Сиёсат

Назари коршиносон дар бораи мавзеъгирии ҳукумати Тоҷикистон дар баробари фоҷеаи Данғара

Ба гузориши сайти Паём, ҳаракати тундрави “Давлати исломӣ” бо як изҳороти худ масъулияти амалиёти террористии ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро ба дӯш гирифт. Аммо, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон карданд, ки ин ҳамла аз ҷониби пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сар задааст.

Оё ҳизбе мисли ҲНИТ, ки ҳамеша кӯшиш мекунад аз худ як ҳизби мӯътадил ва мардумсолор дарак диҳад, ба худ ин ҳақро медиҳад, ки ба амалиёти даҳшатафкан даст занад?

“Паём” дар ин бора назари коршиносонро пурсид, ки пешкаши хонандагон мегардад.

Равшан Темуриён, рӯзноманигори муқими Канада, таҳлилгари умури сиёсӣ:

Нахустин вокуниш ба ҳодисаи гӯшношуданӣ дар торихи миллат ва давлатдории Тоҷикистон – ба ҳалокат расондани меҳмонон: гурӯҳи гардишгарони хориҷӣ аз тарафи манобеъи расонаҳои гурӯҳии омрикоӣ бо такя аз наворҳои пойгоҳи иттилоотии “Аъмоқ” вобаста ба созмони ДОИШ ва сарчашмаҳои истихборотии хеш буд. Дар доираҳои истихборотӣ маълум аст, ки манбаъҳои омрикоӣ, бритонӣ ва исроилӣ дар дохили гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ, хосса, ДОИШ фаъоланд. Нахустин сабаб, ин буд, ки дар натиҷаи ин амали ғайриинсонӣ ва бераҳмона, ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ду сайёҳи дигар аз Ҳулонд ва Суис кушта шуданд.

Табиист, ки аввалин хабарро расонаҳои омрикоӣ — ширкатҳои телевизионии Си Би Си ва Эй Би Си, ки ба ҳар ду ҷиноҳи сиёсии давлати Омрико наздиканд, бо такя ба ду навори мувассақ, ки яке ду дақиқаина ва дигаре 40 сония буданд, нашр намуданд.
Баъдан, тибқи дастурамали давлатдории Иёлоти Муттаҳида дар ин ҳолат, давлат то охирин имконот барои дарёфти “ҳақиқат”-и ҳамла ба шаҳравандонашро ба роҳ мемонад. 16 идораи давлатии Иёлоти Муттаҳида бо истихборот сару кор дорад, ки миёни онҳо ожонси мустақили машҳури Си Ай Эй (CIA), Ди Ай Эй (DIA) вобаста ба Вазорати дифоъ, Эн Си Эй (NSA) марбут ба Вазорати дифоъ, Оу Эн Си Ай (ONCI) вобаста ба вазорати адлия, Ай Эн Ар (INR) мутаалиқ ба Департамони давлатӣ ва чандин дигар созмонҳои давлатӣ ва ҳамчунин ғайридавлатӣ мебошанд.
Тасаввур намоед, ки ин 16 нерӯмандтарин созмони истихборотии як кишвари абарқудрати ҷаҳон, ки ду шаҳрвандаш, маъзарат, мисли гӯсфанд дар Тоҷикистон забҳ шуд, кӯру кар ҳастанд ва ба изҳороти “сенсатсионӣ”-и аз истихбороти созмонҳои омрикоӣ ва ғарбӣ фарсахҳо дури вазири умури дохилаи Тоҷикистон бовар мекунанд? Are you sure?
Маъзарат, ин давлат Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дорад, он чаро хомӯш аст? Департамони истихбороти Вазорати дифоъи Тоҷикистон чаро аз худ садое намебарорад? Бахши кашфу таҳлилии Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурӣ дар баробари ин ҳодисаи шармандаовар чӣ назар дорад?
Агар фарзияи Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ, ки ба ин ҳодисаи хунин тарафдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гӯиё даст доранд,  сиҳҳат мебуд, наход Идораи Марказии Истихбороти Иёлоти (Си Ай Эй) Муттаҳидаи Омрико аз ин бехабар мемонд? Наход як давлати абарқудрати ҷаҳон метавонад аз паи шойеъоти машкуки тасдиқнашаванда биравад ва худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шармсор намояд?
Ҳол он ки раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун меросбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни Тоҷикистон ва Созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар ин ду соли охир дар чаҳорчӯби ҳамоишҳои байналмилалӣ ва даъватҳои расмӣ бо аксари намояндагони баландпояи расмии давлатҳои ғарбӣ дидору гуфтушунидҳо дошт.  Давлатҳои ғарбӣ медонанд, ки тибқи Созишномаи сулҳи Тоҷикистон ҷузъу томмҳои ИНОТ ва аз ҷумла, ҲНИТ кайҳост, имконоти низомии худро ба ҳукумати Тоҷикистон, ки ин созиши сарнавиштсозро яктарафа нақз намудааст, таслим кардааст. Зеро онҳо низ мисли дигар аҳзобу созмонҳои ИНОТ ба Созиши сулҳи кишвар имон оварда буданд.
Нуктаи дигар ин аст, тавре, ки як таҳлилгари умури зидди теруризм дар Конодо изҳор дошт, давлатҳои ғарбӣ медонанд, насли ҷадиди наҳзатиён аз он насли пешини давраи ҷанги дохилии Тоҷикистон фарқ мекунанд ва дар шароити кунунӣ бо потенсиали имрӯзиаш тарафдорони ҲНИТ қодир нестанд чунин як амалиётро тарҳрезӣ ва пиёда намоянд. Ин манбаъи конодоӣ изҳор дошт, ки дар давлати демократии Конодо, агар узви ҳукумат бо чунин изҳори иттиҳомоти бидуни далели воқеъии рӯшани собитшуда ва бидуни мантиқ, ки як давлат ва раҳбарияти онро дар баробари ҷомеаи байналмилалӣ ва рӯҳи қурбониёни ин ҳодиса шармсор намояд, ҳатман аз вазифааш истеъфо медиҳад.

Луқмон Бойматов, муҳаққиқ, таърихшинос:

Посух додан ба ин суол сахт аст. Чун равишҳое, ки ДОИШ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мекунанд, ба дурустӣ маълум нест. Иттилоъоти дар бораи усулҳои амалкарди ДОИШ воқеан андак аст. Он чи коршиносон медонанд, фақат натоиҷи кори онҳост. Вале шакк нест, кишварҳои ОМ дар нақшаашон ҳаст. Ҳодисае, ки дар Тоҷикистон рух дод, тибқи назари амрикоиҳо натиҷаи кори ДОИШ аст. Амрикоиҳо медонистанд, ки ДОИШ билохира аз Осиёи Миёна низ сар дармеоварад, вале фикрашро намекарданд, ки ба ҳамин зудӣ ва аз Тоҷикистон. Ин ки ҲНИТ айбдор мешавад, ман шакк дорам.

Виталий Арков, сармутахассиси шабакаи таҳлилии PolitRUS:

Бори аввал нест, ки  пешгӯиҳои ғайри қобили эътимод ва бидуни таҳқиқро аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон  мешунавем. Аз ин рӯ намешавад ба ин пешгӯии навбатии мақомоти Тоҷикистон бовар кард, ки амалиёти террористиро гӯё пайравони ҲНИТ ба иҷро расонидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон, хусусан худи Эмомалӣ Раҳмон хоҳиши қабули ба душ гирифтани амалиёти террористӣ аз ҷониби ДОИШ-ро надорад. Чун, агар мақомоти Тоҷикистон эълом кунад, ки дар ҳақиқат амалиёти терористии ҳамла ба сайёҳонро ДОИШ ба иҷро расонидааст, обрӯи мақомот латма мехурад. Вақте ДОИШ дар Тоҷикистон озодона амалиёт анҷом медиҳад ва дар ин ҳол мақомот тавони таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандону меҳмонони худро надорад, албатта коршоямии ҳукумат  зери суол меравад. Хулоса, ҳам ин мешавад, ки ҳукумат тавони муқовимат ва мубориза дар баробари терроризмро надорад.

Бинобар ин, мақомоти Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки ҳақиқатро пинҳон намуда, масъулияти амалиёти терористиро мисли ҳарвақта бори души ҲНИТ кунад. Роҳбарияти Тоҷикистон бо ин хулосагирӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, то шаҳрвандон ва ҷомеъаи байналмилалиро бовар кунонад, ки  дар ҳақиқат рақиби қудратманди сиёсиаш — ҲНИТ, як ҳизби хашин аст. Аммо ман ба ин андешаам, ки кӯшиши мақомоти Тоҷикистон дар ин ҷода, беҳуда аст.

Абдураҳмон Назарзода, коршиноси умури низомӣ:

Аз лаҳзаҳои аввалини ин ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон, ман хулосаи худро навишта будам. Ин амали нангинро на ДОИШ кардаасту на ҲНИТ. Ин тӯҳматпарокании нанговар иштибоҳи бузурги сиёсӣ ва низомӣ аст. Чуноне, ки маълумоти дақиқ ҳаст, чанде аз он ҷавонон аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба тозагӣ ба кишвар баргашта буданд. Дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки фазои нобоварӣ нисбати ҳам ҳукмфармост, ин ҷавонон дар як муддати кӯтоҳ ба ҳам бовар карда, сарҷамъ шуданашон ва ҳукуматро ғофилгир намуданашон ба воқеъият наздик нест. Ба назари ман инҷо метавонад танҳо як фарзия вуҷуд дошта бошад ва он ҳам мазҳакаи навбатии номуваффақи режими ҳукмрони Тоҷикистон.

Аз захмҳои куҳнаи ҷасадҳо ва асари латукуби чандрӯзи пеш дар симои дастгиршуда, дақиқан фаҳмида мешавад, ки ин ҷавонони бечора, баъди иҷрои мазҳака бераҳмона ба ҳалокат расидаанд.

Ҳукумат мехост бо ин амалиёт диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намояд ва осебпазирии худ аз таҳдидҳои терроризму экстремизм дар минтақаро ба намоиш гузорад.

Агар мақомоти Тоҷикистон ба ин мазҳакаи худ ҷаҳониёнро бовар кунонида метавонист, аз ду ҷиҳат бурд мекард. Якум инки маблағи  бе дарди миён ҷамъ мекард ва дувум ин ки латма ба обрӯи рақиби сиёсии худ мезад. Ин албатта аз рӯи тасаввуру фаҳмиши мақомоти Тоҷикистон. Аммо дар асл кайҳост, ки мақомоти Тоҷикистон тавони дарки воқеъиятро надорад ва бехабар аз ин ҳастанд, ки кишварҳои мутараққӣ вобаста ба шинохти экстремизм ва тероризм садҳо институтҳои тадқиқотӣ доранд, ки ба зудӣ таҳқиқ мекунанд.

Аз ин рӯ мутаассифона, бо ҳамин тасаввуроти ақибмонда, мақомоти Тоҷикистон ба амалҳои оқибаташ нанговар даст мезананд ва онҳоро ҳеҷ кас бовар намекунад.

Банда, бевосита иштирокчии амалиётҳои зидди террористӣ будаму ҳастам. Ҳукумати Тоҷикистон,то ҳол бо террористони воқеъӣ садама нахурдааст ва хаёлан онҳоро меҷӯяд. Худо кунад, ки дар кишвари азизамон ҳамеша тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад!

Надежда Атаева,  роҳбари Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ»:

Ба андешаи ман, изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳамлаи терористӣ ба сайёҳон дар Данғара ба ҷуз як ҳангомаи сиёсӣ чизи дигаре нест. Ба хотири он ки;

  1. Аён аст, ки ҳамлагарон ба сайёҳон бо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳеҷ алоқамандие надоштанд ва эътирофҳои боздоштшудагон бегумон дар натиҷаи шиканҷа ба миён омадааст.
  2. Муносибати ҲНИТ ва ИГИЛ низ собит нашудааст ва ин танҳо бофтаи мақомоти Тоҷикистон аст

Савол ба миён меояд: «Чаро»?

Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро ташкилоти террористӣ эълон кард ва акнун мехоҳад ин айбдоркунӣ бояд асоснок бошад. Чун таҷриба нишон медиҳад, мақсади асосии мақомот инаст, ки ба бофтаҳои худ ҷомеаро бовар кунонад.

Мувофиқи мушоҳидаҳои мо, Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон, сарфи назар аз фишору тазйиқҳои давомдори мақомот болои аъзои ин ҳизб ва тарафдоронаш, дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он нуфузи худро ҳифз кардааст.

Дар натиҷаи фишори оммавӣ, бисёре аз аъзо ва тарафдорони ин ҳизб аз ҷумла роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ маҷбур шуданд, ки ба хориҷа паноҳанда шаванд. Аммо ғайричашмдошти мақомоти Тоҷикистон аъзои ҲНИТ дар муҳоҷират бо рӯ ба рӯ шудан ба шароити нав, бо тамоми масъулият ва огоҳӣ аз худ қобилияти ҳамоҳангсозии ҷомеаи демократиро нишон медиҳанд. Маълум аст, ки ин ҳолат ҳукумати Тоҷикистонро ба ғазаб меоварад  ва кӯшиш мекунад, ки ин ҳизбро бо тамоми воситаҳо хашин нишон диҳанд.

Паём

Рубрики:Сиёсат, Таҳлил

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s