Дидгоҳ

СПАД дар асл барои барои баровардани хостаҳои Кремлин таъсис дода шудааст

“Дар моддаи 8-уми оинномаи СПАД омадааст, бо ин ки он, барои “дар соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, табодули иттилоот, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав” мебошад, вале афсӯс, ки дар асл чунин набудааст. СПАД дар зери чатри КРЕМЛИН, барои баровардани хостаҳои худ ва барои ҷаҳониён нишон додани як созмони бонуфуз аз ҳисоби давлатҳои нимаозод ва ғайриозод (несвободных) Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ташкил намудааст. Яке аз роҳбарони вақти давлати Қирғизистон узви ин созмон Роза Отунбаева, ки аз 3 июли 2010 то 1 декабри соли 2011 дар симати Президенти давраи гузариши Ҷумҳурии Қирғизистон фаолият дошт, дар давраи фаъолияти худ, аз Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ кӯмак хоста буд, рад шуд. Соли 2020 Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, барои оромии кишвари худ, аз СПАД кӯмак дархост намуд, рад шуд. Чаро? Чунки Роза Отунбаева ва Никол Пашинян бо роҳи тазоҳуроти мардумӣ ба сари қудрат омада буданд. Ва каме бошад ҳам, ин давлатҳо давлати озод ва адолатхоҳ буда, ба сӯи озодӣ, ҷомеаи демократӣ, озодандеши рӯ овардаанд…”

(Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии онҳо (6))

Масъалаи дигаре, ки инҷо мехоҳам баррасӣ намоям, ин масъалаи сарбозон ва афсарони базаи ҳарбии 201—уми артиши Русия аст. Артиши Русия дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва Бохтар ҷойгир шуда, бо шаҳрвадони Тоҷикистон баробарҳуқуқанд. Солҳои охир Ҳукумати Русия ва вакилони Думаи давлатии он, борҳо пешниҳод карда истодааст, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон дар ихтиёри онҳо бошад. Шумораи сарбозон ва афсарони базаи ҳарбии 201 то солҳои охир ҳудуди 7000 нафар буд. Вазири дифоъи Русия, Сергей Шойгу дар сафари охиринаш дар ин базаи ҳарбӣ гуфта буд, ки шумораи сарбозон ва афсарон то ба 9 000 нафар расонанда мешаванд.

Вале пас аз оғози ҷанги Русияю Украина аз ин базаи ҳарбӣ ба ҷанги беадолатонаи бародарҳои славянии худ бурда истодаанд. Ҳоло дар аввали даҳаи сеюми моҳи июл боз қисме аз афсарон ба роҳ баромаданд, ки озими ҷанг мешаванд.

Банда дар андешаи он ҳастам, ки ҳарчи зудтар ба ин ҷанги ғайриодилонаи байни Русияву Украина, ки бародаркуш гуфтан мумкин аст хотима дода шавад.

Ман, як шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки ба хотири ҳифзи қаламрав аз Чин ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, гардиши қочоқӣ маводди мухаддир, ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афгонистон, Қирғизистон ва Чин аз тарафи Артиши миллии Русия, дар сатҳи баланди ҳукуматӣ ва МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шавад. Албатта дар асоси шартномаи тарафайн.

Шояд, нафароне суол диҳанд, ки истиқлолият чӣ мешавад?

Ҷавоб: Дар дохили он кишваре, ки артиши кишвари дигар ҷойгир аст, истиқлолият маънои худро гум мекунад.

Дар қаламрави ҷумҳурӣ, айни замон, на танҳо сарбозон ва афсарони базаи ҳарбии 201-уми Русия, балки сарбозон ва афсарони Вазорати дифоъ ва корҳои дохилии Чин ҳам, дар ноҳияи Мурғоб мақар гирифтаанд.

Рӯзи 10-уми январи соли 2021 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси онлайнии байни давлатҳои Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ дар суханронии худ қайд кард, ки дар он сӯи дарёи Амӯ ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар 40 пойгоҳ (тамрингоҳ) 6000 нафар тамрин мегиранд.

Пас В. Путин аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ки бад аз ҷаласа ба ӯ занг занад. Эмомалӣ Раҳмон бо В. Путин чанд маротиба занг зад ва гуфтугӯ кард, ба назар мерасид, ки розигии Маскавро гирифта бо роҳи зӯроварӣ (мумкин аз давлатҳои созмони СПАД — ҳам иштирок дошта бошанд ) рӯҳияи яке аз мардуми минтақа Бадахшонро шиканад ва шикаст.

Ҳамчунин, дар моддаи 5-уми Оинномаи СПАД омадааст, ки фаолияти худро дар асоси эҳтироми қатъии истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ӯҳдадории давлатҳои узв ва ДАХОЛАТ НАКАРДАН ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти миллии давлатҳои аъзо тааллуқ дорад вазифадоранд.

Ва дар моддаи 8-уми оиннома сархати сеюми он омадааст:

Давлатҳои узви СПАД, дар соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, табодули иттилоот, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав, аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, инчунин аз хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбӣ ба вуҷуд меояд, ҳимоят карда мешавад.

Ба ҷуз Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ, боз Тоҷикистон бевосита бо Русия ду шартномаи низомӣ дорад. Яке созишномаи байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 июли соли 1993, дар бораи ҳамкорӣ, дар соҳаи ҳарбӣ ба имзо расидааст.

Дуюм, бо дастури Президенти Русия Владимир Путин, Ҳукумати Русия созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистонро дар бораи таъсиси системаи ягонаи дифои зиддиҳавоиро соли 2021 ба тасвиб расонд…

Он нуқтаҳои ин банд ва дар дигар бандҳо зикр шуда, дар шартнома ва оиннома омадааст.

Лекин афсӯс, ки дар асл чунин набудааст. СПАД дар зери чатри КРЕМЛИН, барои баровардани хостаҳои худ ва барои ҷаҳониён нишон додани як созмони бонуфуз аз ҳисоби давлатҳои нимаозод ва ғайриозод (несвободных) Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ташкил намудааст.

Яке аз роҳбарони вақти давлати Қирғизистон узви ин созмон Роза Отунбаева, ки аз 3 июли 2010 то 1 декабри соли 2011 дар симати Президенти давраи гузариши Ҷумҳурии Қирғизистон фаолият дошт, дар давраи фаъолияти худ, аз Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ кӯмак хоста буд, рад шуд.

Соли 2020 Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, барои оромии кишвари худ, аз СПАД кӯмак дархост намуд, рад шуд.

Чаро? Чунки Роза Отунбаева ва Никол Пашинян бо роҳи тазоҳуроти мардумӣ ба сари қудрат омада буданд. Ва каме бошад ҳам, ин давлатҳо давлати озод ва адолатхоҳ буда, ба сӯи озодӣ, ҷомеаи демократӣ, озодандеши рӯ овардаанд…

Инҷо оид ба ҳодисаи ахири Қазоқистон зарур донистам, ки бо ворид шудани Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ анҷом ёфт, дубора баргардам ва якчанд нуқтаро шарҳ бидиҳам. (Нуқтаҳое, ки дар боло ва дар зер оварда мешавад, таҳлил ва муқоиса бо кишвари худ намоед.)

Тазоҳуроти мардумие, ки дар Қазоқистон ба вуҷуд омад рӯз аз руз васеъ шуда, оҳиста — оҳиста намояндаҳои сохторҳои қудратии шаҳрҳои Алмаато, Ҷамбул, Оқтов ва дигар шаҳрҳо ба тарафи мардум мегузаштанд ва ё ба кор намебаромаданд.

Аз ин фурсати муносиб яке аз мансабдорони зинаи болоии ҳукумати, Сардори Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ, Карим Масов, гурӯҳи ҷинояткорони яроқи оташфишони доштаро дар шаҳри Алмаато бар зидди сохторҳои қудратӣ ташкил медиҳад.

Ин гурӯҳи ҷинояткорон сабабгори нооромӣ, шикастани тирезаҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ, витринаҳо, ғорат намудани мағозаҳо, ошхонаҳо, ресторанҳо, банкоматҳо, оташ задани биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, тасарруф намудани биноҳои ҳукумати ва иҷтимоӣ, фурудгоҳ, телестудияи » Мир » ва ғайраро мегиранд.

Дар умум нооромӣ, бесару сомонӣ кишварро фаро мегирад.

Вале, бо ҳамаи ин бесомониҳо нигоҳ накарда ғалабаи инқилоби мардуми наздик мешавад…

Лекин раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев, сару калобаашро гум карда…Ва шоми 5 — ӯми январи соли 2022 аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва аз раиси ҷумҳурии Русия, Владимир Путин мустақиман кӯмак мехоҳад.

Вай иддаъо дошт, ки дар кишвар 20 000 нафар » гурӯҳи террористӣ » — и дар хориҷ тамрин дида фаолият доранд ва ҳодисаҳои рӯҳ додаро » таҳдид ба якпорчагии давлат » ва ҳамла ба шаҳрвандон номид.

Боз Қосим — Жомарт Токаев телефонӣ бо Эмомалӣ Рахмон ҳам гуфтугӯ намуда, аз ӯ барои ба эътидол овардани вазъи дохилии кишвари худ кӯмаки низомӣ хост.

Эмомалӣ Раҳмон бошад изҳори омодагӣ ба кӯмак намудан омодагӣ гирифт, ки зиёда 200 нафар сарбозон ва афсаронро фиристад.

Ҳукумати Тоҷикистон набояд, сарбозон ва афсарони худро ба мамлакати соҳибистиқлоли Қазоқистон (ва дигар давлатҳо) фиристад. Зеро қазияи ҷумҳурии Қазоқистон — қазияи дохилӣ буд.

Дар асл Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ҳуқуқи низоъҳои дохилии ҳампаймонҳо дохил шуданро надоранд. (Соли 2010, даъвати Роза Отунбаева, соли 2020, даъвати Н. Пашинян, бо сабаби низоъҳои дохилӣ будан рад шуда буд.)

Миллати қазоқ ба майдонҳо рехтанд, то ки ҳуқуқи қонунии худро талаб кунанд, яъне таъмини озодӣ барои дигарандешон, шикоят аз баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ, истефои Ҳукумат, истефои раиси доимии Шӯрои Амният, Нурсултон Назарбоев, истефои намояндаҳои Маҷлис (палатаи поёнӣ) раисони вилоятҳо (акимат), раисони шаҳрҳои Алмато, Нурсултон ва ғайра арз доштанд.

Агар аз хориҷ ягон давлат лашкар мекашид, дар он сурат давлатҳои узви СПАД ба ин ё он аъзои давлатҳои СПАД, кӯмаки молӣ ва ё низомӣ бояд мерасонданд. Инҷо ҳамоиши дохилӣ буд.

Ниҳоят хабар дода шуд, ки ҳавопаймоҳои ҳарбии нақлиётии Нерӯҳои ҳавоии Русия дар кутоҳтарин муддат, сарбозон ва афсарони посдори сулҳро аз мамлакатҳои узви СПАД, ба шаҳри Алмаато интиқол медиҳад.

Аз ҷумла, аз Арманистон 100 нафар, аз Қирғизистон 150 нафар, аз Тоҷикистон 210 нафар, бо ҳамтоёни рус ва ҳам белорус ҳамагӣ 3600 нафарро ташкил медиҳад. Инҷо созмон духӯрагии худро ошкор намуд.

Сарбозон ва афсарони СПАД, тозоҳуротгарони мардумиро саркӯб карда ва аз ҷумла фурудгоҳ, идораи амният ва дигар объектҳои сохторӣ, маъмурӣ ва иҷтимоиро зери назорати худ мегирад.

Идома дорад

Оставьте комментарий