Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
11-уми март рӯзи матбуоти тоҷик аст. Иди расмист. Яъне давлати Тоҷикистон ва ҳукумати феълӣ онро эътироф мекунад ва гӯё арҷ мегузорад. Аммо воқеъият дигар аст. Ҳамон тавре, ки парлумони интихобӣ ва додгоҳи мустақил надорем, матбуоти озод ҳам надорем. Имрӯзҳо надорем, албатта.
Соли 1912 барои чанд моҳ („Бухорои шариф“), солҳои 1990 -1992 (“Чароғи рӯз”, “Ҳафтганҷ”, “Сухан” ва ғ.), солҳои 2003 – 2004 («Рӯзи нав», “Нерӯи сухан”, “Одаму олам”) ва солҳои 2005 -2016 (“Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон”, “Фараж”, “Вақт” ва ғ.) доштем.
Ба онам, ки озодии баёнро мо — тоҷикон ниҳодина таъмин карда натавонистем. Натавонистем, зеро:
а) Сарқонун иҷро намешавад;
б) тафаккури истеъморзада бар ҷомеъа тасаллут дорад.
Аҳамияти хоси озодии матбуот ва баёнро барои рушди миллӣ ҳукумат ва ҷомеаи мо дарк намекунанд. Аксарияти кулли нухбагони ақлӣ ва идории тоҷик барои озодии баён талоши арзандае намеварзанд.
Фарзи мисол, ман нашунидаам ва нахондаам, ки Устоди бузург Муъмин Қаноат талоши ҷиддие карда бошад, адиби тавоно Фарзонаи Хуҷандӣ мавзеъгирие дошта бошад, маэстро Далер Назар, академикҳо Мамадшо Илолов ва Фарҳод Раҳимӣ садо буланд карда бошад. Ман муттасифона, нахондаам. Агар нафаре донад, маро ҳатман ислоҳ кунад.
Бале, дарк намекунем, чун мисли хеле аз арзишҳои дигари универсал молу зодаи фарҳанг ва тамаддуни мо нест. Хосияти арзишҳои универсалӣ ин аст, ки ақлҳои мутавассит онҳоро қабулу гиромӣ дошта наметавонад. Балки ба онҳо механданд. Хандаи ҷоҳил, аммо шинохтанаш кори осон нест. Аммо ин ҳама маънии онро надорад, ки дар ин роҳ талошҳое нашудаанд.
Мо — тоҷикон аз ҳар миллати дигар дар паҳнои собиқ Шуравӣ дар ин раҳ зиёд қурбонӣ додаем.
Дар зер руйхати матбуотчиён ва журналистони тоҷикистонӣ аст, ки дар ин раҳ шаҳид шудаанд. Чанд тан аз онҳое ҳам ҳастанд, тоҷикистонӣ нестанд, вале дар Тоҷикистон кушта шудаанд. Ин руйхатро дар чорчуби як тарҳи хотираи миллӣ таҳия кардам. Шояд пурра нест ва боз ҳам кор мехоҳад. Худованд так таки онҳоро раҳмат кунад.
Name Date of death
Khushvahtsho Muborakshoev December, 1992
Jamshed Davlatmamadov December 25, 1992
Filolisho Khilvatshoev December, 1992
Mukhtor Bugdizoda December 25, 1992
Tavakkali Faizullo November 17, 1992
Turajoni Kobil June, 1992
Olimi Zarobek May 7, 1992
Shirindzhon Amirdzhon May 16, 1992
Murodullo Sheralizoda May 5, 1992
Arcadi Ruderman September 1, 1992
Tabarali Saidulloev October 21, 1993
Olimjon Yorasenov June or July 1993
Pirimkul Sattori May 28, 1993
Zuhuruddin Suyari March 1, 1993
Saidmurod Yerov (Saidmurodi Yerion) January, 1993
Sharifamo Kishvardukht (Kishvarova) October 1, 1993
Emilia Podobed September , 1993
Tohirjon Azimov (Tohir Azim) June or July,1993
Sharif Ahrorov July 1, 1993
Sharofiddin Kosimov June or July 1993
Zikrullo Valiev Summer 1993
Saidjalol Fakhriddin June 1, 1993
Khushvakht Haydarsho May 18, 1994
Hamidjon Khakimov November 18, 1994
Davlatali Rahmonaliev August 18, 1994
Olim Abdulov May 15, 1994
Muhiddin Olimpour December 12, 1995
Viktor Nikulin March 28, 1996
Meirkhaim Gavrielov June 8, 1998
Otakhon Latifi September 22, 1998
Dzhumakhon Khotami July 5, 1999
Abduqahhori Nozim Oktober 7,1995
Abdulhakim Shukurzoda April 21,2000
Abdulkholik Sodikov 1992
Akbar Sharif Oktober 7, 1996
Amonbek Shohzoda Avgust 18, 1993
Burhon Gani (Ganiev) December 13, 1992
Makhsum Olimi December 24, 1992
Zayniddin Muhiddinov March 14, 1995
Saif Rahimzodi Afardi (Rahimov) May 20, 2000
Sharifjon Mansurov Oktober 24, 1992
Shakarbek Mirzoshoev January 13, 1993
Sergei Sidakovskiy September 5, 1999
Saivalii Nasibov December, 1992
Saidsho Saidov February 4, 1996
Chobir Azizmurodov December 18,1993
Chunaidullohi Khalifa Mach, 1993
Etibor Elmurodova July 15,1994
Homid Malikov (Homidi Malik) 1997
Iskandar Karim May 15,1993
Ayubchoni Nemat Juny 16,1993
Mahmudjon Shahobiddinov Oktober 16,1993
Maksudsho Immatshoev Oktober 3,1993
Muhammadmuslehi Nachibulloh July 4,1995
Muhammadsharif Holov Nowember 16,1995
Muso Mavlaviev Oktober 16,1993
Musofir Nabiev December 20,1995
Pochohon Saifiddinov September 19,1995
Ruziboy Chumaev December,1992
Kulmuhammad Abdulhuseynov December,1992
Qurbon Tagoev Avgust,1992
Jurajon Qalandarov February , 1993
Tohiri Malik Mach-April, 1993
Safar Shoev September 10, 1993
Ahmadjon Samadov 1994
Gadoboy Uzbekov (Sarmat) 1993
Nafasbeki Rahmon May 5-7,1995
Odil Islomi 1996
Alisher Nozimov Avgust 13, 1996
Shamsi Sobir July 9, 1996
Umrikul Haqberdiev 1999
Vladimir Dolgikh 1999
Iskandari Khatloni September 21, 2000
Ному пайкорашон ҷовидона бод!
Манбаъ: Фейсбук
Рубрики:Ҷомеа