Дидгоҳ

Раҳмон Набиевро Сафаралӣ Кенҷаев водор ба истеъфо карда буд

“Ба эътиқоди Муҳаммадсаид Ризоӣ, яке аз фаъолон ва раҳбарони ҲНИТ, Раҳмон Набиев аз сӯйи Сафаралӣ Кунҷаев ва мақомоти тоҷики моил ба Ӯзбекистон, маҷбур ба истеъфо шуда буд. Ӯ мегӯяд: “Сафари Президент Раҳмон Набиев ба Хуҷанд, ки дар он, дар майдони ҳавоӣ боздошт ва маҷбур ба истеъфо карда шуд, як сафари корӣ буд, на фирор. Атрофиёни Р. Набиев ва мансабдорони моил ба Ӯзбакистони ҳамсоя муллоҳо бо саркардагии домулло Абдуғаффорро истифода карда, ин тарҳро кашида буданд, то Р. Набиевро барои ҳамешагӣ барканор созанд. Дар ин тарҳ дасти Сафарали Кенҷаев, ки аз раёсати Порлумон барканор карда шуд ва Р. Набиев аз ӯ ҳимоят накард, дарозтар аст.

Назаре ба воқеъаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (7)

(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)

Пас аз мансабталошиҳои масъулин ва депутатҳои Шӯрои Олӣ гирдиҳамоиҳои шабонарӯзӣ, тӯлонӣ, хаймазаниҳо, гаравгонгириҳо, асорату шиканҷа, қатли шаҳрвандон ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 ба вуқӯъ пайваст.

Аз ин нооромии кишвар кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон бо роҳбарии як диктатори хунрез Ислом Каримов, ба ташвиш афтода, ба Раҳмон Набиев пешниҳод мекунад, ки ҳамоишгаронро саркӯб ва тирборон намояд. Раҳмон Набиев изҳор дошт, ки ман ба миллати худам тир намекушоям ва масъулинро вазифадор мекунад, ки ба ҳамоишгарони сулҳомез яроқ истифода карда нашавад, дар сурати истифодаи яроқ, муҷозот карда мешаванд.

Вале Тоҷикистони Ҷанубӣ ва махсусан шаҳри Душанберо нооромӣ фаро мегирад. Раҳмон Набиевро хатари ҷонӣ таҳдид мекард, ӯ маҷбур мешавад, ки дар двизияи 201-уми Русия паноҳ бигирад, пас аз се рӯз мехоҳад, ки ба шаҳри Хуҷанд биравад, дар фурудгоҳ пеш аз парвоз, гурӯҳе бо сарварии имоми масҷиди Ҷанубӣ ( бо номи Южний машҳур буд ) мулло Абдуғаффори танка, Давлати Усмон ва як тӯдаи БТР — ҳои аз кӯчаи одоб нагузашта, ахлоқӣ инсонӣ ва фарҳанги исломӣ надоштаи исломиён, ки худро диногоҳ мешуморанд, вале аз рафторашон маълум буд, ки аз дини мубини ислом ва ахлоқи ҳамидаи исломӣ бӯйе надоранд.

Президенте, ки бо 60,44 дар сади мардуми Тоҷикистон овоз додааст, Шумо чӣ ҳақ доред, ки аризаи истеъфоро нависеду бигӯед ва маҷбур бисозед, ки ба ин имзо гузор, ҳамон навор, дар вақти навиштани ин сатрҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, давр мезад, ки Шумо худатон дар кадом аҳвол будед, ин натанҳо шармандагӣ, балки бо се иштибоҳе, ки то ин шармандагии Шумо, аз тарафи ҳукуматиҳо шуда буд, дар якҷоягӣ сабабгор ва поягузорони ҷанги шаҳрвандӣ ва ба сари қудрат омадани ин золими хунхор Шумо ҳастед: иштибоҳи аввал аз тарафи Сафаралӣ Кенҷаев нисбати генерал Мамадаёз Навҷувонов дар Шӯрои Олӣ, иштибоҳи дуюм дар байни ҳамоишгарони майдони Озодӣ, тақсим намудани бо шумораи 1700 аслиҳа ва иштибоҳи сеюм роҳбарони шаҳри Хуҷанд ва вилояти Ленинобод ( Суғд ) бо баҳонаи ёрдами башардӯстона дар зери орд дар мошинҳои боркаш ба шаҳри Кӯлоб ворид намудани яроқ, ки то ҳол ислоҳи онро намеёбанд…

Шумо ба Эмомалӣ Раҳмонов барои ба сари қудрат омадани он поя гузоштед. Ӯ Шумо ва миллатро зулму шиканҷа, зиндонӣ, қатли ом, қисмеро бадарға ва қисме ба ҳиҷрат баромадем. Шумо бо ин кори ӯ хурсанд ҳастед?!

Ҳол он ки яке аз шоҳидон Ҳоҷӣ Азизхуҷа, намояндаи аршади ҳизби исломӣ мегӯянд, ки Рахмон Набиев намояндаҳои ҲНИТ ва дигар ҳизбҳою ҳарактҳоро даъват карда, биёед барои ободонии кишвар ва зиндагии арзандаи миллат якҷоя кор мекунем… Боз чӣ мехоҳед?

Шоҳиди дигари он воқеъаҳо, узви баландпояи ҲНИТ, Муҳаммадсаид Ризоӣ бар ин назаранд:

Сафари Президент Раҳмон Набиев ба Хуҷанд, ки дар он, дар майдони ҳавоӣ боздошт ва маҷбур ба истеъфо карда шуд, як сафари корӣ буд, на фирор. Атрофиёни Р. Набиев ва мансабдорони моил ба Ӯзбакистони ҳамсоя муллоҳо бо саркардагии домулло Абдуғаффорро истифода карда, ин тарҳро кашида буданд, то Р. Набиевро барои ҳамешагӣ барканор созанд. Дар ин тарҳ дасти Сафарали Кенҷаев, ки аз раёсати Порлумон барканор карда шуд ва Р. Набиев аз ӯ ҳимоят накард, дарозтар аст.

Ба ин далолат мекунад суханони раисҷумҳури вақти Ӯзбакистон, Ислом Каримов, ки дар чанд баромадҳояш нисбати ноӯҳдабароии Набиев мегуфт. Ӯ мегуфт Набиев наметавонад Раисҷумҳур бошад, бояд тазоҳургаронро бо қувва, натиҷааш ҳар чизе бошад пароканда кунад. Ин дар ҳоле буд, ки Раҳмон Набиев нисбати тиркушоӣ ва қатли мардум дар шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои атрофи Душанбе (н. Рудакӣ, собиқ Ленин) на танҳо мегуфт, ки “ман мардумамро намегузорам кушта шаванд” балки бо сароҳат гуфта буд, ҳар кӣ фармони тирпаронӣ додааст дар пеши қонун ҷавоб медиҳад.

Муҳаммадсаид Ризоӣ дар нисбати вуруди Сафаралӣ Кенҷаев баъди хатми Сесияи таърихсӯзи XVI, ба ин назар аст, ки: “Кенҷаев ба Душанбе бо як нерӯе тоза, бетаҷриба, ки бештарашон ҷавонони бехабар аз тактикаҳои ҷангӣ буданд, барои касби қудрати бештар дар ҳукумате буд, ки Ислом Каримов уро канор зад ва Эмомалӣ Раҳмоновро овард. И. Каримов як идда хостаҳоеро барои дар оянда ҳукумат кардан дар Тоҷикистон гузошт, ки С. Кенҷаев қабул надошт, бинобар Раҳмонов бо ризояти силоҳбадастони Фронти Халқӣ, ки бештари фармондеҳони он тавассути дастгоҳи амниятии Ӯзбакистон роҳбарӣ мешуд, шартҳоро қабул ва барои “роҳбарии Тоҷикистони оянда” муносиб дониста шуд.

Муҳимтарин шартҳо марбут ба ҷойгоҳи муаяни Ӯзбакистон ва узбектаборони Тоҷикистон, тағйири куллӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ва маҳор кардани ислом ва аз байн бурдани шахсиятҳои динӣ буд.

Идома дорад

Оставьте комментарий