дар бораи иллати нобиноии устод Рӯдакӣ нақл шуда, ки он ҳам шабеҳи ҳамин нақл ва наздик ба он аст, ки сабабаш гӯё чандто ҳасуд ва ҳасадварз будааст. Дар бораи зиндонӣ шудани Бӯалӣ Сино низ иллати он, ҳасодати чандто ҳасуд гуфта мешавад. Ва аҷиб он ки кучактарин ишорае ба иллати сиёсӣ ва ин ки чаро амирони вақт бо онҳо чунин рафтор кардаанд, намешавад. Масалан, гуфта намешавад, ки ин бузургон аз амирон интиқод мекарданд, ки сабаб шуд умаро нобино ва ё зиндонашон кунанд.
Ин нақлҳо дар мавриди нобино карда шудани устод Рӯдакӣ, дуруст мисли ин мемонад, ки ба унвони мисол бигӯем, марҳум устод Отахон Латифӣ ҳасудони зиёде дошт, ҳасодати онҳо сабаб шуд, ки марҳум кушта шавад. Ва ба ҳамин нақл иктифо бишавад ва иллати сиёсии терури марҳум Латифӣ ва даст доштани режими Раҳмон дар он, аслан мавриди ишора қарор нагирад.
Фикр мекунам, ин гузоришҳои таърихӣ ё ба дасти муаррихони дарборӣ навишта шуда ва ё лоақал дарбор дар ин гузоришҳо дастандозӣ кардааст, то иллати аслии моҷаро барои насли баъдӣ норавшан боқӣ бимонад.
Албатта банда таърихнигор нестам, ин кори як муаррих аст, ки дар ин маврид ковиш ва таҳқиқу баррасӣ кунад, банда фақат ҳадс задам, на ин ки назари қатъӣ иброз дошта бошам.
Ин нуктаро бо таваҷҷӯҳ ба ин балое, ки ба сари устод Абдуқодир Рустам аз ноҳияи режими Раҳмон оварда шуд, мегӯям. Зеро сабаби зиндонӣ шудани устод Абдуқодири Рустам чист? Оё ҳасодати чандо ҳасуд аст масалан, ки ба режим гузоришҳои носаҳеҳ дар бораи эшон дода ва сипас Раҳмон ба хотири он ӯро зиндон кардааст? Ҳаргиз ин нест!
Балки воқеият ин аст ва ба аён мебинем, ки сабаби ин зиндон кардан – ки умедворем анқариб озод шавад – ҳақгӯии устод дар баробари режим буд, интиқодҳои бисёр дурусти устод аз режим ва мақомоти кунунӣ буд, ки бо кишвар ва мардум бозӣ накунанд. Шумо нигоҳе ба изҳори назарҳои ӯ дар сафҳааш дар Фейсбук бикунед, он вақт мефаҳмед, ки чаро ӯро зиндон кардаанд.
Интиқодҳое, ки ӯ аз режим мекард, ҳеч кас ҳатто дар берун аз қаламрави Тоҷикистон, ҷуръати тарҳи онҳоро надорад, то чӣ расад ба касоне, ки дар дохиланд, ҳама мисли буз метарсанд, аммо устод Абдуқодири Рустам шуҷоъона ва бебокона ин интиқодҳоро мекард. Ин буд, ки ӯро зиндон карданд.
Бинобар ин, нобино кардани устод Рӯдакӣ ва ё зиндон кардани Бӯалӣ ва ҳаводисе шабеҳи он, инҳо ҳама сабабҳои сиёсӣ дошта ва ҳокимони вақт дар ин балоҳо мустақиман даст доштанд, он ҳам ба далели интиқодҳои устод Рӯдакӣ ва ё Бӯалӣ Сино аз дастгоҳи ҳокима ва мақомот ва аз шахси амирони вақт. На ин ки сабаби ин балоҳо ҳасодати чандто ҳасуд дониста шавад ва интиқодҳо ва истодани он бузургон дар баробари ҳукком ва мақомот ва пайкори онҳо пинҳон карда шавад.
Ҳоло матлабе, ки мехоҳам ба баҳонаи зодрӯзи устод Абдуқодири Рустам бигӯям ин аст:
Аз ин ба баъд, дигар ҳаром аст шоирон ва нависандаҳо ва рӯзноманигорон ва ба истилоҳ зиёиёни тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, дар бораи амсоли устод Рӯдакӣ ва нобино шудани ӯ бинависанд ва лаб ба шикоят аз амирони вақт ва мақомоти даврони устод Рӯдакӣ ва ё Бӯалӣ Сино ва мардуми он замон гушоянд, ки масалан, ба қадри Рӯдакӣ намерасиданд ва арзиши Бӯалиро намешинохтанд ва хулоса, одамони бисёр беурзае будаанд!
Лутфан дигар аз ин ҳарфҳо нагӯед, ки худатонро шарманда сохтаед! Медонед чаро?! Барои ин ки вақте устод Абдуқодири Рустам аз сӯйи режими Раҳмон зиндонӣ шуд, шумо ҳатто алиф нагуфтед! Тарсидед, ки шумо ҳам зиндонӣ мешавед ва ҳатто агар дар хориҷед, аз он тарсидед, ки ба наздиконатон дар дохил осеб мерасад, ба ҳамин ҷиҳат лаб боз накардед.
Шумо ҳеч фарқе бо ҳамон одамони ба қавли худатон беурза дар даврони устод Рӯдакӣ надоред!
Ин ёддоштҳое, ки ба муносибати зодрӯзи устод Абдуқодири Рустам навиштаед ва алъон хондам, дар инҳо бо камоли таассуф, дар бораи чароии зиндон шудани он бандаи Худо ишорае накардаед, фақат таърифу тавсифҳои беҷо! Чаро хитоб ба Раҳмон ва атрофиёнаш намегӯед, ки устодро озод кунад?! Чаро?!
Саломат бошед
Бори дигар устод Абдуқодири Рустамро ба муносибати зодрӯзаш табрик мегӯям.



