Ҳуқуқи башар

Номаи ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ба президенти Туркия

Муҳтарам Тайиб Эрдуғон!
Мо, аъзои Ҳаракати тозатаъсиси мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», ки мақараш дар ҳудуди Шоҳигарии Ҳолланд ҷой гиирфтааст, аз Шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, муроҷиати моро ба ҷонибдории Суҳроб Тураев ва Насимҷон Шарипов, ки тавассути хадамоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркиё рӯзи 19 марти соли 2018 боздошт шуданд, мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳед.

Суҳроб Тӯраев роҳбари Гурӯҳи сиёсии 24 мебошад. Ин гурӯҳ соли 2012 дар Русия аз ҷониби шаҳрванди Точикистон Умаралӣ Қувватов созмон дода шудааст. Насимҷон Шарипов низ аъзои ин гурӯҳ аст.

Гурӯҳи 24 ба зидди низоми истибдодии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бархоста, ҷонибдори ҳокимияти воқеии мардумӣ, давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳамчунин хоҳони аз байн бурдани фасод дар кишвар,лағви қонун оид ба «Пешвои миллат», тарафдори озодии тамоми маҳбусони сиёсӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад.

Баъди он ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо як қарори худ бидуни далел ин гурӯҳро экстремистӣ террористӣ (ифротгаро) эълон кард, аксари тарафдорони он тарки кишвар карданд. Моҳи марти соли 2015 роҳбар ва муассиси ин гурӯҳ ин Умаралӣ Қувватов бо зан ва фарзандони худ заҳролуд шуда, баъди заҳролудшавӣ бо зарби тир дар яке аз кӯчаҳои Туркия кушта шуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон идораи давлат ба таври «хонаводагӣ» ва «авлодӣ» ба роҳ монда шудааст. Чӣ дар сиёсат ва чӣ дар тиҷорат авлоди президент Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтаанд. Фасод дар ҳама ҷо реша давондааст. «Оила» сол то сол мавқеи худро мустаҳкамтар сохта, бо гуногунандешон (озодандешон) муборизаи шадид мебарад. Бо ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ (соли 2016) Эмомалӣ Раҳмонро «Пешвои миллат» эълон намуданд. Тибқи он Эмомалӣ Раҳмон салоҳияти якумра ҳукумронӣ намудан ва идора кардани давлатро дорад. Инчунин ҳукумат таъсиси ҳар гуна гурӯҳҳои опозитсиониро (мухолиф) манъ намуда, вакилони дифоъ, ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ба маҳбас мекашад, фаъолияти гурӯҳҳои диниро маҳдуд месозад. Воситаҳои ахбори оммаро таҳти назорат қарор дода, фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро низ танзим менамояд.

Бо баҳонаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дар Тоҷикистон назорати қатъӣ аз болои олимони соҳаи дин ҷорӣ гардида, ҳатто ба сару либоси мардум кор гирифта мешавад. Дар интихоби сару либос маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда, иҷозат намедиҳанд, ки мардон риш монанд. Бо зӯрӣ риши мардҳо тарошида мешавад, аз сари занон чодар мекашанд. Айни замон дар Тоҷикистон касби аз ҳама хатарнок вакили дифоъ ба ҳисобида мешавад. Вакилони дифоъро бо ҷурмҳои сохтаи сиёсӣ ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд.
Шиканҷа, зӯроварӣ ва дигар намудҳои фишор ба зиндониён васеъ паҳн шудаанд.
Онҳое, ки дар бораи ҳолатҳои шиканҷа шудани зиндониён хабар медиҳанд ва ин амали ҳукуматро нодуруст мешуморанд бо мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Сомонаҳои мустақили иттилоотӣ баста гардида, хабарнигоронро бе ягон факту далел аз иҷозатномаи фаъолият (лицензий) маҳрум месозанд, ё бо итиҳоми бофтаву сохта маҳкум мекунанд.

Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иртиботи мухобиротии шаҳрвандонро таҳти назорат қарор додаанд ва ба саҳифаҳои шахсии шаҳрвандон дастрасӣ доранд. Дар Тоҷикистон муҳити саркубкунии мухолифон ҳукмфармост. Аксари мухолифони фаъоли ҳукумат, хабарнигорони мустақил, олимон, ҳуқуқшиносон тарки кишвар карда, дар дигар давлат паногоҳи сиёсӣ металабанд.. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳукумати Тоҷикистон фишору таҳдидро аз болои омма давом медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки бо кадом роҳе, ки набошад гуногунандешонро ба Ватан баргардонад. Яке аз роҳҳое, ки ҳукумат аз он кор мегирад, ин «хатти қирмизи», тавассути Интерпол мебошад.

Ҳамчунин барои баргардонидани мухолифон аз фишор ва таҳдид ба аъзои оила ва хешу табор, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, истифода мебарад. Аъзои оилаҳои мухолифон дар тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд, чунки аз онҳо шиносномаҳояшонро мегиранд, аз кишвар баромадан намемонанд, молу мулкашонро тасарруф мекунанд. Дар сурати огоҳӣ ёфтан аз иртиботашон бо гурезаҳои сиёсӣ аз амалҳои дигар низ кор мегиранд.

Сохтори додгоҳии Тоҷикистон сиёсӣ шуда, мурофиаҳо пушти дарҳои баста сурат гирифта ба онҳо муҳри махфӣ зада мешавад. Шафоффият дар мурофиаҳо ба назар намерасад. Дар Тоҷикистон системаи таҳқиқ дар асоси иқрор амал мекунад ва аксаран хадамотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз он кор мегиранд, яъне дар таҷрибаашон аз «шиканҷа» барои иқрор истифода мебаранд. Онҳое, ки барои ақидаҳои сиёсияшон маҳкум шудаанд, нисбаташон шиканҷа ва ҳатто бадрафториро истифода мебаранд.

Дар такя ба гуфтаҳои боло бори дигар ёдовар мешавем, ки мо барои ҳаёти Суҳроб Тӯраев ва Насимҷон Шарипов ҳарос дорем. Итминони комил дорем, ки ба ҷонашон дар Тоҷикистон хатар таҳдид мекунад. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, Умарҷони Эмомалӣ ба ВАО иттилоъ дод, ки Сӯҳроб Тӯраев ва Насимҷон Шарипов дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд ва ҳукумати Тоҷикистон барои истирдодашон аз Туркиё даъват ба амал овардааст.

Мо, ба он боварем, ки тамоми айбномаҳо нисбати ин ду нафар бофтаву сохта буда, сиёсӣ ҳастанд. Аз ин рӯ мо аз ҳукумати Туркия даъват мекунем, ки бо пуштибонӣ ва арҷ гузоштан ба қонунҳои байналмилалӣ, Суҳроб Тӯраев ва Насимҷон Шариповро аз зиндон раҳо намуда, бехатарии пурраи онҳоро баъди озодӣ дар қаламрави кишвари Туркиё таъмин намоед.

Бо арзи эҳтиром,
Шарофиддин Гадоев, Ҳамоҳангкунандаи Ҳаракати мардумии «Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон»

Амстердам, Ҳолланд
18.04.2018

Манбаъ: сайти Ҳаракати мардумии «Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s