Имрӯз (11 март) ҷашни касбии рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ба Рӯзи матбуоти тоҷик маъруф аст. Анҷумани Озодандешони тоҷик (АОТ) ба ин муносибат, ҳамаи рӯзноманигорон ва хабарнигорони азизро табрик намуда, хоҳони муваффақият дар фаъолиятҳои рӯзноманигориашон мебошад.

Ва ҳамчунин АОТ бо истифода аз ин фурсат, як хоҳиш ва таманно аз рӯзноманигорони арҷманди тоҷик дорад:
Рӯзноманигорони гиромӣ! Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 нафар аз азизони рӯзноманигор дар зиндон қарор доранд, вале мутаассифона ҳеч як аз Шумо дар ин хусус на танҳо эътироз, балки ҳатто як ҳарф ба забон наовардед. Ва ин ҷойи таассуф дорад!
Шояд бигӯед, агар ҳарфе бизанед, шуморо низ дастгир ва ба зиндон меандозанд, вале агар дастҷамъона эътироз кунед, ҳамон тавре ки дар хусуси Рухшона Ҳакимова ҳама бо ҳам нома барои озод карданаш навиштанд, дар ин сурат, ҳукумат ҳеч кор карда наметавонад, имкон надорад якбора ҷамъи зиёде аз рӯзноманигоронро зиндонӣ кунад.
Бинобар ин, имрӯз вақти он аст, ки ҳамагон яксадо эътироз кунем!
Муваффақ бошед!
Бо эҳтиром, Анҷумани Озодандошони Тоҷик
Порис, Фаронса
11 марти 2025
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо



