Андеша

Вақте ту як гом ба ақаб меравӣ, онҳо ҷойи туро мегиранд

Ба муносибати зодрӯзи Барзу Абдурраззоқов 

Хабаргузории Asia-Plus дар соли 2015 муносибати зодрӯзи Барзу Абдурраззоқов, коргардони шаҳири тоҷик, ҷумлаҳое аз ин ҳунармандро, ки дар мусоҳибаҳои мухталифи худ иброз доштааст баргузида ва мунташир карда буд (ба русӣ), мо онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума ва пешкаши хонандаҳои азиз мекунем:

* * *

“Ҳар куҷое, ки бошам ва дар ҳар маконе, ки намоишномаҳои худро баргузор бикунам, ҳамеша барои худамон кор мекунам.”

“Ман ба сарнавишт имон дорам. Мӯътақидам, сарнавишти ҳар яке аз мо навишта шуда, мунтаҳо аз худи мо низ чизе вобаста аст.”

“Ман ҳаргиз вориди бозиҳои сиёсӣ нашудаам. Аммо қонунан ин ҳақро барои худ қоил ҳастам, ки дар бораи ҳар масъалае назари худро дошта бошам. Мафҳуми сиёсат пеши онҳо – ин яъне “аз ҳукумат интиқод макун!”. Ҳар ғалате, ки мехоҳӣ, анҷом бидеҳ, аммо ҳаргиз магӯ, дар мо чизе бад аст. Ва ин, сиёсат нест, ин як касофаткорӣ аст.”

“Оё медонед, чӣ чиз аз ҳама ваҳшатноктар аст? Ин ки вақте пойбандӣ ба қонун, ҷурм маҳсуб бишавад.”

“Баҳои монданам дар ин ҷо (Тоҷикистон), ин буд, ки мебоист аз осори килосики ҷаҳон рӯй гардонам ва он чиро ба намойиш бигузорам, ки хости “сонсур”-ро бароварда созад, аммо ман ба “адабиёти ғайри беҳдоштӣ” машғул намешавам. Инон мӯътақиданд, Шекспир алайҳи онон навишта, Мулер алайҳи онон аст, Вултер ҳамчунин, Гогол низ, ва ҳатто Айнӣ алайҳи эшон навишта.”

“Низом пирӯз нашудааст, асосан наметавонад пирӯз бишавад, танҳо метавонад бикушад ҳатто он замон ки пирӯз намешавад.”

“Ҳамеша маро одамони бетафовут куштаанд. Дар зиндагӣ тарси ман бештар аз онҳо будааст.”

“Як миллат ба ҳамон мизон, ки таҳсилкардатар бошад, ба лиҳози сиёсӣ низ фаъолтар аст ва ҳуқуқи худро талаб хоҳад кард. Дар ин сурат, ӯ барда нахоҳад буд, аз як пулиси роҳнамоӣ (ГАИ) ва аз ҳар табаҳкоре нахоҳад тарсид; касоне ки бидуни ҳеч далел ӯро бозмедоранд.”

“Иззат ва каромати ҳунариям, бароям боарзиштар аз ҳар чизи дигар аст.”

“Мо ҳама фарзандони як номодари бузургем. Мо барои кишвари худамон кӯдакони ятиме гардидаем.”

“Тоҷикистон (дар даврони Шӯравӣ) дар арсаи теотр як имперотурии қудратманде буд, бисёр қудратманд! Ман аз гуфтани ин хиҷолат намекашам. Фаровонии коргардонҳо, бозигарон, рассомон, оҳангсозон… Мефаҳмед? Аммо имрӯз дар ин бора гуфтан мояи шармандагист. Барои ин ки ҳеч чиз намонда: касе ба хоб рафт, касе ҳам муҳоҷират кард, севвуме аз дунё чашм пӯшид, чаҳоруме таназзул ёфт… Ҳеч кас боқӣ намонд.”

“Кишвар дар як таваҳҳум аст. Ба мо дурӯғ мегӯянд ва парво ҳам намекунанд. Чӣ гуна барои худ ин иҷозаро бидиҳам, ки бо ман инчунин рафтор бикунанд?!”

“Онҳо ҳатто ба унвони рӯшанфикрӣ ҳам хиёнат карданд, ин унвонро беарзиш карданд. Ҷуз нафрат дигар ҳеч эҳсосе нисбат ба онҳо надорам.”

“Мо профессор Преображенский надорем, мо эҳсоси шарм ҳам намекунем аз касе, мо Дмитрий Лихачев надорем, Дмитрий Лихачевро виҷдони миллати рус медонистанд. Шумо шахсиятеро бароям нишон бидиҳед, ки битавон ӯро виҷдони миллати тоҷик номид!”

“Ба назари ман, кишвар имрӯз ба як бемории бетафовутӣ гирифтор шудааст, аз рӯшанфикронаш бигир то фурӯшандаи он дар бозори “Корвон”. Чизе барои касе аҳаммият надорад.”

“Ман дуруст зери “Лакомка” (солҳои 70-ум дар Душанбе) зиндагӣ мекардам, дар пойини болкуни ман мутурсаворон ҷамъ мешуданд, болои чаман менишастанд ва бо ҳам осори Солженитсинро баҳсу баррасӣ мекарданд.”

“Ин шаҳр шаҳри бисёр зебо ва дилнишине буд, дар шаҳр, ки мегаштӣ, дар ҳар қадам бо шахсиятҳо рӯ ба рӯ мешудӣ, дар ҳар қадам… Инҷо Малика Собироваро медидӣ, онҷо Барно Исҳоқоваро, онҷо ҳам Маҳмудҷон Воҳидовро… Улгуҳои мо инон буданд.”

“Замоне ки дӯстам Муҳсини Махмалбоф, коргардони эронӣ, аз Душанбе мерафт, аз ӯ пурсидам: “Чаро меравӣ?”, ӯ посух дод: “Барои он ки дар шаҳри ту ҷунбу ҷӯше нест.” Ман бо ӯ комилан мувофиқам, дигар ҷунбу ҷӯше дар ин шаҳр дида намешавад.”

“Вақте ту як гом ба ақаб меравӣ, онҳо ҷойи туро мегиранд. Онгоҳ касоне мисли ту рафтори туро, ки мебинанд, онҳо низ мисли ту як гом ба ақаб мераванд. Ҷойи инҳоро низ онон мегиранд. Шумо кишвари худро аз даст додаед, чаро ки касоне мисли ту ақаб рафтанд ва бо ин, ҷойро барои одамони нолоиқ холӣ карданд. Аз он ҷо ки ту бохтӣ, шумо ҳам бохтед!”

“Дар Тоҷикистон теотр имрӯз дуруст мисли корхонаи “Богатырь” аст, ки ҳама фаромӯшаш кардаанд ва кафшҳои ба дарднахуреро тавлид мекунад.”

* * *

Барзу Абдураззоқов 19 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ҳунарпешаҳои машҳури теотру синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Шавқи теотр аз хурдсолӣ дар ниҳоди ӯ парварида шудааст. Барзу баъди хатми мактаб дар риштаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил ва соли 1980 онро хатм намудааст. Сипас солҳои 1980-1987 дар риштаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати теотрии шаҳри Маскав (ГИТИС) таҳсилашро давом додааст. Барзу Абдураззоқов зиёда аз 50 намоишномаҳои гуногунро дар саҳнаҳои теотрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия пешкаши тамошобинон намудааст. Вай соли 2001 соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудааст.

Манбаъ: Кимиёи саодат

1 ответ »

Оставьте комментарий