
Ба қалами Меҳмоншоҳ Шарифзода
Маҳдудияти бунёдии зиёии мо дар ин аст, ки таҷрибаи худшиносии вақтро надоранд, ки низом ва ҳаракати солим дар ҷомеа, ҷаҳонбинӣ ва давлатдорӣ аз ин таҷриба оғоз мешавад. Ва ин таҷруба ба ҳастӣ, ҳақиқат ва шинохти ҳақ ва воқеият имкони будан медиҳад, ки қудрат бо ин рӯйдодҳо сабзида аз онҳо ғизо мегирад.
Вале имрӯз мо мебинем, ки онҳо, ки худро зиёӣ меноманд аз ин таҷрибаи асл, ки аз замони Суқрот ва аз он ҳам қадимтар мардон дар он пухта мешуданд, нагузаштаанд. Худӣ (The Self) ин тӯҳфа нест, ки ба инсон бахшида шавад, балки равандест, ки аз он бояд гузашт. Тоҷикон фазои фарҳангии барои тарбияи инсони пурра хело мувофиқ доштанд ва доранд, яъне фарҳанге доранд, ки аз арзишҳо ва ормонҳои миллӣ, дини номусӣ ва умумиинсонӣ саршор аст.
Ин фазои фарҳангиро бо сиёсатбозиҳо ва идеологиябозиҳо ва манфиатҳои муваққатии гурӯҳе набояд заҳролуд кард, ки мутассифона карданд, балки дар кӯдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо ва ҷомеа барои шаклгирии ҳуввияти Тоҷик истифода бурд, ки набурданд.
Аслан равандҳои муҳими таърихии халқи Тоҷик реша дар роҳҳои худсозии Тоҷикон доштанд ва доранд. Вале имрӯз ҳамоҳангии худӣ (субъект), қудрат ва ҳақиқатро дар ҷомеаи Тоҷикон наметавон дидан ва инсони пурра он аст, ки ин се унсур (худӣ, ҳақиқат ва қудрат) дар вуҷудаш бо ҳам бофтаанд ва дар коранд. Ин унсурҳо дар сохтмони ҷомеа, давлат ва дар раванди худсозии фардҳо бунёдианд.

Имрӯз ин қавм, ки худро зиёӣ ва ё роҳбар меноманд, бо амалҳои худ исбот карданд, ки ин сатҳи фарҳангии Тоҷиконро нашинохтаанд ва аз фарҳангӣ имрӯзаи ҷаҳон ҳам бехабаранд. Мавзӯъи асосии ин қавм аз мардуми хеш душман тарошидан аст. Аз беқудратии хеш дар баробари воқеияти худ мушкилотҳои тоҷикистиниёнро дар дохил ва дар сатҳи ҷаҳонӣ наметавонанд ҳаллу фасл кардан ва бештар дар дохил бо баҳси “миллият” ва “динният” ба пароканда кардани фарҳанги ягонаи мардуми хеш машғуланд.
Мушкилии мардуме, ки ин баҳсҳоро байни мардум мекашанд, ва ин аст ки аслан чӣ будани “ҳувийят ва худӣ”-ро нашинохтаанд ва роҳи аз мушкилҳои имрӯза баромаданро наметавонанд дидан. Имрӯз, сахт ғалат аст тоҷикиятро дар як қолаби бофтагии худ, ки “ҳувийят” меноманд маҳдуд кардан ва бо турку араб бархӯрд ташкил кардан ва бадбахтона ин баҳсро боз ба дунёи маънавӣ ва равонии Тоҷикон кашидан.
Ҳувияти Тоҷик чунон бофта ва сохта шудааст, ки имрӯз агар роҳбарии дуруст медошт, бояд дар зинаҳои дигар ва бо дигар миллатҳо, яъне бо онҳое ки нақши калидӣ дар ин ҷаҳони имрӯз доранд, дар гуфтугӯ ва баҳс мебуд ва бошад. Тоҷикият дар “худӣ” аст, ки як унсури зинда, амалкунанда ва эҷодгар аст ва инсонро ҳамеша дар асолат ва дар муносибат дар эҷод ва аз ҳама муҳимаш дар озодӣ нигоҳ медорад — на дар ин қолаби таърихӣ, ки “ҳувият” гуфта баъзан донишҷӯёнро роҳгум меандозанд. Худӣ — ин ҳаракат, мубориза ва зиндагист, ҳувийят — қолаб, беҳуда гуфтан ва дар Тоҷикистони имрӯз аслан бархӯрд ва шикастан аст.
Ин маъниро, яъне асли ҳувияти инсониро, ки тағйирёбист. Мирзо Бедил бисёр олӣ баён кардааст, ки: “Ҳар мақоме маънии тағйири мо мепарварад”. Ҳамаи ормонҳои Тоҷик ин ҷост фақат дуруст Тоҷикона фикр кардан ва амал карданро бояд тавонист.
2014
Рубрики:Андеша, Ахбори Анҷуман

