Андеша

Фитна, қалъабандӣ ва турктозӣ

Меҳмоншо Шарифзода

Патология ё раванди пурдардӣ бо ном интиқоли қудрат дар Тоҷикистон

Имрӯз Русҳо дар Тоҷикистон на танҳо пойгоҳи ҳарбии худро доранд, балки ҳукуматдорони тоҷик худ ҷойи пойи онҳоянд. Маънии марказиии номус’ аз қадим боз ҳамин маънии “ҷой” ва «ном» буд, ва ҳаким Фирдавсӣ, ки дар мисраҳои аввали Шоҳнома мегӯяд “худованди ному худованди ҷой” ишорат ба ҳамин мекунад, ки бунёди ҳастии мардум ҳамин ду маънӣ ‘ном’ ва ‘ҷой’ ҳастанд. Бешак, назарияи номос (nomos) ё номус реша дар ҳамин ду маънии қадимаи ориёӣ доранд. Имрӯз ин қавми аз ҳошияи фарҳанг бархоста бо ‘ному’ бо ‘ҷойи’ ин мардум бозӣ доранд. Албатта Руссия аз Осиёи Марказӣ ва ба хусус аз Тоҷикистон (помир) рафтани нест ва инро дар китобҳои олим-ҷосусони русӣ аз асри 19 то имруз дидан мумкин аст ва сиёсати империолистии Путин дар Украина ва равшану ҷумшуд ё берун аз тамаддун шинохтани мардуми Осиёи Марказӣ ҳам аз ин чиз дарак медиҳанд. Дигар ин ки ҳолати фоҷеъабори муҳоҷирони Тоҷик дар Руссия, ба хусус фитнаҳои солҳои охир, ки аз тарафи ниҳодҳои қудратии рус ташкил шуданд ва мешаванд ба хотири ҳамин буданд, ва ҳастанд, ки ҳукумати хусусишудаи Тоҷикистонро зери фишор нигоҳ дошта бошанд. Вале бо ном роҳбарони ҷумҳурӣ танҳо як ҳадафи ‘муқаддас’ доштанд ва доранд, дар қудрат нигоҳ доштани ҳамин қавми музофоти-маҳалӣ ва бо ҳар роҳе, ки набошад дуо ва фатвои Путинро гирифтан. Бубинед, аз сиёсат чунон дуранд, ки #истиқлол (independence) ва #ҳокимияти (sovereignty) як мардумро ё дар як вожа номуси мардумро қурбони манфиатҳои оилавии худ кардаанд…

Дар ин раванд, дар дохили Тоҷ гуруҳҳои ҷиноии нав дар фазои фасод, дуздӣ ва дурӯғ аз худ дарак медиҳанд, ки атрофи наҷотбахши нав гирд омадаанд. Чиро атрофи ӯ, зеро қонунро таҷовуз карда дар оғуши қонун қарораш доданд ё бо шарофати “сиёсати хирадмандона” қонун дар оғуши онҳост ва ҳар гуна ки хостанд таовузаш мекунанд. Акнун, ба истилоҳи рӯзноманигор-хокшапҳо ‘ҳама гул аст’ ва ҷои ‘наҷотбахши саёра’, ‘наҷотбахш’-и навро интихоб карданд ва бо ҳамин равиш ба корҳои худ давом хоҳанд дод. Ва вазифаҳои муҳимро ба фарзандон ва хешу табор ва гуруҳҳои наздик ба худ додан ва атрофи онҳоро бо хокшапҳои содиқ мустаҳакам ё #қалъабандӣ кардан аз ҳадафҳои аслии бозингарони ин раванд аст. Мантиқи марказии ин раванд боз ҳам ҳамон сиёсати #фитна андохтан ва куштан, зиндонӣ кардан ва берун кардан боқи мондааст. Ҳоло бо ‘фатвои’ Путин, гӯё он ҳама коре ки ин солҳо боз пешво барош бехобӣ дошт ба анҷом расид ва гӯё ба мақсад расиданд ва ин ‘ҳолати фараҳбор’, ки ‘доранд’ ва дигарон мехоҳанд аз байн бурда бошанд давом хоҳад кард…

Бо ҷашнҳои дохилӣ ва ‘намоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ’, ки солҳо боз мегузаранд, аз як сӯ, ягонаи давр дӯст медорад худро ба намоиш гузошта бошад ва дигарон эътирофаш карда бошанд, аз дигар сӯ мехоҳанд бовариро дар вуҷуди мардум мустаҳкам кардан ва ҳолати мистисизми сиёсиро мустаҳкамтар кардан. Ба истилоҳи Мавлоно “об кам ҷӯ ташнаги овар ба даст”, яъне ҳолате ки дар Кореяи шимолӣ ҳукумрон аст. Раванди шикасти фардҳо дар авҷу мавҷи хеш аст ва ин ҷо ҳама ҳеҷ касанд ва фақат ягонаи давр, оилаи ‘муқаддас’ ва наздикони онҳо метавонанд коре кардан. Мардум дар чунин муҳит, ба ибораи Алтуссер, субъекти идеологианд ва ҳуввияти онҳо бо бозхост (interpellation) сохта мешавад. Онҳо ба воситаи ин идеологияи пазируфтаашон мавриди шиносоӣ ва ситоиш қарор мегиранд. Ҳама мадрасаҳо, донишгоҳҳо масҷидҳо ва дигар ниҳодҳои фарҳангӣ ба дастгоҳҳои идеулужии давлатӣ табдил ёфтаанд. Гузашт аз ин, дар сарзамин мушкилии дигаре нест ба ҷуз ‘бунёдгароии исломӣ’, ‘гурӯҳҳои тундрав’, ‘хурофот’, ’фарҳанги бегона’, ки авангард-академик-хокшапҳо ба ҷуз ситоиши пешво боз ба ба ‘ифшо’ ва тафсири ин падидаҳо машғуланд.

‘Ҳукуматдорон’ аслан ба масъалаҳои ‘сатҳи ҷаҳонӣ’ ва мушкилии пиряхҳо, об, футбол, куштин ва бузкашӣ банданд ва вақти расидагӣ ба мушкилиҳои сиёси-иқтисоди-иҷтимоии мардумро надоранд. Бубинед, имрӯз ин пропоганда, ҷашнҳо ва шиорзаниҳо то ба ҳадде таъсирбахш ва ҳуввиятсозанд, ки гуруҳе хомкала боз номзадии ‘пешво’-ро барои мукофоти Nобел пешниҳод кардаанд. Дар Аврупо бошад, ки мардум пешворо ба додгоҳи байналхалқӣ кашиданианд. Акнун, байни #Нобел ва додгоҳи байналхалқӣ дар #Гаага, кадом ғолиб мешавад!? Шояд қисме аз роҳбарони ин қавм аз ҷиноятҳои худ огоҳанд, вале бештари пайравони онҳо дар ин ҷилваи сароб, ки ҳастанд боварӣ ва имон доранд, ки ин ҳолат ҷовидонааст. Ҳадаф ҳамин аст мардумро аз воқеъият дуртар кардан ва ҷоду кардан, ки #гуёчиземегузарад. Ҷомеъаи асл дар сояи ин ҷашнҳо, намоишаҳо ва рақсҳо монда ба ҳарфи антрополог Тауссиг ба як ‘системаи асабонӣ” (#thenervoussystem) табдил ёфтааст. Воқе’ияте шакл гирифта, ки ин қавми бо ном дар қудрат буда наметавонанд онро саришта кардан ва танҳо ҷиноят кардан метавонанд…

Шоҳидем, ки натиҷаи таҳрифи ҳақиқат ва хароб кардани таркиби муносибатҳо ҳатман ба хушунат, террор ва зиндони кардани мардум ба охир мерасад, ки ин қисмати раванди фитна ва қалъабандиро ҳам хуб шинохтаанд ва онро хуб идора мекунанд. Яъне, дар ин раванд зери шиори ‘душмани халқ’, мардумеро мекушанд, зиндонӣ мекунанд ва ё аз ватан берун мекунанд ва моликияти “муҷримонро” ба ‘фоидаи давлат’ аз худ мекунанд. Яъне, хулосаи #турктозӣ ҳамин аст…

Ин қавм, ки табиатан роҳзананд, имрӯз дар ин муҳити бефарҳангӣ, пропогандаи давлатӣ ва воқе’ияти виртуолӣ хуб рушд мекунанд. Бубинед дар ҳоле, ки мардум дар як фазои ҳарҷу марҷ (chaos) бо мушкилиҳои худ дасту панҷа нарм мекунанд ва ба сиёсати солим ва роҳбаре огоҳ муҳтоҷанд, ин қавм мушкилии обу пиряхҳо ва футболро доранд баррасӣ мекунанд. Аз як сӯ, аз мардум талаб мекунанд ‘себпора ва таппак захира кунед’, ‘хомуш бошед моам меоремтун аз ин тарафу он тараф’, ‘ба сиёсат наздик нашавед, агар наздик шудед дар назди қонун ҷавоб медиҳед’, ва аз дигар сӯ, худ аз сиёсат он қадар дуранд ва аз он тарс доранд, ки ба сиёсат наздик намешаванд ва мардумро ‘рӯ ба раҳми худо’ гузоштаанд…

Меҳмоншо Шарифзода

Оставить комментарий