Дидгоҳ

Назари Дориюши Раҷабиён дар бораи таъсиси Анҷумани Озодандешон

Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон оғози хубе дошт. Чиро? Зеро дар миёни аъзои он метавон як демукроти ашаддӣ, як исломгарои дуоташа, як секулори сеоташаро ҳам пайдо кард. Иттифоқан, нахустин вокуниши ман ба хабари таъсиси Анҷуман ин буд, ки чигуна ин одамҳои мухталиф дар як чорчӯб гирдиҳам омадаанд ва чигуна давом хоҳанд овард. Ва ҳамин ки гирди ҳам омадаанд, хабари хушюмнест, ба худии худ.

Ҳамаи афроди аслии ин Анҷуманро мешиносам. Ба ҳамаи онҳо эҳтироми вежа қоилам.

Ва дар ъайни ҳол эҳсос мекунам, ки ин Анҷуман як созмони миёндавраӣ аст.

Сирфан ба хотири ин ки афроде, ки онро таъсис додаанд, дидгоҳҳои комилан мутафовите доранд, ҳадафи аввалияи онҳо метавонад яке бошад ва шояд ҳам дар ниҳоят ба ҳам бирасанд. Аммо роҳе, ки то ба ниҳоят мерасад, каҷу муъавваҷ аст. Ва аммо, муҳимтар аз ҳама, он каҷию муъавваҷӣ дар оғози роҳ падидор нест.

Вокуниши тӯтиёни расмии Тоҷикистон ба хабари таъсиси Анҷуман хандаовар буд. Тибқи маъмул. Дар он миён, дар расонаҳои расмӣ ё нимарасмӣ (ё ба истилоҳ хусусӣ) шояд ошноёну дӯстони ман ҳам бошанд, аммо пӯшиши ин гуна хабарҳоро ин даста аз ошноёну дӯстон то кунун ба бадтарин наҳви мумкин анҷом додаанд. Ҷузъиёти пӯшиши бисёр бади ин хабар дар Тоҷикистонро феълан нодида мегирам. Аммо ҳар касе, ки як соъат дарси рӯзноманигорӣ хонда бошад, бояд аз чунон навъи пӯшиш шарманда шавад ва аз он ба баъд худро “мубаллиғ” биномад, на “рӯзноманигор”.

Мубаллиғоне, ки худро рӯзноманигор ҷо задаанд, тибқи маъмул шакари зиёдӣ мехуранд. Ва ҳеч суханашон дуруст нест.

Он чи дуруст аст, ин аст, ки шуморе аз тоҷикон тасмим гирифтаанд созмоне бо номи “Анҷумани Озодандешони Тоҷик” таъсис кунанд. Агар Шумо мухолифед, бошед. Ва чун онҳо мухолифи Шумо ҳастанд, онҳо ҳам бошанд. То бад-ин гуна ҳамзистиро биомӯзем. Ва бо дидгоҳҳои мухталиф канори ҳам зиндагӣ кунем. Ва дигар ҳаргиз ҳамдигарро накушем, ки бузургтарин шармандагии тоҷикон дар ъасри ҷорист…

Манбаъ: Фейсбук

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s