Дидгоҳ

Нерӯи барқи Тоҷикистон ва ширкати “Барқи тоҷик“ — ро кӣ ғорат мекунад? (3)

Ба пешвози Марафони мардумӣ

Бахши севвум

Дадоҷон Ёқубов

Ду агрегати НБО — и Роғун ба кор даромад, вале Ҳукумати ҷумҳурӣ ва намояндагони Маҷлиси Олӣ дар тағйири қонуни моликияти давлатӣ — стратегӣ дошта ба иштибоҳи бузург роҳ доданд, ки ин баробари ба рӯи миллат туф кардан аст. (Депутатҳои даъвати солҳои 2015 — 2020) Яъне иҷозати хусусӣ гардонидани ду иншооти бузурги давлатӣ ширкати НБО — и Роғун ва ширкати алюминбарории “ТАЛКО” қонунеро ба тасвиб расонданд.

Ба фикри банда, ширкати алюминбарории “ТАЛКО” — ро Чин оҳиста-оҳиста фурӯ бурда истодааст. Вале НБО — и Роғунро, кӣ харидорӣ менамояд, вақт нишон медиҳад.

Банда тавсия медиҳам, ба НБО — и Роғун чашм ало накунед, ин моли миллат аст.

Ба ҷои НБО — и Роғун ба сохтмони НБО — и Даштиҷум даст бизанед, то ки даромади зиёдтар ба даст оред ва ба бастагонатон мерос монад.

Дар охири моҳи январи соли 2020 маълум шуд, ки НБО — и Роғун аз ширкатҳои воридкунандаи масолеҳи сохтмонӣ 1 млрд доллар қарздор шудааст.

Медонед, чаро қарздор карданд? Барои хусусӣ гардонидан мардумро огоҳ карда истодаанд, ки ширкати Роғун қарздор аст, бояд хусусӣ гардонида шавад!

Депутатҳо агар намояндаи мардумӣ мешуданд, як моҳи дигар вақташон монда буд, ки овози худро ба манфиати миллат медоданд. (Депутатҳои даъвати солҳои 2015 — 2020)

Аз оғози сохтмони НБО — Роғун, 49 сол гузашт, агар касри буҷа бошад, монед, бо ду агрегати кориаш боз 50 соли дигар истад, вале моли миллат бошад!

Шумо депутатҳои мардумӣ нестед?!

Як гурӯҳи 63 нафара, ки дар тӯли 5 сол як маротиба раисиҷумҳур ба Шумо 5500 сомонӣ ва ё аз ин зиёдтар моҳона таъин мекунад, тӯли 5 сол ба монанди… ба бинои МН МО даромада мебароед, баъзеатон боз ба нафақаи хуб ҳам (то 4000-5000 сомонӣ), то мурданатон соҳиб мешавед. Аз 1.06.2024 боз моҳонаатон 30 ва ё 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Кори Шумо ин аст, ки ҳар як қонуне, ки Ҳукумат пешниҳод менамояд, либоси қонунӣ мепӯшонед. Фаромӯш накунед, Шумо ба миллат хиёнат кардед! Рӯзе дер нест, ки бояд ҷавоб диҳед!

Бо вуҷуди истеҳсоли қувваи барқи арзон, фурӯши он бо арзиши баланд ба аҳолӣ ба ҳар як кВт/соати он 29 — 30 сент, ба истеҳсолоти дохилӣ 70 — 75 сент, ба Афғонистон 4,11 сент ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 сент ба роҳ монда шудааст.

Хонандаи азиз!

Худ таҳлил намоед, ки ҳар як киловат нерӯи барқ ба Ӯзбекистон 2 сент, ба Афғонистон 4,11 сент ва ба истеҳсолоти дохилӣ 70 — 75 сент дода мешавад, магар ин нисбати миллати худ зулм нест?

Ин аз як тараф.

Аз тарафи дигар, дар сурате, ки ба истеҳсолоти дохилӣ арзиши нерӯи барқи баланд ва пардохти сарбории андози баландтарин дар ҷаҳон аст, чӣ тавр истеҳсолоти дохилӣ рушд кунад?

Тӯли 32 сол аст, ки раисҷумҳур моҳе ин ё он саноати дохилиро мекушояд (ба ҷуз худӣ) пас аз чанд моҳакак муфлис…

Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда шавад, ки ба истеҳсолоти дохилӣ пардохти арзиши нерӯи барқ ва андози давлатӣ боздид шавад!

Суоле пайдо мешавад, ки аз ҳама бо нархи баланд нерӯи барқро истеҳсолоти дохилӣ пардохт мекардааст?

Чаро бо нерӯи барқ тамоми сол таъмин нест?

То ки истеҳсолоти дохилӣ тамоми сол кор кунад, маҳсулоти истеъмолиро ба бозор барорад, мардуми маҳаллӣ бо кор таъмин бошад?!

Чаро? Кӣ ҷавоб медиҳад?

Идома дорад

Рубрики:Дидгоҳ, Иқтисод

Помечен как:

1 ответ »

Оставьте комментарий