
Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми худро баргузор кард, ки ба масоили сохторӣ бахшида шуда буд. Тибқи қарори Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон аз 09.09.2018, Раиси ПМТ лоиҳаи сохтори иҷроияи ПМТ ва номзадҳои мавриди назарро барои баррасӣ пешниҳод намуд.
Пас аз баррасӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтор ва номзадҳои пешниҳодшуда, Шӯрои ПМТ сохтори иҷроияи ПМТ-ро дар ҳайати зерин таъйид кард:
1) Алим Шерзамонов (роҳбари иҷроияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — муовини Раиси ПМТ;
2) Равшан Темуриён (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — роҳбари ҳайати машваратии назди Раиси ПМТ;
3) Темур Варқӣ (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — директори департаменти иттилоот ва расонаҳо;
4) Маҳмудҷон Файзраҳмонов (узви Раёсати Олии ҲНИТ) — директори департаменти байналмиллалӣ;
5) Мавҷуда Соҳибназарова (узви Раёсати Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон) — директори департаменти иҷтимоиёт ва фарҳанг;
6) Илҳомҷон Ёқубов (Раиси Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо) — директори департаменти муҳоҷират;
7) Шарофиддин Гадоев (ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон) — директори департаменти иқтисод;
8) Ҷамшед Ёров (ҳамраиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик) — директори департаменти ҳуқуқ.
Қарор шуд, ки дар наздиктарин фурсат масъулини таъйиншуда сохторҳои зертобеъи худро аз лиҳози ташкилӣ ва кадрӣ пурра намоянд.
Инчунин дар ин ҷаласа, натиҷаҳои аввалияи конфронси САҲА дар Варшава ва мулоқотҳо бо ҳайатҳои дипломатии ҳузурдошта дар ин конфронс таҳлил шуд. Ширкати фаъоли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар нишасти имсола ва мулоқотҳои сершумор бо ҳайатҳои гуногуни дипломатӣ, қадами муҳимме барои таҳкими робитаҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ баҳогузорӣ карда шуд.
Департаменти иттилоот ва расонаҳои ПМТ
24.09.2018