Ахбори Анҷуман

Баёнияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик ба муносибати даргузашти Равшани Ёрмуҳаммад

Анҷумани Озодандешони Тоҷик даргузашти Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи номвар, мудофеи ҳуқуқи мардум, падар ва ҳамроҳи вакили мудофеи шаҳир Бузургмеҳр Ёровро ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ба хусус ҳамсари гиромии он шодравон ва низ Хоссият ва Ҷамшед Ёровҳо, духтар ва писари марҳум таслият арз мекунад.

Худованд он шодравонро раҳмату мағфират кунад ва барои хонаводаи эшон сабри ҷамил иноят фармояд.

* * *

Равшани Ёрмуҳаммад нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва драматурги тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001) аст.

Вай 27 январи соли 1942 дар деҳаи Ғармови деҳшӯрои Ғашёни ноҳияи Обигарм таваллуд ёфтааст. Моҳи майи соли 1947 хонадонашон ба ноҳияи Ворошиловобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) кӯчида, дар ҳамин ҷой мактаби миёнаи ба номи Максим Горкийро (1959) хатм кардааст. Солҳои 1959-1964 таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома додааст. Солҳои 1975-1977, 1982-1986 дар Афғонистон сафари хидматӣ дошта, тарҷумонии котиби дуввуми Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистонро баҷой овардааст. Баъдан дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои “Тоҷикистони Советӣ” ва “Ҳақиқати Колхозобод”, Комитети давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кор кардааст. Соли 1991 сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” таъин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

То кунун ӯ тавонистааст чиҳил асари худро, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир кунад. Аз ҷумлаи романҳои ӯ бо номҳои “Ишқи Рӯдакӣ”, “Бармакиён” ва “Хоҷа Низомулмулк” дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Соли 1993 барои қиссаи “Гӯрков” барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мешавад. Чанд соле ҳам муовинати раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш доштааст.

Нахустин ҳикояҳояш аз ибтидои солҳои шастум дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, маҷаллаҳои “Машъал” ва “Занони Тоҷикистон” ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳои ”Шоҳбузи сафед” (1990), “Чашма” (1995), “Родничок” (1995), “Зулмот ё худ саргузашти аҷоибу ғароиби Қаламак” (1998), “Қиссаи шаҳри беҷон ё худ саргузашти духтари бофанда” (1998), “Гӯрков” (2000), қиссаҳои “Буду набуд” (2000), “Асҳоби Каҳф ва Рӯҳ” (2002), “Достони Қорун. Данонир” (2003), “Дардҳо ва ашкҳо” (2003), “Одамони кайҳонӣ” (2003), “Санги арӯс” (2005), романи “Бармакиён”, қиссаҳои “Тӯфони Нӯҳ”, “Хоб ва бедорӣ” (2007), “Ишқи Рӯдакӣ” (2008), “Қалби пурасрори ҳазораҷот” (2009), “Гурбача рӯ мешӯяд” (2009), “Ашкҳои ночакида” (2011), “Як ароба гулу хор” (2013) ва ғайра мебошад. Муаллифи 10 драма мебошад, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум, дуввум ва севвум гардидаанд. Дар таҳияи мунтахаби ҳикояҳои “Тазкират-ул-авлиё”, рисолаҳои “Усули навиштани иншо”, “Никоҳ, талоқ ва ҳуқуқи зан” ҳиссагузорӣ кардааст. Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, украинӣ, литвонӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Тарҷумаи қиссаҳои нависандагони рус А.Алексин “Евдокияи ҷинӣ”, “Фарзанди сари пирӣ”, “Иҷрокунандагон ва иштироккунандагон”, “Севвум дар қатори панҷум”, С.Сахарнов “Духтарак ва делфин” ва ҳикояҳои сершумори адибони хориҷӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Соли 2001 барои китоби “Гӯрков” сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст. (Википедия)

Гуфтанист, Бузургмеҳр Ёров, писари бузурги Равшани Ёрмуҳаммад аз соли 2015 дар зиндон аст. Ҷамшед Ёров ва хоҳараш Хоссият Ёрова низ ба далели таъқиб ва фишор, тақрибан ду сол пеш кишварро тарк карда, дар хориҷа қарор доранд.

Равшани Ёрмуҳаммад моҳи декабри соли 2016 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз замони боздошти писараш Бузургмеҳр Ёров дар хонае ба танҳоӣ зиндагӣ дорад ва саҳифаҳои охирини романи “Маҳмуди Ғазнавӣ”-ро менависад. Ӯ гуфта буд, дар тасвираш шоҳ Маҳмуд як ҷоҳталабу хунхор аст, аммо нагуфт, ба чӣ сабаб ба ин мавзӯъ рӯ овардааст:

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s