Баёнияҳо

Баёнияи Паймони Миллии Тоҷикистон оиди узвияти Тоҷикистон дар СПАД

Ҷумҳурии Арманистон тасмим гирифт, ки узвияти худро дар СПАД (ОДКБ) бозмедорад ва Паймони Миллии Тоҷикистон чунин иқдомро сазовори як давлат ва миллати мустақилу соҳибкаромат медонад. Ва ба ин бовар аст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узв дар минтақа ҳам баробари ба рушди худшиносӣ ва пеш гирифтани сиёсатҳои мутобиқ ба манофеъи миллиашон дер ё зуд ба ин хулоса хоҳанд расид.

Таҷриба нишон дод, ки СПАД на як созмони минтақавӣ барои дифоъи миллатҳо ва кишварҳои узв аз таҳдидҳои беруна аст, балки як василаи саркӯб кардани миллатҳо ва ҳимояи роҳбарони худкомаву фосид мебошад.

Мавқеъи СПАД дар ҳодисаҳои Қазоқистон ва низоъи Арманистону Озарбойҷон далели ин гуфтаҳост.

Тоҷикистон наметавонад узви созмоне бошад, ки кишвари дигари узв, яъне Русия, ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро шомили руйхати пайгарди худ кунад, бидуни ин ки ин одамон қонунеро дар ин кишвар поймол карда бошанд. Даҳҳо шаҳрвандони тоҷиктабори худро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба зиндон бифиристад ва аз онҳо ҳимоят накунад. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти фишор ба ҷанги Украина бифиристад ва даҳҳо ҳазор муҳоҷири кишвари «шарик»-и худро бидуни ҳеч далел депорт кунад.

Бинобар ин Паймони Миллии Тоҷикистон иқдоми ҷасуронаи роҳбарият ва миллати Арманистонро пуштибонӣ ва аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунад дар масъалаи узвияти кишварамон дар ин созмон ва дигар созмонҳои зери таъсири Русия таҷдиди назар кунад. То замоне, ки Русия аз таҷовуз нисбати кившарҳои ҳамсоя даст бикашад ва истиқлолияти онҳоро дар амал эҳтиром кунад, ҳампаймон будан бо ин кишвар дар ростои манфиати миллии мо нест.

Шурои Паймони Милии Тоҷикистон

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:

Оставьте комментарий