Анҷумани Озодандешони Тоҷик ҳамаи бонувони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи модар, яъне 8 март, табрик ва таҳниат мегӯяд.
Албатта, мо мӯътақид нестем, ки танҳо як рӯз аз сол вежаи бонувони азизамон аст. Ҳар рӯз ва ҳар соат ва балки ҳар лаҳза, вежаи шумо ва мутаъаллиқ ба шумост, ва ҳар андоза ҳам, ки аз шумо, азизон, ёд шавад ва дар бораатон гуфта шавад ва аз шумо тақдиру ташаккур ба амал ояд, боз ҳам кам аст.
Умедворем, дар ҷомеаи мо, ба мақоми зан ва модар, чунонки бояд, арҷ гузошта шавад ва масъулони зирабт талош дар костан аз ранҷҳои онон бикунанд, ки дар ду даҳаи ахир гиребонгири аксари онон шуда. Бонувон ва модароне, ки дар ҷомеаи мо ба сабаби муҳоҷирати ҳамсарон ва ё фарзандонашон, ҳамаи мушкилоти зиндагӣ бар дӯши онҳо фуруд омада ва мутаассифона аз рӯи ночорӣ ба анҷоми ҳар коре ҳозиранд, ҳатто корҳое, ки вежаи мардон аст, махсусан кори рӯфтагарии хиёбонҳои калоншаҳрҳо.
8 март дар таърихи кишварҳои пешрафта ба унвони рӯзи муборизаи бонувон барои ҳуқуқи худ дониста шудааст. Агар ҳуқуқи ниме аз шаҳрвандони ҷомеа нақз шавад, дар он сурат он ҷомеа наметавонад озод бошад. Аз ин рӯ, на танҳо бонувон, балки мардони ҷомеа низ бояд барои ҳуқуқ ва баробарии занон талош кунанд.
Бонуи озод ва таҳсилдида, баробарҳуқуқ ва мӯҳтарам фарзандони озод ва босаводро тарбият хоҳад намуд, ва ҳамин тазминкунандаи пешрафти ҷомеа ва кишвар аст.
Идатон муборак бонувон ва модарони азиз!
Анҷумани Озодандешони Тоҷик
Рубрики:Ахбори Анҷуман, Баёнияҳо, Бонувон