БМТ, содиркунандаи авроқи бебаҳо
Президенти мӯҳтарами ФАТФ!
Мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ночорем ба шумо дар робита бо таҳдиди нақзи ошкори ҳуқуқ ва озодиҳои демократии шаҳрвандонамон, ки аз феҳристи тартибдодаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бармеояд муроҷиат намоем; феҳристи афроде, ки ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ба унвони алоқамандон ба терроризм мунташир кардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар сомонаи худ феҳристе – ки ҳамасола барӯзрасонӣ мешавад – аз афрод ва созмонҳое мунташир кардааст, ки “алоқаманд” ба терроризм будаанд; афрод ва созмонҳое, ки шумори онҳо дар соли ҷорӣ ба 1372 мерасад. Феҳристи қаблӣ, ки дар моҳи марти соли 2017 мунташир шудааст, шомили номи 1200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон буд.
Чунин феҳристҳое тавассути бонкҳои миллии кишварҳо бар асоси тавсияи “Гурӯҳи вежаи иқдоми молӣ дар заминаи мубориза бо пулшӯӣ” (FATF) тартиб дода мешавад; созмони байналмилалие, ки ба пиёдасозии стандартҳои байналмилалӣ дар заминаи мубориза бо пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм машғул аст. Иҷрои тавсияҳои FATF, тибқи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, барои ҳамаи кишварҳои узви СММ ҳатмӣ аст. Тоҷикистон шомили Гурӯҳи Авруосиёӣ аст. FATF, чунонки ишора шуд, як созмони байнидавлатӣ аст, ки ба пиёдасозии стандартҳои байналмилалӣ дар ҳавзаи мубориза бо пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм (AML/CFT) фаъолият мекунад, ҳамчунин ба арзёбии мутобиқати системҳои милли AML/CFT бо ин стандартҳо мепардозад.
Аммо оё феҳристи Бонки миллии Тоҷикистон бо стандартҳои FATF ва руҳу аҳдофи он мутобиқат дорад?
Кофист нигоҳе ба ин феҳрист бишавад, то дар он, дар канори номи террористҳо ва экстримистҳои эҳтимолӣ, на танҳо бо номи мухолифони сиёсии ҳукумати кунунии Тоҷикистон рӯ ба рӯ бишавед, балки номи мурдаҳо ва афроде, ки аслан вуҷуди хориҷӣ надоранд низ ба чашматон бихӯрад.
Дар шумори террористҳо, номи афроде гунҷонида шудааст, ки мақомоти Тоҷикистонро ба анҷоми ислоҳот, баргузории интихоботи озод ва шаффоф ва тағйири ҳукумат ба роҳҳои қонунӣ ва мусолиматомез даъват мекунанд. Бинобар ин, ин феҳрист шомили ақшори густардае аз шаҳрвандони Тоҷикистон аст, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ хориҷи он, яъне фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, вакилони дифоъ, фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон, блогнависон, муаллимон ва ғайра…
“Террористӣ” будани фаъолияти бештари афроди мазкур, на исбот шуда ва на асосе дорад. Тибқи қисмати 1 моддаи 11 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, ҳар фард, ки ба иртикоби ҷинояте муттаҳам мешавад, ӯ бегуноҳ аст то замоне, ки ҷинояти мазкур тибқи қонун ва тайи як додгоҳи умумӣ собит бишавад; додгоҳе, ки муттаҳам дар он, ба тамоми имконоти дифоъ аз худ бояд таъмин гардад. Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон, бар хилофи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ, мухолифони сиёсии худро бидуни анҷоми таҳқиқоти лозими додгоҳӣ, бо афроде, ки бо терроризм иртибот доранд, баробар кардааст.
Нуқтаи авҷи ошкор шудани беэътимод будани БМТ дар интишори “феҳристи террористҳо”, ин аст, ки дар ин феҳрист, афроди ғайримавҷуд ва фейкҳое аз шабакаҳои иҷтимоӣ гунҷонида шудаанд. Оё террористҳо бо номҳои мустаъор ва ҷаълӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ дуруст кардаанд, мехоҳанд суратҳисоб боз кунанд, билети ҳавопаймо бихаранд ва ба пулшӯӣ машғул шаванд? Ба назар мерасад, БМТ огоҳ ба ҷиддӣ будани корҳое, ки мекунад нест.
Ба ин тартиб, Бонки миллии Тоҷикистон ба унвони содиркунандаи авроқи бебаҳо амал мекунад, зеро ин феҳристи машкук на мустанад аст ва на бо риояти қонунҳои Тоҷикистон ва тавсияҳои FATF тартиб дода шудааст.
Ва чунин ба назар мерасад, ки феҳристи мунташиркардаи БМТ на барои ҳамбастагӣ дар мубориза бо терроризми воқеӣ ва пулшӯиҳои ҷиноӣ, балки ба хотири тасфияҳисобҳои сиёсии дохилӣ ва истифодаи институтҳои байналмилалӣ барои ҳадафҳо ва ғаразҳои шахсӣ тартиб дода шуда, яъне барои таъқиб ва саркӯби дигарандешӣ. Интерпол чанде пеш ночор буд дар робита бо дурустӣ ё нодурустии дархостҳои Душанбе таҷдиди назар кунад.
Мо лозим медонем, барои FATF ва Президенти он ҷаноби Санятго Отаменди ёдоварӣ бикунем, ки Тоҷикистон танҳо рӯи коғаз як кишвари демократӣ дониста шудааст, зеро рафторҳояш демукротӣ будани онро ҳаргиз таъйид намекунад. Тибқи гузориши USCIRF — Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон — дар моҳи апрели соли 2017, Тоҷикистон ба унвони “кишваре бисёр нигаронкунанда” дар масъалаи таъмини озодии баён ва мазҳаб қалмадод шуда.
Бар асоси таҳқиқоти Созмони Economist Intelligence Unit (EIU) – ки дар заминаи арзёбии сатҳи демократия дар ҷаҳон фаъолият мекунад — дар соли 2017, Тоҷикистон дар миёни 165 кишвар, дар мақоми 159-ум қарор гирифта ва шохиси демократия дар он, 1.93 аз 10 аст. Қувваи қазоия (суд) дар Тоҷикистон мустақил нест, иттиҳомҳо ғолибан бофта мешаванд, ва аммо дар хусуси иттиҳом ба эктримизм ва терроризм, бештари парвандаҳо ангезаҳои сиёсӣ дошта ва аз асоси қонунӣ бархӯрдор нестанд. Зеро гурӯҳҳое экстримистӣ ва террористӣ дониста мешаванд, ки аҳзоб ва ҳаракатҳои опозитсионӣ ҳастанд, ва вакилони мудофеъ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон, пизишкҳо ва муаллимон террорист хонда мешаванд. Бо дархости ҳукумати Тоҷикистон, раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, дар феҳристи “қирмиз”-и Интерпол гунҷонида шуда буд, вале баъд аз баррасии парвандаи ӯ, полиси байналмилал номи ӯро аз он феҳрист ҳазф кард. Интерпол ҳамчунин иттиҳоми эктримизм ва терроризм ба дигар аъзои ин ҳизб ва низ фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам беасос хонд; фаъолоне аз қабили: Мирзораҳим Кузов, Қамариддин Афзалӣ, Собир Валиев, Шабнам Худойдодова, Сулаймон Давлатов, Шарофиддин Гадоев, Меҳрубон Сатторов. Аммо бо вуҷуди ин, афроди номбурда дар феҳристи БМТ гунҷонида шудаанд. Баъзе аз афроди гуноҷинидашуда дар феҳристи БМТ, дар кишварҳои аврупоӣ паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон бо имконоте, ки дар ихтиёр доранд, талош мекунанд аз манобеи ин ё он институти байналмилалӣ барои расидан ба аҳдофи худ суистифода намоянд, дар ҳоле, ки асосномаи ин ниҳодҳо шомили он маворид нест. Истифода аз манобеи молӣ барои фишор бар мухолифони сиёсӣ, нақзи ошкори меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ аст, ба хусус бар хилофи муқаррароти моддаҳои 11, 12 ва 30 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ба шумор меравад.
Бо эҷоди чунин собиқаҳое, мақомоти Тоҷикистон осеби ҷуброннопазир бар ҷойгоҳ ва эътибори Тоҷикистон дар ҷаҳон мезананд. Ва бо аз даст рафтани эътимод дар сатҳи байналмилалӣ, раванди мубориза бо эктремистҳо ва террористҳои воқеӣ, метавонад зарару зиён бибинад ва аз мубориза бо пулшӯиҳо ва таъмини молии терроризм андармон бисозад.
Тибқи гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арзёбии миллӣ аз хатари пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм”, болотарин сатҳи таҳдид, ношӣ аз манобеи молии марбут ба фасод ва ришвахорӣ, ҷароими молиётӣ, ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводди мухаддир, ҳамчунин тақаллуб будааст.
Манобеи марбут ба фасод ва ришвахорӣ хеле бузург арзёбӣ шуда ва метавонанд барои фароянди ML/FT дастрасӣ шаванд. Бинобар ин, мо аз FATF даъват менамоем, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо бикунад, то меъёрҳои дақиқ ва далелҳои муваҷҷаҳи гунҷонида шудани шаҳрвандон дар феҳристи афроди алоқаманд ба фаъолиятҳои террористиро муайян кунад. Мо аз БМТ намехоҳем, то дар ин феҳрист номи афродеро, ки воқеан машғули пулшӯӣ аз роҳҳои ҷиноӣ ҳастанд ворид бисозад. Номи ин афрод на танҳо барои мақомот ва БМТ маълум аст, балки барои шаҳрвандон низ ин номҳо шинохташуда аст. Бо ин ҳол, дар ин замина низ додгоҳҳои одилона ва умумӣ баргузор баргузор нашуда.
P.S. Боздошти ду паноҳандаи сиёсии тоҷик Сӯҳроб Зафар (Табаров) ва Насим Шарипов дар таърихи 19 марти соли ҷорӣ дар Истанбули Туркия, шоҳиди нигарониҳои мост. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Туркия раванди истирдоди онҳоро мутаваққиф кард, ба ин далел, ки дар Тоҷикистон мумкин аст ин ду мухолифи сиёсӣ бо шиканҷа ва бадрафторӣ рӯ ба рӯ шаванд. Вакилони мудофеи ин ду изҳор доштанд, ки Сӯҳроб Зафар ва Насим Шарипов бар асоси феҳристи БМТ боздошт шудаанд. Пеш аз ин, Интерпол ба хотири набудани далелҳои малмус, номи ин ду мухолифи сиёсиро аз феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерпол ҳазф карданд.
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо, Эъломияҳо