Дидгоҳ

Нерӯи барқи Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик“-ро кӣ ғорат мекунад?

Ба пешвози марафони мардумӣ

Дадоҷон Ёқубов

“Агар Шумо хоҳед, ки аз болои фасод ғалаба кунед, Шумо бояд омода бошед, ки дӯстон ва оилаатонро ба зиндон фиристед.

(Ли Куан Ю)

Шароити табиӣ-ҷуғрофии Тоҷикистон хеле гуногун буда, аз зонаи нимбиёбон, то пиряхҳои кӯҳӣ тӯл кашида, аз кӯҳҳои зебо манзар, дарёҳои хурду калон ҷорӣ мешавад, ки манбаи оби асосии онҳо, аз обҳои зеризаминӣ, борон ва барфу пиряхҳо сарчашма мегиранд.

Ба андешаи банда табиати Тоҷикистон ба монанди марворид аст, ки мо бояд, барои нигаҳдоштани он, барои насли оянда марворидона ва махсусан инсонвор рафтор намоем на…!

Манбаи асосии оби дарёҳо аз боришот буда, бештари боришот ба қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Бадахшон ва Тоҷикистони Марказӣ аз 500 то 1200 мм (қисми зиёди он дар намуди барф) меборад, ки сабабгори пайдоиши пиряхҳо гардидааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 8493 пиряхҳои кӯҳӣ мавҷуд аст, ки қариб аз 6% то 8% — и қаламрави Тоҷикистонро пӯшидааст. Яъне 11146 км² буда, 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

Пиряхҳои ба номи Федченко, Грум Гржимайло, Гармо ва Зарафшон ҷойгиранд, ки бо якҷоягии дигар пиряхҳои хурду калон тақрибан 20% — и манбаи оби дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла ба монанди дарёҳои Сир, Вахш, Панҷ, Зарафшон, Варзоб ва якчандто дарёчаҳои Бадахшон, барои рушд ва сохтмони Нерӯгоҳҳои барқии обӣ (НБО) дар минтақаи Осиёи Марказӣ роли калон мебозанд. Ин манбаъ барои рушд ва тавлиди нерӯи барқи обии нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, дурнамои калон дошта ва яке аз сабабҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон аст ва ҳамчунин роли хеле муҳимро мебозад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи обӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ дар байни мамлакатҳои ҷаҳон дар ҷои 8 — ӯм пас аз Русия, Чин, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва дар миёни мамлакатҳои ИДМ (собиқ Шӯравӣ) дар ҷои дуюм пас аз Русияи Федералӣ меистад.

Дар як худи дарёи Вахш НБО — ҳои зиёд ба монанди Бойғозӣ — иқтидори он 0,6 млн кВт, Сарбанд — , Марказӣ, Шаршара, Сангтӯда — 1, — 0,67 млн кВт, Сангтӯда — 2, — 0,11 млн кВт, Норак — 2,6 млн кВт, Роғун — 3,6 млн кВт ва дар ояндаи наздик Шӯробод сохта мешавад. Ва дар дарёи Сир НБО — и Қайроққум ба номи “Дӯстии халқҳо”, — 126 ҳазор кВт, дар дарёчаи Варзоб НБО — ҳои Варзоб — 1, 2, 3 ва дар Бадахшони Кӯҳӣ, Помир — 1 ва ба номи Тоҷикистон. Боз НБО — ҳои хурд, ки аз 5 то 1500 кВт иқтидор доранд, шумораи онҳо ҳудуди 285 — 290 буда, дар ҳудуди Тоҷикистон сохта ба истифода дода шудааст.

Иқтидори нерӯгоҳҳои барқии сохта шуда дар охирҳои соли 2014 ба 5457 МВт расид, аз ҷумла нерӯгоҳҳои обӣ 5039 МВт ва Маркази барқи гармидиҳии Душанбе — 2 ва Ёвон 418 МВт — ро ташкил медиҳад.

Захираҳои мавҷудаи умумии нерӯи барқи Тоҷикистон 527 млрд кВт/соатро ташкил намуда, ҳоло ҳамагӣ 5 — 6 фоиз аз ҳиссаи мавҷударо истеҳсол мекунему халос.

Дар соли 2014 нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон 16,4 млрд кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намуд, соли 2019 истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 млрд кВт/соат расонда шуд. Аз ҷумла ҳиссаи нерӯи барқи обӣ — 19,1 млрд кВт/соат, ҳиссаи МБГ — 1,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Агентии омор, дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 22 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​истеҳсол карда шуд, ки нисбати соли 2022, 2,2 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла: қариб 95 фоизи кувваи нерӯи барқро истгоҳҳои нерӯгоҳи обӣ, бокимондаро истгоҳҳои барқи гармидиҳӣ.

Инчунин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобиро ҳам васл карда истодаанд, ки бо микдори кам бошад ҳам истеҳсоли нерӯи барқ оғоз шуда аст.

Ёдовар мешавем, ки аҳолии деҳот, ҳудуди 70 дарсади аҳолии кишварро ташкил мекунанд, ки аз 20 сентябри соли гузашта ( 2023 ) интиқоли нерӯи барқ, пагоҳӣ 3 соат ва бегоҳӣ 5 соат ҳамагӣ 8 соат барқ дода мешавад ва баъзан рӯзҳо барқ тамоман хомӯш аст. Бо вуҷуди камбудии барқ дар дохили кишвар, моҳи декабр интиқоли он ​​ба хориҷи кишвар, тақрибан чаҳор баробар афзоиш дода шуд.

Бо истеҳсоли 22 млрд кВт/соат нерӯи барқ, сатҳи рушди иқтисодӣ, беҳбудии зисти аҳолӣ, инчунин амнияти миллӣ ва истеъмоли қувваи барқ, бояд, кишвар соҳиби пешрафти устувори соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва таъмини хуби аҳолӣ бо нерӯи барқ ба як ҷомеаи муосир мубаддал мегашт. Вале афсус..!

Идома дорад

Рубрики:Дидгоҳ, Иқтисод

Помечен как:

Оставить комментарий