Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қарор аст, рӯзҳои 23 ва 24-уми апрели 2024 ҳамроҳи як ҳайати баландпоя ба шаҳри Рими Италия сафар кунад.
Италия яке аз кишварҳои демократӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад ва ҷои таассуф аст, ки ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1992 яъне беш аз 30 сол қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад ва тулонитарин ва хашинтарин диктатор дар сатҳи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ маҳсуб мешавад, пешвоз мегирад.
Тааҷҷубовар ин аст, ки кишварҳои урупоӣ алайҳи шахси Путин, раисҷумҳури Русия, ва Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, таҳримҳое эъмол карданд ва аз ҷумла, ахиран Маҷмаъи Парлумонии Шӯрои Урупо (PACE) эълом кард, ки машруъияти президентии Путинро дар пайи қатли раҳбари мухолифони рус, Алексей Навалний, ба расмият намешиносад. Аммо кишварҳои урупоӣ на танҳо Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз ин ду раисҷумҳур худкоматару хашинтар аст, таҳрим намекунанд, балки ӯро пешвоз мегиранду дасти ӯро мефишоранд.
Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар қатли Умаралӣ Қувватов, муассиси “Гурӯҳи 24”, яке аз гурӯҳҳои мухолиф, ки соли 2015 ба ҷонаш дар Истанбули Туркия суйиқасд сурат гирифт ва дар пайи он кушта шуд, даст дошт.
Ҳамчунон, танҳо дар даҳ соли ахир, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳизби умдаи мухолиф ҲНИТ-ро мамнуъ эълом карду садҳо тан аз аъзои аршади онро ба солҳои тулонӣ ба зиндон фиристод ва бо тасвиби қонунҳое тамоми қудратро мунҳасир ба хонаводаи худ кард ва ахиран тазоҳуроти мардуми Бадахшонро ба таври ваҳшоиёна саркуб кард, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо тан аз помириҳо ва зиндонӣ шудани садҳо тани дигар ба солҳои тулонӣ шуд.
Дар беш аз 30 соли ҳокимияташ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба миллати Тоҷик ҷуз фақру нодорӣ ва саркубгарию нақзи ҳуқуқи башар чизе ба армуғон наовардааст ва ҳамчунин ҳиҷрати миллионҳо тоҷик ба Русия ва кишварҳои урупоӣ ва гароиши рӯзафзуни ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва ширкати онҳо дар амалҳои террористӣ низ натоиҷи табии саркубгарӣ ва ноуҳдабароии сиёсатҳои Э. Раҳмон дар се даҳаи ахир аст. Бо эътирофи худи Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонони тоҷик танҳо дар се соли ахир дар 24 амали террористӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои урупоӣ ширкат карданд.
Паймони миллии Тоҷикистон аз ҷаҳони мутамаддин ва тамоми кишварҳои демократӣ, бахусус урупоӣ, талаб менамояд, ки бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои худ ва даст фишурдан бо ӯ аз тарафи сарони ин кишварҳо дар машруъият додан ба режими худкомаи Раҳмон ва нақзи бештари ҳуқуқи башар ва саркубгариҳои бештар саҳм нагузоранд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
19.04.2024
Рубрики:Баёнияҳо



