Ҳуқуқи башар

Ҳушдори намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ ба сохторҳои қудратии Олмон дар бораи адами истирдоди Дилмурод Эргашев

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ (Norwegian Helsinki Committee), ба сохторҳои қудратии Олмон ҳушдор додааст, ки нагузоранд Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсии тоҷик, ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Вай дар паёме зери унвони “фаврӣ”, дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х навштааст: “Мақомоти олмонӣ ба Дилмурод Эргашев, фаъоли сулҳталаб гуфтаанд, ки ӯро фардо ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Ҷиҳати пешгирӣ аз як бори дигар нақз шудани асли адами бозгардондан, сохторҳои марбутаи федералӣ бояд дахолат кунанд!

Гуфтанист, мақомоти Олмон раванди ихроҷи Дилмурод Эргашев, фаъоли сиёсӣ ва паноҳҷӯйи 40-соларо шурӯъ кардаанд. Рӯзи 5-уми ноябр дӯстони Эргашев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти олмонӣ ба вай дастур додаанд, ки ба Шӯъбаи истирдоди Боздоштгоҳи муҳоҷирон ворид шавад ва омодаи ихроҷ бошад.

Бино бар гузориши Радиои Озодӣ, пештар хабар расида буд, ки мақомоти Олмон гуфтаанд, Дилмурод Эргашев бояд аз 5 то 7-уми ноябр бозпас ба ватанаш, Тоҷикистон фиристода шавад.

Фарҳод Одина, ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин рӯз бо Дилмурод тамоси телефонӣ дошт ва воқеан ба ӯ гуфта шудааст, ки бо либосу ашёяш омодаи сафар бошад.

Вай гуфт: “Бо вуҷуди ин ки ба мақомоти Олмон расонидем, ки ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, чун эҳтимоли боздошту шиканҷа ва зиндонӣ шуданаш ҳаст, натиҷа надод ва кишвари демократии аврупоӣ сарфи назар кард.”

Пулиси Олмон Дилмурод Эргашевро рӯзи 28-уми октябр дастгир ва дар Боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷойгир кард. Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “интизор меравад, аз 5 то 7-уми ноябр истирдод кунанд”. Ба нақли Эргашев, дар ин бора қарори Додгоҳи шаҳри Клеве низ баромадааст.

Дар мурофиа гуфтанд, ки тайи ин муддат дар Олмон мақоми паноҳандагӣ нагирифтам ва дигар ҳаққи дар ин ҷо буданро надорам. Вакили мудофеъ ба Додгоҳи олӣ ариза навишт, ки аз фиристодани ман ба Тоҷикистон пешгирӣ шавад,” – афзуд ӯ.

Дилмурод Эргашев мегӯяд, бино ба хулосаи додгоҳ, гуё дар парвандааш барои ба Тоҷикистон нафиристодани ӯ далели кофӣ мавҷуд набудааст.

Аксу наворҳоеро, ки дар гирдиҳамоиҳо дар Олмон будам, пешниҳод кардам. Мегӯянд, ин кофӣ нест ва ба ҳамин сабаб мехоҳанд, ба Тоҷикистон истирдод кунанд,” – гуфт ӯ.

Дилмурод Эргашев аз соли 2011 дар Олмон қарор дорад, аммо ҳар дафъа ба дархости паноҳандагӣ посухи рад гирифтааст.

Дар гузашта Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо чандин фаъоли сиёсиро бозпас ба Тоҷикистон фиристодаанд, ки аксари онҳо барои муҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд.

Оставьте комментарий