Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, дар номае ба Матие Комб (Matthieu Combe), директори шӯъбаи Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Фаронса, бо ишора ба ин ки “созмонҳои мӯътабари ҷаҳонӣ режими Раҳмонро ҷузъи даҳгонаи хашинтарин ҳукуматҳои олам шинохтаанд”, гуфт: “Кишвари демократие мисли Фаронса набояд ин воқеъиятро дар робитаҳои худ бо чунин режим нодида бигирад.”
Раҳбари ПМТ дар ин нома, бо баёни ин ки Паймони Миллии Тоҷикистон ҷонибдори робитаҳои хуби Фаронса бо Тоҷикистон мебошад ва аз кӯмакҳои пайвастаи Фаронса ба миллати мо қадрдонӣ мекунад, хотирнишон кард: “Мо боварӣ дорем, ки дар нишасти дуҷониба, ки рӯзи 12.12.2024 дар Порис дар қолаби машваратҳои сиёсии дуҷониба байни Фаронса ва Тоҷикистон баргузор мегардад, дар қатори дигар масоил мавзӯъи ҳуқуқи башар, ба хусус вазъи зиндониҳои сиёсӣ, саркӯбгариҳои ҳукумат алайҳи мухолифин, фаъолони сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва расонаӣ ба таври ҷиддӣ дар миен гузошта хоҳанд шуд.”
Кабирӣ дар идома бо ишора ба ин ки “мухолифини тоҷик нигарон аз он ҳастанд, ки масоиле чун бадшавии вазъи ҳуқуқи башар, тақвияти фасод ва ҳукумати хонаводагӣ ва махдудшавии озодиҳо дар чунин нишастҳо авлавият надошта, дар сояи масоиле чун “мубориза бо терроризм ва таъмини амният” қарор мегиранд, гуфт: “Бидуни шак масъалаи мубориза бо терроризм дар минтақа ва кившари мо муҳим аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки ин падидаҳои манфӣ аксаран натиҷаи сиёсатҳои режими худкомае мисли ҳукумати хонаводагии Раҳмон аст. Саркӯбгарӣ ва помол кардани ҳуқуқи башар боиси ҳиҷрати садҳо ҳазор шаҳрванд ба хориҷ, аз ҷумла ба Фаронса гаштаанд, ки қисми зиёде мақоми паноҳандагӣ пайдо карданд.”
Раҳбари ПМТ бо таъкид бар ин ки “созмонҳои мӯътабари ҷаҳонӣ режими Раҳмонро ҷузъи даҳгонаи хашинтарин ҳукуматҳои олам шинохтаанд, ки ба мухолифин, дигарандешон ва фаъолони ҷомеъа бераҳмтарин муносибатро раво мебинад” унвон кард: “Кишвари демократие мисли Фаронса набояд ин воқеъиятро дар робитаҳои худ бо чунин режим нодида бигирад.”
Кабирӣ дар поён изҳори умедворӣ кард, ки “Фаронса ин фурсатро барои таъсир расонидан ба сиесатҳои фоҷеъабори ҳукумати хонаводагии Раҳмон, инчунин барои фиристодани паёмҳои мусбат ба миллати тоҷик, ба хусус, зиндониҳои сиёсӣ истифода хоҳад бурд.”
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо



