Ахбори Анҷуман

Варқӣ: “Аз САҲА мехоҳем, ҳазфи номи ҳамаи фаъолони шаҳрвандиро низ тақозо намояд”

Темур Варқӣ тасреҳ кард: “Мо аз САҲА ва низ соири созмонҳои байналмилалӣ ба хусус FATF, давъат ба амал меоварем, то аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намоянд, ки онҳо на фақат дар хусуси рӯзноманигорон пойбанд ба риояти Қонуни асосӣ бошанд, балки дар мавриди соири шаҳрвандони кишвари мо низ тибқи қонун амал кунанд.”

Ба гузориши сайти Радиои Озодӣ, Ҳарлем Дешир, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бахши озодии матбуот, дар номае ба Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз вай хостааст, то номи 14 рӯзноманигорро аз феҳристи “сиёҳ”-и Бонки Миллӣ (БМТ) яъне аз рӯйхати “афроди алоқаманд бо терроризм” берун кунанд. Бар асоси ин гузориш, мақомоти САҲА дар Вена гуфтаанд, ки нома рӯзи 28-уми март фиристода шуда будааст.

Ҳафтаи пеш, Бонки Миллии Тоҷикистон номи 1372 шаҳрванди кишварро нашр кард, ки аз онҳо ба унвони афроди “алоқаманд бо терроризм” ном бурда шудааст, ки дар миёни ин номҳо исми рӯзноманигорон, фаъолони иҷтимоӣ, намояндагони аҳзоби мухолиф, блогерҳо ва вакилони мудофеъ низ дида мешавад.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик, билофосила пас аз интишори ин феҳрист аз тарафи БМТ, номае ба раиси FATF (Гурӯҳи вежаи иқдоми молӣ дар заминаи мубориза бо пулшӯӣ) ҷаноби Сантяго Отаменди ирсол кард ва дар он, аз ин ниҳоди байналмилалӣ дархост намуд, то аз мақомоти Тоҷикистон тақозо бикунад, ки иқдомҳои ғайриқонунии худро мутваққиф бисозанд. Нусхаи ин нома ҳамчунин ба намояндагиҳои САҲА ирсол шуда буд.

Темур Варқӣ, масъули равобити хориҷии Анҷумани Озодандешони Тоҷик, дар вокуниш ба номаи Ҳарлем Дешир ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, зимни ибрози ташаккур аз САҲА баён дошт:

Номаи намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ҷаноби Ҳарлем Дешир ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мабнӣ бар беасос будани ҷойгир кардани номи 14 рӯзноманигор дар феҳристи “террористҳо”, ки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мунташир кардааст, воқеан умедворкунанда аст. Мо аз САҲА ҷиҳати посух ба дархости мо сипосгузорӣ мекунем. Ин худ нишон медиҳад, ки садои рӯзноманигорони тоҷик шунида мешавад ва ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳирфаии онҳо дар баён дар чорчӯби Қонуни асосии Тоҷикистон, ҳаддиақал дар берун аз марзҳои кишвар, эҳтиром қоил ҳастанд.”

Варқӣ афзуд: “Аммо мо аз САҲА ва низ соири созмонҳои байналмилалӣ ба хусус FATF (Гурӯҳи вежаи иқдоми молӣ дар заминаи мубориза бо пулшӯӣ), давъат ба амал меоварем, то аз мақомоти Тоҷикистон тақозо намоянд, ки онҳо на фақат дар хусуси рӯзноманигорон пойбанд ба риояти Қонуни асосӣ бошанд, балки дар мавриди соири шаҳрвандони кишвари мо низ тибқи қонун амал кунанд. Яъне ин созмонҳо дар бораи ҳазф шудани номи ҳамаи дигарандешон низ аз ин феҳристи террористҳо сухан ба миён оваранд; касоне, ки гуноҳашон фақат ин будааст, ки кӯшиданд, то аз ҳуқуқи қонунии худ дар озодии баён истифода намоянд. Сухан дар бораи фаъолони иҷтимоӣ, вакилони дифоъ, намояндагони аҳзоб ва ҳаракатҳои сиёсӣ меравад. Зеро, иттиҳоми ҳеч як аз инҳо дар як додгоҳи умумӣ ва озод собит нашудааст.”

Вай дар идома гуфт: “Мо мехоҳем таваҷҷӯҳи созмонҳоро ба бегуноҳии зиндониёни сиёсӣ, ҳамчунин шиканҷа ва бархӯрди бисёр нораво бо намояндагони оппозитсия дар зиндонҳо, маҳрум сохтани онҳо аз хадамоти тиббӣ, манъи онҳо аз дидор ва мулоқот бо наздиконашон ҷалб намоем. Бинобар ин, мо боз ҳам ба институтҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар муроҷиат мекунем ва аз онҳо давъат ба амал меоварем, то ба мақомоти Тоҷикистон гӯшзад намоянд, ки ба Қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои ҷорӣ пойбанд бошанд. Сохторҳои давлатии Тоҷикистон набояд ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ аз чорчӯби Қонуни асосӣ берун шаванд ва набояд аз ниҳодҳои байналмилалӣ барои саркӯби демократия ва ҳуқуқи инсон дар кишвар истифода намоянд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s