Ахбори Анҷуман

Ин ҷоиза барозандаи Манучеҳр буд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин ки ба як ҳаммиҳани ту ҷоизаи олиқадре эъто мешавад, ҷойи хушҳолӣ ва ифтихор дорад. Ва аммо ин ки мақомоти миҳанат ба ҷойи ифтихор ба якчунин инсон ва нишонданаш дар ҷойгоҳи муносиб ва шоистаи ӯ, ба ҷойи ин, ӯро дар сиёҳчол нигаҳ доранд, ин бешак ҷойи таъассуф дорад!

Манчеҳр Холиқназаров, ҳуқуқшинос ва кунишгари ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки 2 сол мешавад ба иттиҳоме бисёр воҳӣ ва пуч, дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебарад, дирӯз шомгоҳ (21 ноябр) дар Женев ба ӯ “Ҷоизаи Нобели ҳуқуқи инсон” эъто шуд. Ба гузориши расонаҳо, ин ҷоиза, ки ба “ҷоизаи Нобел барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон” маъруф аст, бо тасмими 10 созмони пештози ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҷумла Афви байнулмилал, Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва дигарон ба Манучеҳр Холиқназаров эъто шудааст.

Оё мақомоти кишвари мо хиҷолат намекашанд, ки якчунин инсонеро дар зиндон нигаҳ медоранд?!

Оё месазад инсон ба хотири як курсии ночизу ҳақир, дасташро ба якчунин ҷинояте биёлояд?!

Агар андак инсонияте дар шумо боқӣ мондааст, фавран Манучеҳр ва ҳамчунин соири зиндониёни сиёсиро, ки дар сиёҳчолҳои Тоҷикиистон нигаҳ дошта мешаванд, озод кунед!

Оставьте комментарий