Ахбори Анҷуман

Баёнияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик ба муносибати сафари раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Анҷумани Озодандешони Тоҷик тамоми ҳаммиҳанони тоҷикистонӣ ва ӯзбекистониро ба хотири ҷомаи амал пӯшидани орзуяшон дар бозгашти фазои бародарӣ ва ҳусни ҳамчиворӣ на танҳо дар сатҳи фардӣ ва ҷомеа, балки дар сатҳи сиёсӣ ва сарони ду кишвар табрику таҳниат мегӯяд.

Мо, сафари умедворкунандаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро, ки нахустин сафари ӯст, ба фоли нек мегирем ва аз он истиқбол менамоем, ва умедворем санадҳое, ки дар Душанбе ба имзо расиданд, ба манфиати ҷомеа тамом шуда ва мунҷар ба ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тавсиъаи демукросӣ дар ҳар ду кишвар, эҷоди фурсатҳои шуғлӣ ва бозгашти муҳоҷирони корӣ ба оғӯши хонаводаҳои худ гарданд.

Мо умедворем, ки солҳои сиёсати инзиво, ман-маниҳо ва худхоҳиҳои бархоста аз эҳсосоти миллигароёна, ҷудоии хешовандон аз ҳамдигар, дар муқобили ҳам қарор додани ду миллат, дар ҷустуҷӯи душманҳои берунӣ ва дарунӣ шудан ва он ҳам ба хотири манофеи шахсӣ ва маҳдуди сиёсӣ, ҳама, ба фаромӯшӣ супурда шуда ва пушти сар гузошта шаванд.

Мо мӯътақидем, ки иҷрои тағйироту ислоҳоти лозим дар Ӯзбекистон, аз хеле вақт пеш як тақозои мубрами ҷомеаи Ӯзбекистон буд ва саранҷом ин тақозо шунида шуд. Тағйири қудрат дар Ӯзбекистон фурсате шуд барои танаффуси ҳавои тоза ва шӯълаи умеде гардид барои тағйироти решаӣ. Тағйироте, ки бояд барои Тоҷикистон намуна қарор бигирад.

Дар миёни аъзои Анҷумани Озодандешони Тоҷик на танҳо тоҷикон, балки ӯзбекҳо, русҳо ва намояндаҳои соири миллиятҳо низ, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, фаъолият доранд. Хешовандону бастагони мо дар ҳар ду тарафи марз зиндагӣ мекунанд ва хоҳони поксозии минҳои ҳақиқӣ ва маҷозӣ дар ду тарафанд.

Мо мӯътақидем, ки саркӯби ҳуқуқ ва озодиҳо, хушунатҳои сиёсӣ алайҳи мухолифон, ҳарос аз рақибони сиёсӣ, даст ба даст нашудани қудрат, озору шиканҷаи дигарендешон, нақзи озодии виҷдон, ҳаққи моликият, озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ ва ҷомеаи маданӣ, саркӯби демукросӣ ва монеъгузориҳо сари роҳи тағйироти демукротик, ба зарару зиёни давлат буда ва ба ҷазби сармоягузориҳо осеб мерасонанд ва на ба маслиҳату манфиати миллат аст ва на ҷомеа ва на манофеи миллии кишварҳо, балки монеи бузург дар сари роҳи тавсиъаи иқтисодӣ ба шумор меравад.

Бовари мо ин аст, ки агар бихоҳем ҳамкориҳои баробар бо Ӯзбекистон дошта ва ба сӯи як дурнамои умедбахш барои тавсиъаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба гом бардорем, раҳбарияти Тоҷикистон бояд аз ҳамаи инҳо як хулосаи ҷиддӣ бароварда ва дар сиёсатҳои дохилӣ ва иқтисодии яксӯгаронаи худ таҷдиди назар кунад.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s