Адабиёт

Рубоиёти Хайём дар аъмоқи уқёнуси Атлас

Ба қалами: Ҷубин Бикрад (Joobin Bekhrad)

Амин Маълуф, нависандаи фаронсавӣ-лубнонӣ дар романи таърихии худ бо унвони “Самарқанд” навиштааст: “Вақте киштии Титаник дар 14 апрели 1912 ғарқ шуд, барҷастатарин қурбониаш як китоб буд…

Китоби мавриди назар, як нусхаи хаттӣ аз рубоиёти Хайём, шоири эронии қарни 11 мелодӣ буд. Танҳо як нусха аз ин китоб вуҷуд дошт ва ба ҳамин далел бисёр боарзиш буд. Дар воқеъ нусхаҳои зиёде аз ашъори Хайём вуҷуд дошт, аммо замоне, ки Титаник сафари шуми худро оғоз кард, ин нусха аз дигар китобҳо саромад буд. На танҳо ба далели он чи дарунаш навишта шуда буд, балки ҳамчунин ба хотири зоҳир ва тасвирҳояш. Ин нусхаи хаттӣ буд, ки илҳомбахши романи таҳсиншудаи Маълуф шуд. Ӯ дар муқаддимаи китобаш навиштааст: “Дар аъмоқи уқёнуси Атлас (Атлантик) як китоб нуҳуфтааст. Мехоҳам достони онро бароятон бигӯям.”

Оскар Уайлд (Oscar Wilde) рубоиёти Хайёмро “шоҳкори ҳунар” тавсиф кард ва онро ҳамтироз бо ғазалҳои Шекспир донистааст.

Як зарбулмасали маъруфи порсӣ мегӯяд: “Ҳар ки товус хоҳад, ҷаври Ҳиндустон кашад.” Ва дар ҳоле, ки ин зарбулмасал ба ғоратҳои подшоҳи Эрон Нодиршоҳи Афшор дар Деҳлӣ дар қарни 18 мелодӣ ва ба ғанимат гирифтани “Тахти товус” ишора дорад, аммо метавон ин зарбулмасалро барои ҳодисае, ки чанд қарн баъд дар Ландан иттифоқ афтод низ содиқ донист. Дар аввалҳои даҳаи 1900, Ҷорҷ Сатклифф (George Sutcliffe) ва Фрэнсис Сангорскӣ (Francis Sangorski), ки ошиқи эҳёи суннати қуруни вустоӣ дар тиллокӯбии китобҳо буданд, дар Ландан ба тарроҳиҳои шигифтангез ва гаронқимат маъруф буданд. Ба ҳамин далел, Ҳенри Сотиран (Henry Sotheran) барои суфориши як китоби беназир назди онҳо рафт.

Қимати китоб аслан барои Сотиран муҳим набуд. Ба он ду саҳҳоф як чеки сафед дода буд, то ҳеч чиз монеъи хаёлпардозиҳояшон нашавад ва масҳуркунандатарин китоберо, ки ҷаҳон то ба ҳол ба худ дида халқ кунанд. Пас аз ду соли талош ва кори сахт, китоб дар соли 1911 ба итмом расид: тафсири Эдвард Фитсҷералд (Edward FitzGerald) аз рубоиёти Умари Хайём бо тасвирпардозии Элиу Веддер (Elihu Vedder). Ин китоб ба унвонҳое чун “Умари Бузург” ва “Китоби шигифтангез” низ маъруф шуд, ки ба далели зарқу барқи хиракунандааш буд.

Бар ҷилди китоб се товус бо думҳое аз ҷавоҳир нақш баста буд, ки дар боғҳои эронӣ қарор доштанд. Дар пушти онҳо як бузуки (тори) юнонӣ низ дида мешуд. Беш аз ҳазор санги қиматӣ ва нимақиматӣ монанди ёқут, фирӯза ва зумурруд ва наздик ба панҷ ҳазор тикка чарм, нуқра, оҷ ва 600 варақ тиллои 22 аёр дар он ба кор рафта буд.

Умари бузург

Гарчи қарор буд тавассути Сотиран ба Ню-йорк мунтақил шавад, аммо ҳозир нашуд ҳазинаи аворизи сангини гумруки Америкаро пардохт кунад. Ба ҳамин далел ба Англия баргардонда шуд ва дар ҳароҷ Сотиран ба қимати 450 евро (нисфи қимати аслиаш, ки ҳазор евро таъйин шуда буд) ба Габриэл Уэллс (Gabriel Wells) фурӯхта шуд. Уэллс низ ҳамонанди Сотиран мехост ин шоҳкорро ба Америка мунтақил кунад. Аммо мутаассифона натавонист онро вориди куштие кунад, ки барои ҳамли ин шоҳкор дар назар гирифта шуда буд.

Титаник гузинаи баъдӣ буд ва идомаи моҷаро низ ниёзе ба тавзеҳ надорад. Аммо достон бо ғарқ шудани Титаник ё марги аҷибу ғариби Сангорскӣ (ки чанд ҳафта баъд аз фоҷеаи Титаник ғарқ шуд) поён наёфт. Стэнли Брей (Stanley Bray), хоҳарзодаи Сатклифф мусаммам буд, ки на танҳо ёду хотираи Умари Хайёмро зинда нигоҳ дорад, балки худ китобро низ бозсозӣ кунад. Бо истифода аз тарҳҳои аслии Сангорскӣ тавонист пас аз шаш соли талош ва машаққат китобро бозсозӣ кард ва онро дар як ғурфаи муҳофизатшуда қарор дод.

Садҳо нусхаи мухталиф аз рубоиёт Хайём мунташир шудааст, ки яке аз онҳо тавассути тасвирсози маъруф Эдмунд Дулак (Edmund Dulac) тарроҳӣ шудааст.

Аммо ингор шонс бо Умари Хайём ва тарафдоронаш ёр набуд. Зеро он нусха аз китоб низ дар вайрониҳои ношӣ аз ҷанги ҷаҳонии дуввум аз байн рафт. Стенли Брей аз ин иттифоқ шок шуд, аммо маъюс нашуд. Бори дигар остин боло зад ва нусхаи дигаре аз “Нағмаи қавӣ”-и доияшро дуруст кард. Аммо ин бор дуруст карданаш чанд сол тӯл накашид, чанд даҳа тӯл кашид. Пас аз чиҳил соли кор, ҳосили ранҷҳои Брей китоби хиракунандаи дигаре буд, ки ба китобхонаи Британия қарз дода шуд ва пас аз маргаш низ яке аз амволи китобхона шуд ва то ба имрӯз дар он ҷо боқӣ мондааст. Брей андаке қабл аз маргаш гуфт: “Ман ба ҳеч ваҷҳ хурофотӣ нестам, бо ин ки мегӯянд, товус намоди фоҷеа аст.”

ФитзУмар

Аммо рубоиёти Хайём чӣ буд ва ин шахсияти мубҳам кӣ буд, ки Сотиран ва ҳазорон нафари дигарро маҷзуб карда буд? Хайём донишманди қарни 11 мелодӣ аз шарқи Эрон буд. Ӯ ба далели пешгомӣ дар мутолеоти нуҷум ва риёзиёт мавриди эҳтироми мардум ва дигар донишмандон буд. Хайём ҳамонанди дигар донишмандони Эрон ҳамонанди Ибни Сино шоир ҳам буд. Аммо шеърҳояш бо ашъори пешиниён тафовут дошт ва қарнҳост, ки дар адабиёти классики форсӣ ҷойгоҳи вежае дорад.

Дар солҳои мунтаҳӣ ба ҷанги ҷаҳонии аввал, фирқаи пайрави Умари Хайём вуҷуд дошт.

Ӯ хеле зуд ба хотири ошуфтагиҳои давроне, ки дар он зиндагӣ мекард (Эрон дар он замон таҳти ишғол буд ва ишғолгарон он кишварро вайрон карда буданд), мутаваҷҷеҳи гузори зиндагӣ, иҷтинобнопазирии марг ва аҳаммияти лаззат аз зиндагии кӯтоҳи дунявӣ шуд.

Честертон, романнависи британияӣ, рубоиёти Хайёмро Тавроти фалсафаи “дам ғанимат шуморӣ” медонад.

Агар Гёте ошиқи Ҳофиз ва Волтер мутаассир аз Саъдӣ буд, Эдвард Фитсҷералд, шоири давраи Виктория шефтаи руҳияи порсии Хайём шуд. Ӯ қабл аз ошноӣ бо Хайём, осори Ҷомӣ ва Атторро тарҷума карда буд. Аммо рубоиёти Хайём буд, ки ӯро таҳти таъсир қарор дод. Гарчи Фитсҷералд ашъори Хайёмро дақиқан тарҷума накард, аммо бо тафсирҳояш дарки худ аз руҳиёт ва ҷаҳонбинии Хайёмро мунтақил мекунад, ва аз ин рӯ нависандаи китобро “ФитзУмар” муаррифӣ мекунад.

Ин китоб дар ибтидо аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор набуд, аммо тӯле накашид, ки ин китоби борик аммо амиқ ба шӯҳрате расид, ки Фитсҷералд ҳаргиз тасаввурашро ҳам намекард. Дар охирҳои қарни 19-ум, як салони адабии барҷаста дар Ландан ба номи Хайём номгузорӣ шуд. Китоби Фитсҷералд илҳомбахши ҳунармандони “пешорафаэлӣ” монанди Уилям Моррис (William Morris) шуд, ки ду нусхаи хаттӣ аз он таҳия кард ва дуввумин нусха шомили тасвирсозиҳои зебои Эдвард Бёрн-Ҷонс (Edward Burne-Jones) буд.

Вақте нусхае аз рубоиёти Хайём ба наққошони пешорафаэлӣ дода шуд, Ҷон Раскин (John Ruskin) гуфт: “То ба имрӯз, китобе ба ин шукӯҳ нахондам.”

Аммо чаро? Чӣ гуна ашъори як донишманди қарни 11 на танҳо дар давраи Виктория ва қарни 20-ум, балки ҳатто имрӯз низ сидқ мекунанд? Посух дар ҷовидонагии ашъори Хайём ва ҳақоиқе аст, ки фарҳанг, дин ва фирқа намешиносад. Дар ҳақиқат дар рӯзгори мутазалзил ва саршор аз ибҳоми имрӯз, рубоиёти ӯ беҳтар аз даврони худаш дарк мешаванд. Шоири лаззатгаротарин китоби ҷаҳон агар имрӯз зиндагӣ мекард, аз дунёи девонаи мо чӣ мегуфт? Шояд:

Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,

Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.

Соқӣ, ғами фардои ҳарифон чӣ хӯрӣ?!

Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.

Манбаъ: ВВС англисӣ

Рубрики:Адабиёт, Андеша, Машоҳир

Помечен как:

Оставьте комментарий