Баёнияҳо

Изҳороти ПМТ дар мавриди нопадид шудани Сӯҳроб Зафар, роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Аз рӯи хабари расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” роҳбари ин гурӯҳ Сӯҳроб Зафар, ки то ин дам дар Туркия қарор дошт аз санаи 10 март инҷониб нопадид шудааст ва ба тамос намебарояд.

Ин қазия Паймони Миллии Тоҷикистонро хеле нигарон кардааст. Нопадид шудани роҳбари як гурӯҳи мухолиф он ҳам дар кишваре, ки даъвои демократӣ ва қонунмеҳварӣ мекунад хеле суолҳоро ба миён овардааст.

Бояд зикр кард, ки муассис ва роҳбари пешини Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Умарали Қувватов айнан дар Туркия ба қатл расонида шуд ва мақомоти турки то имрӯз номи фармоишгари он ҷиноятро эълон накардаанд.

Санаи 23 феврали соли ҷорӣ намояндаи расмии ин ҳаракат дар Туркия Насимҷон Шарипов ҳам ба таври мармуз нопадид шуда буд ва мутаассифона то ҳол аз ӯ дараке нест.

Паймони Миллии Тоҷикистон диққати ҷомеаи ҷаҳониро дар қазияи ғайб задани ду афроди аршади як ҳаракати мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҷалб карда, аз онҳо тақозо дорад то дар баробари ин ҳодиса бетараф набошанд.

Мо бовар дорем, ҳукумати Туркия ва мақомоти дахлдори ин кишвар барои пайдо кардани мухолифони тоҷик Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов аз тамоми имкониятҳои худ истифода бурда обрӯ ва ҷойгоҳи кишвари Туркияро нигоҳ медоранд.

Паймони Миллии Тоҷикистон

12/03/2024

Рубрики:Баёнияҳо

Помечен как:

Оставьте комментарий