Бахши дуввум
Ба пешвози Марафони мардумӣ
Дар солҳои охири фаолияти ИҶШС, ҳудуди 31-32 сол пеш, Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои иттифоқ, балки аз бисёри давлатҳои ҷаҳон беҳтару хубтар истеҳсолотро бо барқ таъмин менамуд ва хонаҳои мардум доимӣ фурӯзон буд. Аҳолӣ на танҳо камбудии барқро ҳис мекард, балки хеле бо нархи арзон аз 2 тин то 4 тин асосан бо нерӯи барқи обӣ таъмин буд.

Аз соли 2000 — ӯм инҷониб ба ҷои беҳтар намудани нерӯи барқ, сол аз сол дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди барқ ба назар мерасад. Дар фасли зимистон аҳолӣ ранҷ мекашад, корхонаҳо зиён мебинанд ва бо маҳдудиятҳои шадид дучор мешаванд. Бисёр корхонаҳо зарари ҷиддӣ дида, ба ҳадде мерасанд, ки муфлис мешаванд.
Банда сабаби муфлисшавии корхонаҳоро дар навбати аввал баланд будани андоз мебинам. Дар навбати дуюм сари вақт таъмин набудани истеҳсолот бо нерӯи барқ аст. Ва мушкилоти асосии мо нерӯи барқи истеҳсоли худиро ба аҳолӣ ва истеҳсолот надода, яъне талаботи худро таъмин нанамуда, ба хориҷи кишвар мефурӯшем.
Соли 2020 ширкати “Барқи Тоҷик” 1536 800 000 кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар содир кард. Аз он ҷумла ба Афғонистон 533,3 млн кВт/соат ва ба Ӯзбакистон 853 млн кВт/соат содир карда шуд. Соли 2021 содироти барқ дар омор бо чунин шарҳ омадааст: ба Афғонистон бо миқдори 365 млн сомонӣ ( ба ҳар як кВт 4,11 сент ) ва ба Ӯзбекистон бо миқдори 260 млн сомонӣ ( ба ҳар як кВт 2 сент ) — и содир ва ё фурӯхта шудааст.
Дар моҳи декабри соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7,2 миллион доллар нерӯи барқро содир кард, ки нисбат ба моҳи гузашта 3,8 баробар бештар аст.
Моҳи ноябр содироти нерӯи барқи Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион долларро ташкил дода буд.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2023 интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 110,4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022, 3,9% бештар аст.
Барои рушди ин соҳа Бонкҳои ҷаҳонӣ, мамлакатҳои Чин, Русия, ИМА, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маблағгузорӣ менамоянд.
Танҳо як худи Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 2 миллиарду 580 млн доллар кӯмаки моли расондааст. Аз он 1,9 млрд доллар грантҳои бебозгашт буда, аз ҷумла ба сохтмонҳои НБО — ҳо ва барои истеҳсоли нерӯи барқ аз соли 1998 то соли 2019, 1 миллиарду 540 млн доллар сармоягузорӣ намудааст. Боз кӯмакҳои бузурги молиявӣ ба нақша гирифта буд, ки аллакай 250 млн доллари дигар кӯмаки молӣ расонда шуд.
Соли 2010 президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Э. Раҳмон, аз аҳолӣ даъват намуд, то барои сохтмони Роғун саҳм дошта ва онро дастгирӣ намоянд. Дар натиҷа, аҳолии кишвар бо миқдори зиёда 890 млн сомонӣ (бо арзиши асъори хориҷии вақт зиёда 200 млн доллари амрикоӣ) аксияҳоро харидорӣ намуданд. Аз ҷумла, 22 000 нафар аҳолӣ дорои сертификати номии 5000 сомонӣ шуданд ва банда ҳам бо умеди заррае бошад ҳам, ба сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун кӯмаки худро расондам, як дона сертификати 5000 сомонӣ ва як дона 100 сомониро харидорӣ намудам.
Ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ бо шарти боло бурдани нархи барқ ва ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи Тоҷик” моҳи июни соли 2020 ба Тоҷикистон 134 миллион доллар грант ҷудо намуд.
Вакилони МН МО рӯзи 17 — ӯми октябри соли 2020 созишномаи байни Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистонро қабул кард. Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, Усмонали Усмонзода, созишномаро ба вакилони МН МО пешниҳод намуда гуфт, ки маблағи пешниҳод шуда барои дастгирии молиявии “Барқи Тоҷик” ва барои беҳбудии идоракунии ширкат равона карда мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ин нишондоди бонкро қабул кард ва то соли 2025 дар назар аст, нархи нерӯи барқ афзоиш ёбад.
Идома дорад



