
11 марти соли 1912 дар пойтахти Аморати Бухоро аввалин нашрияи “Бухорои Шариф” аз чоп баромад. Он замони ҳукмронии амирони манғитӣ, барои ба нашр расидани як рӯзнома бо забони мардуми таҳҷоӣ яъне форсӣ кори андаке набуд.
Ба тамоми мушкилоти замон нигоҳ накарда равшанфикрони тоҷик бо талошу заҳматҳои зиёд тавонистанд ин рисолати таърихии худро назди миллат ва кишвар ба сомон расонанд.
Мақсад аз нашри “Бухорои Шариф” пеш аз ҳама ташвиқи мардум ба илмомузӣ ва касби дониш буд. Маорифпарварони замон, ки дар таърих бо номи ҷадидиён машҳур ҳастанд бо ин амали худ роҳи ислоҳотро барои наслҳои баъди нишон доданд.
Дар Тоҷикистони азиз ҳамасола рӯзи 11 март ҳамчун Рӯзи Матбуот ҷашн гирифта мешавад.
Паймони Миллии Тоҷикистон бо ин баҳона ҳамаи рӯзноманигорон ва соҳибқаламони Тоҷикистонро , ки дар роҳи адои рисолати худ содиқ ҳастанд табрик мегӯяд.
Агар зиёда аз сад сол пеш равшанфикрони тоҷик тавонистанд як рӯзномаро ҳамчун шамъи зиё барои миллат пешкаш карда бошанд , мутаассифона имрӯзҳо рӯзноманигорон ва равшанфикрони тоҷик мисли шамъ дар кунҷи зиндони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон месӯзанд ва ё маҷбур ба тарки касбу кишвару зодгоҳ шуданд.
Дар зиндон будани рӯзноманигорон ва блогерон чун Абдуқаҳҳори Давлат, устод Сайфуллозода, домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Муҳаммадалии Ҳаит, Муҳаммади Султон, Хушрӯз Ҷумъаев(Хушом Ғулом ), Абдуллои Ғурбати, Далери Эмомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева, устод Абдуқодири Рустам , Абдухолиқи Холиқзод, Хуршед Фозилов ва чанд тан дигар аз зиёиёни кишвар худ собиткунандаи ин ҳарфҳост.
Баста шудани расонаҳои мустақил, маҷбур ба тарки кишвар кардани рӯзноманигорони чирадаст ва аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон зери пайгард қарор додани онҳо баёнкунандаи вазъи матбуоти муосири тоҷик аст.
Паймони Миллии Тоҷикистон ин ҳама фишор, таъқиб ва маҳдудкунии матбуот аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро ҷиноят дар баробари имрӯзу фардои миллат меҳисобад ва аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад то ба душманӣ ба миллати худ хотима диҳад.
Паймони Миллии Тоҷикистон
11 марти соли 2024
Рубрики:Баёнияҳо



