Ба гузориши хабаргузории Тасним, равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон тайи солҳои ахир дучори фароз ва нишебҳои бисёре шудааст. Бархе таҳлилгарон танишҳои ба вуҷуд омада ва тирагии равобитро тайи солҳои пас аз истиқрори сулҳ дар ин кишвар бесобиқа донистаанд. Дар ҳамин росто шуморе аз факторҳои дохилӣ ва хориҷии муассир дар ин равобит аз сӯи расонаҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ матраҳ мешавад. Дар ҳамин росто гуфтугӯе бо оқои Шарофуддин Гадоев, аз фаъолони сиёсии тоҷик ва раҳбари «Ҷунбиши мардумии ислоҳот барои рушди Тоҷикистон» тартиб додаем, ки дар идома мехонед:
Тасним: Дар ибтидо лутфан аз гурӯҳи тозатаъсиси «Ҷунбиши мардумии ислоҳот барои рушди Тоҷикистон» бигӯед. Чӣ тавр шуд, ки ин ҷунбиш шакл гирифт ва чӣ ҳадаферо дунбол мекунад? Магар дар Тоҷикистон ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ надорем?
Гадоев: Ҳадаф аз ташкили Ҷунбиши рушд ва ислоҳоти Тоҷикистон, тамаркуз бар ислоҳот дар заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсии кишвар аст. Бале, дар Тоҷикистон ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ вуҷуд дорад, аммо мутаассифона ин ҳизб аз ҷониби худи давлат барои хок пошидан дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маъракаҳои сиёсӣ роҳандозӣ шуда ва пешниҳодҳое барои ислоҳот дар масоили сиёсӣ ва иқтисодии кишвар надорад. Ҳадафи Ҷунбиши мардумии ислоҳот барои рушди Тоҷикистон, ошкоро баён кардани воқеиятҳо ва мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон аст ва хоҳони тағйироти куллӣ дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон барои рушди кишвар ҳастем.
Ин сиёсатҳо мебоист бар асоси манофеъи миллӣ танзим шуда ва дур аз дахолати дигар кишварҳо бошад. На ба монанди вазъияте, ки имрӯз аз дахолати кишварҳои хориҷӣ мебинем. Дар ин ҷунбиш чеҳраҳои илмии иқтисод, хабарнигорон, равшанфикрон ва шаҳрвандони оддӣ, ки дидгоҳҳои муштараке барои ислоҳот ва рушди Тоҷикистон доранд, ҳузур доранд.
Тасним: Шумо пеш аз ин дар Гурӯҳи 24 ҳам фаъолият доштед, ки ба вежа пас аз кушта шудани марҳум Умаралӣ Қувватов, фаъолияти шумо дар ин гурӯҳ ҳатто пуррангтар ҳам шуд. Чӣ тавр шуд, ки аз Гурӯҳ 24 ҷудо шудед ва ин ҷунбишро таъсис кардед?
Гадоев: Ҷудо шудани мо ба далели баъзе сиёсатҳое буд, ки ба хусус ҷавонон дар он ҷо пеш гирифтанд. Ин сиёсатҳо бо аҳдофи мо мунтабиқ набуд ва аз ин рӯ берун омадем ва ҷунбиши махсуси худамонро сохтем. То кунун ҳам иқдомоти хубе дар ин муддати кӯтоҳ шудааст. Як сайт эҷод кардем ва дар ояндаи наздик ба фикри роҳандозии барномаҳои телевизионӣ ҳастем. Талошамон ин аст, то фикр ва идеяҳоеро, ки барои Тоҷикистон зарурӣ ба назар мерасанд баён кунем, то ҳам дар муносибатҳои дохилӣ ва ҳам муносибатҳои хориҷӣ таъсиргузор бошанд.
Тасним: Ҳамон тавр, ки иттилоъ доред, тайи солҳои ахир, ихтилофи назарҳое миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон ба вуҷуд омада, ки мунҷар ба тирагӣ ва коҳиши сатҳи равобити ду кишвари ҳамзабон шудааст. Таҳлили шумо аз ин равобит чист?
Гадоев: Бубинед, як асли куллиро набояд дар равобити Эрон ва Тоҷикистон аз назар дур дошт. Он ҳам ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон мардуми Эрон ва Афғонистонро бисёр дӯст доранд. Чаро ки мо таърих, фарҳанг ва забони муштарак дорем. Ин арзишҳо барои мардуми Тоҷикистон ва Эрон бисёр бепоён ҳастанд.
Мардуми Тоҷикистон ҳеч гоҳ намехоҳанд бо Эрон чунин муносиботе вуҷуд дошта бошад. Дар ҳақиқат, мардум манофеъе дар коҳиш ва қатъи равобит надоранд ва мехоҳанд равобит дӯстона буда ва пайвандҳои муҳками иқтисодӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ вуҷуд дошта ва имтиёзоти зиёде ба шаҳрвандони ду тараф дода шавад. Аммо мушкил аз бархе дахолатгарон аст.
Ин афрод бо додани маблағҳое ва ё дастгирӣ кардан аз баъзе сиёсатҳои давлати Тоҷикистон, талош мекунанд равобити ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон рӯ ба сардӣ гарояд. Ҳамчунон, ки имрӯз ҳам мебинем дар бисёре аз кишварҳо саъй мекунанд, ҳамлаи таблиғотӣ алайҳи Эрон анҷом диҳанд ва мехоҳанд дар Тоҷикистон ҳам ин ҷараёнро роҳ биндозанд. Ин як стратегия ва барномаи калон аст.
Тасним: Чаро Тоҷикистон? Ба назаратон интихоби кишваре монанди Тоҷикистон, ки чунин пайвандҳо ва иштирокоти зиёде бо Эрон дошта ва миёнҷигарии Эрон дар сулҳро таҷриба карда, барои иқдом алайҳи Эрон мантиқӣ аст?
Гадоев: Хуб, иллати интихоби онҳо сирфан ин мавзӯъот набуда. Онҳо ба хубӣ аз тазъифи пояҳои мардумии давлате, ки 26 сол аст дар Тоҷикистон рӯи кор омада ва боқӣ монда ҳам иттилоъ доранд. Медонанд, ки мушкилоти иқтисодии зиёде дар давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад ва аз тариқи бастаҳои иқтисодӣ ва кӯмакҳои молӣ ворид мешаванд. Аз ин рӯ мебинем, ки давлат ҳам ба хотири манофеи иқтисодӣ ва бидуни дар назар гирифтани пайвандҳои дерина миёни мардуми ду кишвар, тан ба ин бозии хатарнок медиҳад.
Тасним: Давлати Тоҷикистон аммо нақши ин омилҳои хориҷиро рад карда ва мегӯяд, ҳимояти Эрон аз Ҳизби наҳзати исломӣ пас аз мамнӯъа эълом шудани фаъолияти он, иллати аслии дилхӯрӣ ва кудуратҳост.
Гадоев: Бубинед, масъалаи Наҳзати исломӣ як баҳона буд барои пӯшиши масоили дигар. Агар мо сард шудани равобити Эрон ва Тоҷикистонро дақиқтар баррасӣ кунем, мебинем, ки пеш аз баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Бахше аз ин масъаларо бояд дар бозгардондани беш аз 2 миллиард доллар аз пулҳои сармоядорони эронӣ дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ кард. Ин пулҳо воқеият буданд, афсона нестанд.
Ман худам фаъоли иқтисодӣ ва соҳибкор будам дар Тоҷикистон ва ба хубӣ медидам, ки ин пулҳо вуҷуд дошт. Аммо сардии равобит аз замоне оғоз шуд, ки Эрон хостори бозгашти сармояҳои Бобаки Занҷонӣ аз Тоҷикистон шуд. Чун ин пулҳо ба Эрон бозгардонда нашуд ва талош шуд, то бар пояи ҳамин муносибатҳо хароб шавад ва тавре масоили дигарро пеш бикашанд, ки Эрон натавонад масъалаи пулро талаб кунад.
Аз ҳамин ҷиҳат шурӯъ карданд ба гуфтани матолиби мухталиф, ки масалан, шумо дар ҷанги дохилии мо дахолат кардед, фалон одамҳоро киштед ва мавориде аз ин даст. Инҳо танҳо барномаҳои дурӯғе буданд, ки мехостанд афкори умумиро аз мушкили асосӣ (2 миллиард доллар ва балки бештар) мунҳариф созанд.
Омили дигар ҳам ин буд, ки кишварҳои мухолифи Эрон бо дидани ин фазо, вориди ин бозӣ шуданд ва аз давлати Тоҷикистон ҳимоят карданд. Аммо бояд дубора ишора кунам, ки ин тирагиҳо танҳо миёни давлатҳо аст ва байни мардум нест. Ман бовар дорам, ки «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност» ва мардум дубора роҳи худро пайдо мекунанд. Нодида гирифтани Эрон дар сиёсат ва рӯзгори мо, ғайримумкин аст ва ҷудо кардани он низ як хатои бузург.
Тасним: Бо оғози сардии равобити Эрон ва Тоҷикистон шоҳиди он будем, ки равобити Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳод. Таҳлили шумо аз ин мавзӯъ чист? Коршиканиҳои Арабистон чӣ нақше дар ин замина дошт?
Гадоев: Бале, дахолатҳои Арабистони Саудӣ дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон имрӯз ғайриқобили инкор аст. Фактҳо ва далелҳои зиёди дигаре ҳам вуҷуд дорад. Имрӯз Арабистон аз тариқи сафираш иқдомоти зиёдеро сурат медиҳад.
Мо иттилоъ дорем, ки сафири саудӣ, оқои Албодӣ, бо хабарнигорон, адибон, афроди бонуфуз дар ҷомеа ва чеҳраҳои сиёсӣ нишасту бархостҳое дорад ва аз тариқи пардохти маблағҳое ба онҳо, ин фазои зидди эрониро месозад. Ё равиши дигаре, ки дар ин бора вуҷуд дорад, аз тариқи сафари ҳаҷ аст. Мо мебинем, ки ҳатто бархе афродро пас аз дидор бо сафири саудӣ, барои маросими ҳаҷ бо хонаводааш ба Арабистон мефиристанд ва ҳимоят мекунанд аз онҳо барои ба ҷо овардани ҳаҷҷи умра. Ҳаминҳоро низ оҳиста-оҳиста мутақоъид мекунанд, ки мақолоте алайҳи Эрон бинависанд.
Ҳамин боис шуда то кам-кам бо нуфуз дар маҷаллот, расонаҳо ва рӯзномаҳо ҷомеаи Тоҷикистонро то ҳудуде ҳамсӯи бо худ кунанд. Ё дар масоили дигар мебинем дар ҳоле, ки ҳеҷ кишваре ҳозир ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон нест, Арабистони Саудӣ меояд ва 51 дарсади саҳоми банки Тоҷик содиротро мехарад. Банке, ки мутаъаллиқ ба яке аз наздикони раисиҷумҳур аст.
Инҳо сармоягузориҳое барои сиёсатҳои зидди эронӣ дар Тоҷикистон аст, ки манофеи он барои як хонавода аммо зарарҳои он барои мардум аст. Ҳамчунин мо иттилоъ дорем, ки ин сиёсатҳо дар дидорҳои сафири Арабистон бо бархе мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва амниятии тоҷик ҳатто ба сурати моҳона дар қолабҳое ҳамчун шикор ва ғайра вуҷуд дорад ва ин барномаҳо дар ин дидорҳо тарроҳӣ мешаванд.
Ман бовар дорам сиёсатҳои Арабистон аз асос ғалат аст ва роҳ ба ҷое намебарад. Фикр мекунам мардум ҳам бар ҳамин ақида бошанд, чаро ки медонанд Арабистон ҳеч вақт дилаш барои ин миллат намесӯзад, ба хотири ин ки аз решаи мо нестанд. Аз мо бегонаанд, аммо мутаассифона, нодида гирифтани решаҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик тавассути бархе, ки имрӯз рӯи кор ҳастанд, боис шуда чунин фазое пеш биёяд ва ин ҳаргиз ба нафъи мардуми Тоҷикистон нест.
Тасним: Яке аз масоиле, ки ахиран аз сӯи расонаҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои гуногун ҳамчун Академия илмҳо баён шуд ва ҳатто тавассути худи оқои Раҳмон ҳам мавриди таъкид қарор гирифт, баҳси ташайюъ ва шиъа шудани аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин мавзӯъ барои бисёре аз таҳлилгарон аҷиб буд, ки чаро чунин масъалаҳое аз сӯи давлати секуляри Тоҷикистон матраҳ шудааст, ки гӯӣ шиъа будан ва шиъа шудан ҷурми бузурге аст. Аҷибтар он ки инро ба Ҳизби наҳзати исломӣ нисбат додаанд, ки як ҳизби тамоман суннимазҳаб ва ҳанафӣ аст. Таҳлили шумо дар ин бора чист?
Гадоев: Ман фикр мекунам дар ҳамин ҷо ҷаноби Раҳмон муртакиби ҷурм шудаанд ва агар дар Тоҷикистон қонуне вуҷуд медошт, бояд эшонро водор ба посухгӯӣ мекард. Ба мӯҷиби моддаи 187 қонуни Тоҷикистон, барои ин амал муҷозот таъйин шудааст. Чун дар Тоҷикистон ҳамаи адён озод ҳастанд ва касе ҳақ надорад бигӯяд шумо аз кадом дин ҳастед ва чӣ мазҳаберо пайравӣ мекунед. Илова бар ин, дар Тоҷикистон мо шиъамазҳабҳои исмоилия дорем. Ғайр аз ин ҳам чанд гурӯҳи дигар аз бародарони шиъа ҳам вуҷуд доранд дар Тоҷикистон ва ин ки ба касе тӯҳмат зада шавад, ки шумо шиъа ҳастед ва ин гуна алайҳи онҳо чунин матолибе баён шавад, аслан дуруст нест.
Мо медонем дар Тоҷикистон беш аз 95 дарсади мардум суннимазҳаб ҳастанд ва тамоми аъзои худи Ҳизби наҳзат ҳам суннимазҳаб ҳастанд. Фикр мекунам дар ин замина ғаразварзиҳои шахсӣ ва манофеи дигаре вуҷуд дорад. Илова бар ин, иддае мехоҳанд аз тариқи эҷоди ихтилофоти мазҳабӣ, фазоро мултаҳиб кунанд.
Тасним: Ба назари шумо, бо дар назар гирифтани ин таҳаввулот роҳи чора чист? Чӣ тавр метавон муносиботи давлатҳоро дубора ба ҳолати собиқи худ бозгардонд?
Гадоев: Фикр мекунам барои ин кор замон лозим аст. Барои тағйири назари давлат мебоист сабр кард, то мардум иқдомоте сурат диҳанд. Мардум бояд алайҳи сиёсатҳое, ки ба зарари манофеъашон аст иқдоме карда ва мутолиба кунанд. Ин ҳам ниёзманди як раванди тадриҷӣ ва гузари замон аст. Мо медонем ҳанӯз ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон шакл нагирифта ва ҳамин эътирозот ва сару садоҳое ҳам, ки шунида мешавад, аз сӯи мухолифине аст, ки хориҷ аз кишвар пароканда шудаанд. Мо умедворем дар оянда ин ҷомеаи маданиро барқарор созем, ки сиёсатҳои дигари кишварҳо дигар аз тариқи Тоҷикистон пиёдасозӣ нашавад.
Имрӯз тақрибан метавонем бигӯем, ки 99 дарсади мардуми Тоҷикистон хоҳони равобити хуб бо кишвари исломии Эрон ҳастанд. Ба хусус мо, ки масоили иқтисодиро пайгирӣ мекунем, манофеи иқтисодии зиёде дар равобит бо Эрон ҳатто дар ҳамин рӯзгор мебинем. Тоҷикистон метавонад аз тариқи Эрон масоили иқтисодии худро ҳал кунад. Бархе имконоти санъатӣ, ки дар Эрон аст, дар дунё ҷузъи санойеи пешрафта ба ҳисоб меояд.
Давлат бояд роҳ кушояд то дар Тоҷикистон битавонем аз маҳсулоти Эрон истифода кунем. Ҳамчунин корхонаҳои муштарак таъсис шаванд ва метавонем маҳсулоти онро ба кишварҳои ҳамсоя ҳамчун Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир кунем. Фикр мекунем бар асоси дӯстӣ ва бо истифода аз имконоти иқтисодии Эрон истифода карда ва ҳам мушкили иқтисодии Тоҷикистон ҳал шавад ва ҳам Эрон аз ин муносибатҳо суд мебарад, аммо афроде бар сари қудратанд, ки инро намехоҳанд. Бо мутолибаи мардум ин масъала дуруст мешавад.
Тасним: Дар поён агар нуктаи дигаре ҳаст, ки изофа кунед.
Гадоев: Мардуми Эрон набояд аз мардуми Тоҷикистон дар ин масоил малол дошта бошанд, чун ин сиёсат сиёсати худи мардуми Тоҷикистон нест. Умедворем дубора равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар сохта шавад ва мо ҳамеша хостори дӯстии ду кишвар буда ва қадрдони решаҳои таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар ҳастем.
Мо медонем Эрон дар ҷанги шаҳрвандӣ бештарин кӯмакро ба мардуми Тоҷикистон кардааст. Давлати Эрон барои Тоҷикистон роҳ сохта ва барои сохтани нерӯгоҳҳои мо пул додааст. Дар давраҳои сахти иқтисодӣ низ ба мо кӯмак кардааст. Умедворем мардуми Эрон инро бидонанд ва дар расонаҳои Эрон бештар ба мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ шавад.
Tasnimnews