Торих

Таҳдиди вуҷудӣ / #existential_threat /

Меҳмоншо Шарифзода

Дар ин сарзамин қудрат аз рӯзҳои аввал қудрати асил (authentical power) нашуд ва ин қавми ба мансаб овардаи дигарон танҳо ба дурӯғ, дуздӣ ва фасод машғул шуд ва фасод, дуздӣ ва дурӯғро ниҳодина кард ва раванди миллӣ шудан ва соҳибдавлат шудани музофотҳои парокандаи замони шӯравиро аз байн бурданд. Ҳоло ин тоқии пурранги музофотии худро сари бесоҳиби мардуми Тоҷикистон ҳар гуна ки нагузоранд ин қавм раванди давлатшуданро барвақт аз байн бурдаанд.

https://bgidega.home.blog/

Имрӯз танҳо сарҳадҳои муаянкардаи болшевикон будани ин давлатро таъкид мекунанд, вале ҳокимият (sovereignty) ва истиқлол вуҷуд надоранд, зеро дар ин сарзамин тасмимгир дигаронанд. Ҳанӯз ин қавм ва хокшапҳои онҳо бар инанд, ки гӯё давлат вуҷуд дорад, бале чизе бо номи ‘давлат’ вуҷуд дорад, ки он ҷуз парда барои пинҳон кардани ҷиноятҳои бо ном ҳукуматдорон чизи дигаре нест. Давлат агар вуҷуд медошт бо мардуми худ ин солҳо дар ҷанг намебуданд, давлат агар вуҷуд медошт ҳазорҳо тоҷику тоҷикистонӣ ‘рӯ ба раҳми худо’ намебуд, давлат агар вуҷуд медошт тоҷику тоҷикистонӣ дар дохил ва дар хориҷ берун аз ҳимояи қонун намебуд, давлат агар вуҷуд медошт фазои ягонаи фарҳанги-иқтисоди-иҷтимои-сиёсӣ дар ин сарзамин барвақт шакл мегирифт, давлат агар вуҷуд медошт ‘роҳбарони’ ин ҳукумат субъекти дигар давлатҳо ва шаҳрвандонаш дар ҷуҷстуҷӯи шаҳрвандии дигар давлатҳо намебуданд…

https://bgidega.home.blog/

Бубинед, бо инки як ҳукумати #фашистии_маҳали_музофоти_оилавӣ, давлати миллиро намояндагӣ мекунад ва рӯз ба рӯз бар ҷиноятҳои худ меафзоянд гуруҳе ҳам бо номи зиёӣ бо камоли бешармӣ воқеъиятро чаканпӯш мекунанд ва дар бораи вуҷуди ‘давлат’ ба мардум қисса мехонанд. Аслан худ бовар ҳам надоранд вале чизе бояд ба хотири ҳимояи худ ё ба хотири мавқеъи худ гуфта бошанд. Масалан Раҷаби Мирзо мегӯяд, “…ҳақ гуфтан сарбаланд зистан аст, яъне шумо пеши касе муттаҳами надоред… ҷаноби президент чӣ мега…’ҳатто мана танқид кунед амммо ба давлат хиёнат накунед’, аммо ба давлат хиёнат кардан чӣ аст ҳар кадоми шумо медонед…”.

https://bgidega.home.blog/

Дақиқан, ин мардум хуб медонанд ва солҳои охир ҳар ки нигоҳи таҳлили-танқидӣ дошт ба сафи ‘душманони халқ’ ва ‘хоинон’ дохил карда шуд ва қисме ҳам зиндонӣ шуданд ва ё аз мамлакат берун карда шудаанд. Ё Раҳнамо, ки ҳамеша шоирона нола мекунад ‘давлатдории мо дар нӯгӣ ришта аст’, ин даъфа дар насиҳате, ки рӯзномагнигоронро мекард онҳоро ба як чизи болотар аз ватандӯстӣ даъват кард, ки “…#Охирин_шонси_мост. Охирин имконияти Тоҷикон аст, ки соҳиби забон, давлат, давлати миллии мустақили худ бошанд. Акнун ин дигар масъалаи идеологӣ, сиёсӣ, ватандӯстӣ нест. Ин масъалаи ҳаётист…”. Раҳнамо дар ин кор аз #Нетоняҳу, ки аз хатари вуҷудӣ (existential threat) ба давлатдории яҳудиён зиёд ҳарф мезанад, гузаронд.

Бале масъала аз он рӯз, ки ҳаёти мардум бозичаи ин қавми фасодзада ва дузд гардида, масъалаи ҳаётист. Аз замоне масъалаи ҳаётист, ки мардуми бегуноҳ ва аз ҷумла рӯзноманигорон ҳаёти худро аз даст доданд ва зиндонӣ шуданд ва то ҳол доранд зиндонӣ мешаванд.

https://bgidega.home.blog/

Аз он вақт ин масъала ҳаётӣ шуда, ки мардуми Тоҷикистон дар умум бехатарии вуҷудӣ ва иҷтимоиро гум кардаанд. Аслан вақте Раҳнамо ин ҳарфҳоро мезанад маълум нест чӣ мехоҳад ва равшан наметавонад гуфтан, ки душмани асоси ба давлатдорӣ кист ва дар куҷост? Вале, як чиз аниқ аст, ки шоир-олим-рузноманигор-сиёсатшинос=хокшапҳо аз фасод, маҳалгироӣ ва дуздиҳои дар ниҳодҳои давлатӣ, қудратӣ, илми-таҳқиқотӣ реша давонда ва ба система табдил ёфта хуб хабар доранд, вале чизе намегӯянд. Ҳеҷкасии ин ‘ҳукумат’ ва хиёнати онҳоро хуб шинохтаанд, ки душмани аслии фарҳанг, забон ва давлатдорӣ онҳоянд, вале хомӯшона фоҷе’ае дигар ва ё охиринро интизоранд….

Абдулло Раҳнамо

Дар лофҳои «империолии’ худ чоплусҳо, худро ба Куруши Кабир, Сосониён ва Сомониён мерасонанд, вале ҳаминро дарк накардаанд, ки аз ин қавми фасодзада, дузд, заъиф, гадо ва бечора инсони соҳибқудрат наметавонад баромадан ва империя наметавонад шакл гирифтан. Имрӯз давлатдориро зери суол бурдаанд ва дар бораи будани империя ҷои гап ҳам нест. Вале, инҷо муҳитест, ки чунин имкон вуҷуд дошт ва дорад. Ин қавм идеология надоранд, барои идеология, чӣ хуб ва ё чӣ бад, доштан ва сохтан ва ё ақалан бофтан, фарҳанг зарур аст, ки инҳо надоранд ва надоштанд. Албатта, идеологияҳоеро, мисли ‘коммунистӣ’, ‘либералӣ’, ‘демократӣ’, ‘сотсиалистӣ’ ва ғайра, ва вожаҳо ва маъниҳои дигаронро танҳо барои печонидани табиати бетарбияти худ истифода кардаанд.

Имрӯз ба ҷои давлати соҳибистиқлоли миллӣ як ҳукумати фашисти-музофотии бе идеология шакл гирифтааст, ки тавсифи онро дар адабиёти дигарон кам пайдо кардан мумкин аст, зеро ин гуфтумонест (discourse), ки дар қаринаи (контексти) Тоҷикстони пасошуравӣ реша дорад. Бубинед, дар муддати ин солҳо ин ҳукумати соягӣ танҳо хушунат ва фоҷеъа истеҳсол кард, ки ин аз хусусияти асосии ҳукумтҳои фашистист. Ҳукумат ягон мушкилии ошкор намудаи буҳронро натавонист ҳал кардан ва мардум ҳам аз як фоҷеъа ба фаҷеъаи дигар дар ҳаракатанд, ва роҳбарони ин ҳукумат’ бо бечорагӣ эътироф карда мегӯянд ки “…давлатдорӣ ҳамин будааст”, вале хуб медонанд, ки ин давлатдорӣ нест. Баъзе аз хусусиятҳои ин ҳукумати фашистиро дар корҳои #Пикассо дидан мумкин аст.

Нақши Пабло Пикассо «Герника»

Дар расмҳои Пикассо гов ё гови нар рамзи бераҳмӣ, хушунат ва торикист. Албатта, корҳои Пикассо, миф дар бораи минотавр, ки ин ҷо ишора кардаем ва ҳатто говиву гусолафикрии ин ҳукуматдоронро, ки интиқод мекунем ба қиссаҳои говсавории як музофоти Тоҷикистон, ки мардум мегӯянд, иртиботе надоранд. Мақсад ин танҳо шинохти душмани аслии мардуми Тоҷикистон аст. Асли мушкилӣ ин шинохти ҳайвоният дар вуҷуди худ ва тарбият кардани нафси худ аст. Чун ҳайвоният дар инсон ғолиб меояд инсон ба ҳайвонинсон ё ба минотавр (говмард) табдил меёбад. Чун дар қудрат набошад ин гуна махлуқ шояд он қадар зарар овардан натавонад. Вале чун соҳиби қудрат мешавад ва боз худро авлиё ва фарҳангӣ мепиндорад як балои сахт барои мардум аст. Ин аст ки дар юнониёни қадим қиссаи минотаврро (говмард) дар ҳазорхона (лобиринти) тофта ва бофта буданд, ки ҳар ки сари риштаро гум мекард аз тарафи минотавр кушта мешуд.

Заҳҳок

Ин аст, ки қаҳрамоне баромад ва мардумро аз шарри ин махлуқ наҷот дод. Мардуми иронинажод ҳам дар оини меҳр куштани говро сабаби раҳоии офтоб ва ғалабаи рӯшноӣ медонистанд. Шояд ин миф ё қиссаҳо ҳақиқате доштанд. Вале як чиз аниқ аст, ки мардум ҳукумронии ҳайвониятро болои мардуми фарҳангӣ давраи торикӣ донистаанд. Ин қисссаҳо ба хотири ҳамин маънии асл гуфта шудаанд ва қавму қабилаҳое, ки дар давоми таърих дар ин ҳазорхона ё лабиринт #сари_риштаро_гум карда буданд туъмаи минотавр (говмард) ё Заҳҳок шуда буданд….

Албатта корҳои Пикассо барои шинохти ҳолати сиёсии Тоҷикистон заруранд вале на ба хотири ин ки расми говро зиёд кашида ва мардум аз “говиву гусолафикрӣ”-и мақомот зиёд ёд мекунанд. Балки ба ин хотир, ки солҳои сиюм ва чилуми асри гузашта дар бисёёр давлатҳои аврупоӣ ҳукуматҳо фашистӣ шакл гирифта будаанд ва Пикассо ин ҳукуматҳоро худ дарк карда буд ва мавқеъи зидди фашистӣ гирифта буд. Ин ҳунарманди шинохта барои тасвири табиати ингуна ҳукуматҳо говро ҳамчун рамз истифода кардааст. Ба хусус шоҳкории ӯ Герника (#Guernica), ки қатли оми мардумро дар соли 1937 дар шаҳрчаи қадимаи Герника (Испания) аз тарафи фашистони итолиёӣ ва олмонӣ тасвир кардааст амали аслии ҳукуматҳои фашистиро нишон медиҳад.

https://bgidega.home.blog/

Бале, ҳукумати фашисти-маҳали-музофотии тоҷикистонро бояд шинохт. Ин ҳукумат пурра шакл гирифта ва кораш мардумро террор кардан, фитна андохтан, куштан, зиндони кардан, дуздида бурдан, шиканҷа кардан ва зиндони кардан аст ва мемонад. Ин ҳукумат ҳаёти чанд наслро сӯхтанд, чанд наслро ба муҳоҷир, ғариб, фоҳиша, ҳаросафкан, гладиатор табдил доданд. Ҳар ки дар ин бозии сиёҳ, дар ин раванди пропоганда ва ҳаросафканӣ бо ин низоми фашистист ба ояндаи худ ва фарзандони худ хиёнат кардааст. Инҷо интихобот ва интихобе нест ва аз як фоҷеъа ба фоҷеъае дигар равонаем ва ин муҳит садҳо Герника ё воқеъаҳои фоҷеъабор дар батн дорад…

Аз ин пардаи пиндор, ки худро миллат, давлат ва фарҳангсолор пиндоштаанд ва дар асл гӯри ин ҳар серо барвақт кандаанд огоҳ бояд буд. Ин қавми бефарҳанг, фасодкор, дузд ва дурӯғгӯ наметавoнанд коре кардан. Ва ду амали ҳукуматҳои фашистӣ #пропаганда ва #ҳаросафканиро хуб иҷро карда гуруҳҳои бо ном #авангарду_хокшапро хуб истеҳсол кардаанд. Бубинед ниҳодҳо, пажуҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо, варзишгоҳҳо ва толорҳоро аз мардуме ҷодушуда, рангпарида ва аз чизе норозӣ пур мекунанд, ки гӯё “сиёсати хирадмандона”-ро тарафдоранд ва #гӯёчиземегузарад. Давлатдорӣ вуҷуд надорад зарфият, қобилият ва умуман фарҳанги сиёсӣ надоранд ва бо се хиёнат, хиёнат ба сулҳи тоҷикон, хиёнат ба мардум бо муҳоҷир кардан ва умуман ру ба раҳми худо гузоштани онҳо, ва хиёнат ба ниҳодҳои Аълоҳазрат Оқохон, раванди шаклгирии муҳити миллӣ ва давлатдории ин мардумро шикастанд.

Меҳмоншо Шарифзода

Рубрики:Торих

Помечен как:

Оставьте комментарий