Ахбори Анҷуман

Изҳороти ПМТ дар робита ба мурофиаи ғайриқонунии раҳбарони рабудашудаи “Гурӯҳи 24”

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) эътирозии қотеъонаи худро дар хусуси ду ҳукми нангини мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳомҳои қалбакӣ алайҳи Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов, намояндаи ин созмон дар Туркияро баён медорад.

Аз гузориши имрӯзи Радиои Озодӣ маълум шуд, ки онҳо рӯзи 10 октябр дар Душанбе пушти дарҳои баста ба 30 ва 20 сол маҳкум шудаанд. Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов аз моҳи феврал то марти соли 2024 пинҳонӣ аз Туркия рабуда шуданд. Танҳо рӯзи 9 август, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, эътироф кард, ки афроди рабудашуда ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд.

Ба сурати махфӣ ва пушти дарҳои баста маҳкум шудани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов, инчунин дуздона рабуда шудани онҳо, худ барои мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан месозад, ки чӣ касе дар ин моҷаро ҷинояткори аслӣ мебошад.

ПМТ ин амали мақомотро як ҷинояти ғайриқобили қабул, таҳқиромез ва фаромарзии режими зиддимардумии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 то ба ҳол қудратро ғасб кардааст, медонад.

Ёдовар мешавем, ки режим борҳо талош кардааст, Сӯҳроби Зафарро аз Туркия бирабояд. 5 марти соли 2015 дар Истамбул поягузор ва аввалин раҳбари ҷунбиши “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов аз тири қотилони режими Раҳмон ба қатл расида буд.

ПМТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва кишварҳои демократии ҷаҳон қотеъона даъват мекунад, ки боз як таъқиби ғайриқонунӣ алайҳи намояндагони мухолифини тоҷикро, ки ҳатто ба адолати судӣ чандон шабоҳат надорад, шадидан маҳкум кунанд.

Мо тақозо дорем, ки дар мавриди қазияи рабуда шудани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов аз Туркия, интиқоли ғайриқонунии онҳо ба Тоҷикистон ва ҳамчунин шиканҷа ва эъмоли маҳдудиятҳо нисбат ба онҳо, таҳқиқи мустақиллонаи байналмилалӣ сурат бигирад. Ҳама гуна беамалӣ дар ин масъала ташвиқи режимҳои диктаторӣ дар саросари ҷаҳон аст, ки рақибони худро одамрабоӣ, шиканҷа ва ба таври пинҳонӣ ба додгоҳ бикашанд ва нисбат ба онҳо ҳукм содир намоянд, ки ин тарзи рафтор, қатъан ҷиноят алайҳи башарият аст.

Мо инчунин талаб мекунем, ки ҳамаи маҳбусони сиёсии тоҷик, ки барои дифоъ аз ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандии худ маҳкум шудаанд, фавран озод шаванд.

Мо аз сарони кишварҳои демократӣ, иттиҳодияҳои кишварҳои озод ва созмонҳои ҳуқуқи башар тақозо мекунем, ки дар ҳама гуна муносибат ва доду ситад бо режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон, аввал озодии бечуну чарои зиндониёни сиёсӣ, бахусус занон, дигарандешон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, блогерҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро дар авлавияти кори худ қарор бидиҳанд.

Бо эҳтиром, Паймони Милли Тоҷикистон (ПМТ)

17.10.2024

Берлин

Оставьте комментарий